Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Боздид аз ҷараёни корҳо дар нақби обрави агрегатҳои №1 ва 2-и обқабулкунаки доимӣ дар Неругоҳи барқии обии Роғун

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обрасони №1 ва 2-и Неругоҳи барқии обии Роғун шинос шуданд. Корҳои нақбканӣ ва устуворсозии обрасонҳо дар ҳоли анҷомёбӣ буда, сементрезии мустаҳкамкунанда ҷараён дорад. Барои насби оҳанфилизот ва бетонхобонии дохили обрасонҳо лулаҳои филизӣ, ки қутрашон 7 метрро дар бар мегирад, омода карда мешаванд. То ин вақт дар қисмати поёнии обрасони агрегати №4 бо дарозии 64 метр ва дар қисмати поёнии обрасони агрегати №3 бошад бо дарозии 16,2 метр лулаҳои филизӣ насб карда шудаанд. Имрӯз коргарону мутахассисони Неругоҳи барқии обии Роғун бо дарки аҳаммияти ин иншооти энергетикии кишвар барои ояндаи дурахшон дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолият намуда, бо неруи созанда ҳамарӯза ба натиҷаҳои баланд ноил мешаванд. Ҳолати воқеии корҳои сохтмонӣ нишон медиҳад, ки бунёдгарони ин иншооти тақдирсози миллат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ заҳмат кашида, ҳадаф якдилона барои ҳарчи зуд ба анҷом расонидани сохтмон равона карда шудааст. Нақбҳои обрасон, ки дар маҷмуъ 6 адад мебошанд, аз иншооти асосии таҳти фишори баланд қарордошта дар неругоҳ ба ҳисоб мераванд. Яъне тавассути ҳамин нақбҳо об то чархаҳои неругоҳ интиқол меёбад. Бо назардошти ҳамин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳаи энергетикаи кишвар ва коргарону мутахассисонро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ босифат ба иҷро расонидани сохтмон вазифадор намуданд. Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд. 26.08.2025 шаҳри Роғун

Президент, Хабарҳо

Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқии обии Роғун нахуст бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти гидроэнергетикӣ шинос шуданд. Сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун баландтарин сарбанди хокию сангӣ дар ҷаҳон буда, сатҳи болоии он дар баландии 1300 метр ва сатҳи поёнии он бошад дар баландии 965 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Сарбанди неругоҳ аз якчанд қисм ба монанди призмаи такядевори болоӣ, призмаи такядевори поёнӣ, борсанги призмаҳо, филтрҳои минтақаи гузариш ва ядрои сарбанд иборат аст. Ядрои сарбанд қисми асосии сарбанди хокию сангӣ маҳсуб ёфта, аз маводи гилхоки сангрезадори қобилияти обгузаронияш хеле паст дар маркази сарбанд барои нагузаронидани  об сохта мешавад. Дар  минтақаи сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун  кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми пуриқтидор сафарбар карда мешаванд. Дар ин қитъаи сохтмонӣ дар баробари муҳандисону бинокорон геодезистон ва кӯҳнавардон низ шабонарӯзӣ фаъолият карда, барои бехатар гардонидани қитъаҳои сохтмонӣ бо симбандии ёнаҳои кӯҳ машғуланд. Зимни сафари кории қаблиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқии обии Роғун дастур дода буданд, ки ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ядро бо истифода аз техникаву технологияҳои замонавӣ суръат бахшида шуда, масъулон дар моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбандро таъмин намоянд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин муддат хобонидани шағал дар призмаҳои такядевори болоӣ ва поёнии сарбанд  ва мувофиқи технология қабат ба қабат хобонидани маводи гилхоку филтрҳо дар ядрои сарбанд то сатҳи 1105 метр аз сатҳи баҳр иҷро гардидааст.  Яъне дар муддати як сол сарбанд 70 метр баланд бардошта шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи сарбанди неругоҳ давоми соли 2025 дар ҳаҷми 12,7 миллион метри мукааб ва дар маҷмуъ 33,7 миллион метри мукааб ҷинсҳои куҳӣ, шағал, гилхоки сангрезадор ва филтрҳои минтақаи гузариш хобонида шудааст, ки он 42,6 фоизи ҳаҷми лоиҳавиро ташкил медиҳад. Кормандони муҳандисию техникии неругоҳ дар ин майдони нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат, иродаи қавӣ, заҳмати шабонарӯзӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, рӯзи таърихии ба итмом расидани сохтмони ин иншооти асрро наздик менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба хотири мустаҳкаму устувор намудани сарбанди ин иншооти бузургтарини гидроэнергетикӣ  сифати корҳои сохтмонӣ дар мадди аввал гузошта шуда, корҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд. Чунки Неругоҳи барқии обии Роғун аз лиҳози экологӣ тоза эътироф гардида, ин иншооти стратегӣ аз ҷиҳати экологӣ, техникӣ ва бехатарӣ яке аз беҳтарин неругоҳҳои барқии обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Вақт ҳамчун довари ҳақиқӣ собит менамояд, ки иқдоми қатъӣ, устуворона ва азму иродаи ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳарчи зудтар бунёд намудани Неругоҳи барқии обии Роғун барои зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон чӣ нақшу қиммате доштааст. Зеро танҳо дар натиҷаи бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун соҳаҳои иқтисоди миллӣ рушди бесобиқа менамоянд ва сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон ба куллӣ дигаргун мегардад. Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд. 26.08.2025 шаҳри Роғун

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани хатти оби нушокии шаҳри Роғун

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун хатти оби нушокиро ба истифода доданд. Ин лоиҳа дар идомаи ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастрасии сокинон ба оби тозаи ошомиданӣ татбиқ шудааст. Хатти оби нушокӣ аз деҳоти Фақирободи ноҳияи Файзобод тавассути қубурҳои гуногунҳаҷм оварда шуда, имкон медиҳад, ки 38 ҳазор сокини шаҳр ва 17 ҳазор корманди НБО Роғун бе танафус ба оби тоза дастрасӣ дошта бошанд. Маврид ба зикр аст, ки истифодаи тӯлонӣ ва бетаъмир давоми солҳои охир ҳолати қубурҳои обгузар дар шаҳри Роғунро хароб карда, сокинон аз норасоии ин манбаи асосии ҳаёт азият доштанд. Аз ин лиҳоз, дар асоси супориши Ҳукумати кишвар вобаста ба таъмини сокинон бо оби тоза лоиҳаи барқарорсозӣ ва зиёд намудани тавоноии шабакаи обтаъминкунии шаҳр татбиқ карда шуд. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК ТГЭМ иҷро карда шуд. Дарозии қубурҳои обгузар 19 ҳазору 925 метрро ташкил намуда, тавассути он оби чашмаҳо ба шабакаи обтаъминкунии шаҳри Роғун расонида мешавад. 26.08.2025 шаҳри Роғун

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани роҳи аз гардиши Роғун – Нуробод то маркази шаҳри Роғун

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи таъмиру навсозишуда аз гардиши Роғун – Оби гарм то маркази шаҳри Роғунро ба истифода доданд. Ин масир 11 км буда, дар доираи корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтори зарурӣ дар шаҳри Роғун мумфарш карда шудааст ва ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёту иртиботи шаҳр бо дигар минтақаҳоро беҳтар менамояд. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Роҳҳо омили асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ буда, ба таъмини зиндагии шоистаи мардум замина мегузоранд.  Бунёд ва навсозии роҳҳо дар шаҳри Роғун низ дар заминаи ҳамин сиёсати созандаи Роҳбари давлат амалӣ карда мешаванд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти ин масирро ба рушди корҳои сохтмонӣ дар бузургтарин иншооти аср – Неругоҳи барқии обии Роғун низ муассир арзёбӣ намуданд. Чун ҳамарӯза ба иншоот садҳо тонна маводи сохтмонӣ, таҷҳизот ва техника интиқол меёбад, ки ин талабот танҳо дар сурати мавҷуд будани роҳҳои ҳамвору муосир иҷро мегардад. Дар ин баробар роҳҳои нав барои таъмини ҳаракати озоди коргарон, муҳандисон ва мутахассисон шароит фароҳам меоранд, ки ин метавонад аз ҷумлаи омилҳои суръатбахш дар раванди кор бошад. 26.08.2025 ноҳияи Нуробод

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани роҳи байналмилалии Роғун-Обигарм-Нуробод ва се нақби он

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид аз ноҳияи Нуробод ба фаъолияти муҳимтарин иншоот дар водии Рашт – роҳи Оби гарм – Нуробод оғоз бахшиданд. Лоиҳа дар идомаи таваҷҷуҳи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳсозии шароити рӯзгори мардум иҷро шуда, Тоҷикистонро ба татбиқи ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик мекунад. Ин масир пойтахтро бо марказҳои маъмурии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст намуда, равобит дар ҳама самтҳо, аз ҷумла гардиши савдо байни Тоҷикистону Қирғизистон ва транзити минтақавиро густариш медбахшад. Ҳаракат дар масири қаблӣ ба самти ноҳияҳои водии Рашт ронандагону мусофиронро дар бештари ҳолат рў ба рўи ҳаводиси нохуш менамуд. Фаслҳои баҳору зимистон дар ин ҷодаҳои кӯҳӣ ва фосилаи наздик ба нишебиҳои тулонӣ резиши сангу кӯҳпора, яхбандӣ, лағжиши замин ва дигар ҳолатҳои пурхатар шиддат меёфт. Вазъи мураккаби роҳ ба рушди соҳаи иқтисоду иҷтимоиёт низ дар ин ноҳияҳо монеаҳои ҷиддӣ мегузошт. Ташаббус ва иқдоми наҷиби роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёди роҳи ҷавобгў ба талаботи байналмилалӣ ба ҳалли ин мушкил мусоидат намуд. Дарозии роҳ 75 км буда, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил мешавад ва паҳноии стандартии он 12 метр аст. Бо ҳадафи бартараф намудани монеаҳои табиӣ дар доираи лоиҳа се нақби мошингузар сохта шудааст. Нақби «35 – солагии Истиқлолият» дар Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ бо дарозии 2605 метр, нақби «Ваҳдат» дар маҳаллаи Луғур бо дарозии 1700 метр ва нақби «Ориёно» дар мавзеи дараи Ҳавз бо дарозии 1600 метр масофаи роҳро 24 км. кутоҳ намуда, масрафи сӯзишворӣ ва талафоти вақтро коҳиш медиҳад. Ин се иншооти муҳташами роҳу нақлиёт бо хатти алоқа ва шабакаҳои рушноидиҳӣ ва поксозии ҳаво пайваст буда, аз лиҳози сифат ва иншооту инфрасохтори зарурӣ ҷавобгўи меъёру талаботи роҳсозии байналмилалӣ мебошанд. Барои пешгирӣ аз хатари ҳодисаҳои табиӣ ба ҳаёту саломатии ронандагону мусофирон дар мавзеъҳои селомади маҳаллаҳои Қандак, Луғур, Себнок, деҳоти Ҳакимӣ ва Муҷихарф, деҳаҳои Себак, Тухтор ва дигар минтақаҳои ҳудуди шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод 14 пули мошингузар сохта шудааст. Дарозии пулҳо наздик ба 1150 метр буда, интиқоли молу маҳсулот ва рафтуои мардумро бидуни танаффус таъмин мекунанд. Сохтмони такядеворҳои оҳану бетонӣ, насби қубурҳои обпарто ва мустаҳкамкунии нишебиҳои ноустувор истифодаи тӯлонии роҳро таъмин намуда, нуқтаҳои истироҳат бо ниҳолу дарахтони ороишӣ ба ин ҷодаи хуштарҳу нав зиннат мебахшад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи бинокорон, ки дар бунёди роҳи Оби гарм – Нуробод саҳм гузоштаанд, сипосу миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки иншоот дар рушди тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди минтақаҳо ва дар маҷмуъ ба беҳбудии сифати зиндагии мардум нақши муасир мегузорад. 26.08.2025 ноҳияи Нуробод

Президент, Хабарҳо

Истиқболи меҳмони олиқадр дар ноҳияи Нуробод ва муаррифии лоиҳаи сохтмони пули мошингузар

26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт пас аз ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт дар ноҳияи Нуробод идома ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз истиқболи самимии роҳбарият ва сокинони ноҳия нахуст бо лоиҳаи пули мошингузар шинос шуданд. Иншоот аз лиҳози тарҳу услуб бузургтарин пули мошингузар дар миқсёи ҷумҳурӣ буда, бо дарозии 920 метр ва паҳноии 15 метр сохта мешавад. Лоиҳа давоми 2 соли оянда татбиқ шуда, иҷрои он натанҳо воситаи ба ҳам пайвастани ду соҳили дарёи Сурхоб, балки аз лиҳози замина гузоштан ба истифодаи васеи имкониятҳои саноативу сайёҳӣ дар ташаккули иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ташаббус ва иқдоми навбатии роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёди бузургтарин пули мошингузар дар водии Рашт дар амалӣ гаштани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ қадами устувор аст. Бунёди пули мазкур дар заминаи татбиқи марҳилаи сеюми Лоиҳаи роҳи Оби гарм – Нуробод ҷавобгӯ бо талаботи байналмилалии роҳсозӣ сурат мегирад. Барои асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва омӯзиши намунаи  сохтмони пули мошингузар, муҳандисони ватанӣ ва  ҷаҳонӣ ҷалб шудаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳандисону роҳсозонро барои иҷрои саривақтии корҳо, истифодаи масолеҳи сохтмонии баландсифат ва саҳм гузоштан дар табдили Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ дастуру тавсияҳо дода, барои сохтмони бузургтарин пули мошингузар санги асос гузоштанд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 75 километр роҳҳои маҳаллии мумфаршшудаи деҳоти шаҳри Роғун ва ноҳияи Нурободро фосилавӣ ба истифода доданд. Ин роҳҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи масири Оби гарм – Нуробод таъмиру навсозӣ шуда, ҷамоатҳои Муҷихарф, Меҳробод, Сафедчашма ва Оби меҳнати ноҳияи Нуробод ва ҷамоати Обигарми шаҳри Роғунро ба шоҳроҳи асосӣ мепайванданд. Ҳолати хуби ин ҷодаҳо ба беҳшавии шароити зиндагии наздик ба 100 ҳазор сокини деҳоти шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод  замина мегузорад. Чун, дастрасӣ ба таҳсилот, хизматрасониҳои тиббӣ ва таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои пойтахт аз ҷумлаи масъалаҳое маҳсуб меёбанд, ки бо вазъи хуби роҳҳо вобастагии амиқ доранд. Ин тадбир, ки дар заминаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба некуаҳволии мардум амалӣ гардид, хушҳолӣ ва сарафрозии сокинони ин деҳотро афзун намуд. Дар асоси дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин лоиҳа то моҳи ноябри соли 2027 бояд пурра татбиқ карда шавад. Пули мошингузар дар оянда натанҳо воситаи ба ҳам пайвастани ду соҳили обанбори Роғун дар маҷрои рӯди Сурхоб, балки аз лиҳози замина гузоштан ба истифодаи васеи имкониятҳои саноативу сайёҳӣ дар ташаккули иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. 26.08.2025 ноҳияи Нуробод

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рашт

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбунёди деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти томактабии “Зарангак”-ро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ дар заминаи бунёди маҳаллаи нави истиқоматӣ барои сокинони аз заминларза зарардида сохта шуда, дар он асосан фарзандони ин маҳал ба зинаи аввали таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бинои нави соҳаи маориф бо тарҳи муосир ва мувофиқи завқи кӯдакон сохта шудааст. Он барои фаро гирифтани 50 тарбиягиранда пешбинӣ гардидааст. Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз марҳилаҳои муҳимтарини рушди инсон ба ҳисоб рафта, на танҳо барои омодасозии кӯдак ба мактаб, балки барои ташаккули малакаҳои иҷтимоию фикрӣ ва омӯхтани одоби муошират ниҳоят муҳим аст. Дар ин давра кӯдак қобилияти баланди омӯзиш дошта, муҳити тарбиявӣ метавонад ба рушди ӯ таъсири амиқ расонад. Аз ин рӯ, таҳсилоти босифати томактабӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоиву маърифатии давлат мебошад. Бинои муассисаи таҳсилоти томактабии “Зарангак” дорои ду ҳуҷраи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Саҳни муассиса низ бо майдончаи бозиҳои гуногуни варзишӣ муҷаҳҳаз шуда, барои рушди ҷисмонии кӯдакон ва гузаштани раванди машғулиятҳо мусоидат мекунад. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлол ба таҳсилоти томактабӣ аҳаммияти хоса дода, бо сиёсати устувор дар тамоми минтақаҳои кишвар шароити мусоид фароҳам меоварад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд, ки аз марказ то деҳоти дурдасти кишвар ҳамаи ҷойҳои аҳолинишини бояд бо боғчаи кӯдакон таъмин бошад, то ҳеҷ кӯдак аз ин имконият бенасиб нагардад. Бо дар назар доштани ин масъала, Сарвари давлат ба масъулон ва кормандони соҳаи маориф дастур доданд, ки бунёди чунин муассисаҳои таҳсилоти томактабиро дар дигар деҳаҳои дурдаст низ идома дода, барои тарбияи насли ояндасоз дар шароити муносиб ва рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар ноҳияи Тоҷикобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд. Дар фароварди сафари корӣ ба ноҳияи Рашт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳаллаи навбунёд ва фаъолони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом дода, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша барои таълими арзандаи насли наврас, таъмини зиндагии шоиста ва шароити мусоиди кору рӯзгори сокинон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Сокинони ноҳия низ бо изҳори сипосмандӣ таъкид карданд, ки бо масъулият ва садоқати баланд сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, баҳри ободии Ватан, рушди бахшҳои гуногун ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саъю талош мекунанд. 26.08.2025 ноҳияи Рашт

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ ба сокинони аз заминларза зарардидаи ноҳияи Рашт

  26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба водии Рашт аз ноҳияи Тоҷикобод ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи муваққатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро масъулин, сокинон ва намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия гарму самимӣ истиқбол намуданд. Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт аз тақдими манзилҳои истиқоматӣ ба сокинони аз заминларза зарардида дар маҳаллаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак оғоз ёфт. Тавре иттилоъ дода шуд, заминларзаи санаи 13 апрели соли 2025 ба сокинони деҳоти Аскалон ва Ҳиҷборак зарари зиёди моддӣ расонд. Ин офати табиӣ боиси пурра аз байн рафтани 34 манзили истиқоматӣ, қисман зарар дидани 116 хона ва 59 бинову иншооти ёрирасон гардид. Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории фаврӣ таъсис ёфта, корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза, кӯчондани сокинон ба макони бехавф, таъмин кардани онҳо бо манзилҳои муваққатӣ, лавозимоти рӯзгор, маводи ғизоӣ ва бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ ба роҳ монда шуд. Дар муҳлати кӯтоҳ таҳти сиёсати раъиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани сокинони аз заминларза зарардида, дар яке аз мавзеъҳои муносиб ва зебои Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак маҳаллаи нави истиқоматии монанд ба шаҳрак бунёд гардид. Маҳаллаи навбунёд дар масоҳати 4,5 гектар бунёд гардида, аз чор кӯча ва 38 манзили истиқоматӣ иборат мебошад. Манзилҳо дар масоҳати 8 садяк замин бо тарҳи зебову муосир сохта шуда, аз чор ҳуҷраи истиқоматӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборатанд ва бо тамоми лавозимоти рӯзгор таъмин шудаанд. Барои таъмин кардани маҳалла бо инфрасохтори зарурӣ, манзилҳо бо оби тозаи нӯшокӣ ва оби полезӣ барои истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ, хатти барқ, интернети баландсуръат, телефони хонагӣ ва зиёда аз 350 канали дохилию хориҷӣ таъмин буда, масофаи наздик ба ду километр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ мумфарш ва атрофи он сабзкорӣ шудаанд. Ҳамзамон, дар маҳалла муассисаи таҳсилоти томактабӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи машқу тамрин бунёд шудааст. Сокинони аз офати табиӣ зарардида, ки имрӯз бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ гардиданд, муҳаббату самимияти хоси худро ба Сарвари давлат баён карданд. Зимни суҳбат иброз гардид, ки сокини маҳаллаи навбунёд Раҳмон Қулонов фаъолияти 40 солаи омӯзгорӣ дошта, чор фарзанди худро низ соҳиби касби омӯзгорӣ кардааст ва онҳо имрӯз дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои фаъолияти бисёрсолаи омӯзгорӣ ва дар ин ҷома тарбияву ба воя расонидани фарзандон ба Раҳмон Қулонов изҳори сипос намуданд. Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор. Чунонки маълум шуд, ин байти шеърӣ мисли шиор дар дилу майнаи аҳли ин хонавода маскан гирифтааст. Зимни тақдими манзилҳои нави истиқоматӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи меъмории биноҳо, сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардидаи зист баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки таъмини рӯзгори осоиштаи шаҳрвандон дар авлавияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ноҳияи Рашт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд. 26.08.2025 ноҳияи Рашт

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани манзилҳои нави истиқоматӣ дар ноҳияи Тоҷикобод

26 август Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шинсоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ анҷом доданд. Сафари кории Роҳбари давлат аз ноҳияи Тоҷикобод оғоз ёфт. Дар деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои нави истиқоматии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи заминларза зарар дида буданд, мавриди истифода қарор дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо бо кӯмаку дастгириҳои Пешвои ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои зарардида қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, 14 манзили истиқоматии чорҳуҷрадор барои оилаҳои манзилашон пурра вайроншуда ва 22 хонаи дуҳуҷрадор барои оилаҳои қисман зарардида, дар маҷмуъ 36 хонаи истиқоматии муҷаҳҳаз бо ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурӣ сохта шудааст. Хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳи нав ва истифодаи маҳсулоти босифати сохтмонӣ бунёд шуда, дорои ҳуҷраҳои хоб, меҳмонхона, ошхона, ҳаммом ва дигар шароити зарурӣ мебошанд. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии рӯзи 13 апрели соли 2025 дар 13 деҳаи ноҳияи Тоҷикиобод 471 иншоот зарар дида буданд. Аз ҷумла 33 хонаи истиқоматӣ пурра ва 164 манзили истиқоматӣ қисман, 3 муассисаи таълимӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи минтақавӣ ва дигар иншооти ёрирасон осеб дида буд. Ҳаҷми умумии хисорот наздики 8 миллион сомониро ташкил дод. Аз лаҳзаҳои аввали ба қайд гирифтани офати табиӣ дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор Комиссияи доимамалкунанда таъсис дода шуда, дар навбати аввал барои дастрас намудани маҳсулоти сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод  расонда шуд. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва саҳми вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлати 4 моҳ дар деҳоти Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ барои 197 оила манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло деҳаи навбунёд бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла оби нушокӣ, роҳ, барқ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ таъмин мебошад. Барои дастрасии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ аз масофаи 11 километр хати оби нӯшокӣ оварда шуда, 2500 метр роҳи дохили деҳа пурра мумфарш ва кӯчаҳои он чароғон шудаанд. Аз сабаби дар мавзеъҳои осебпазир ҷойгир будани қисми зиёди деҳаҳои ҳудуди ноҳия, Сарвари давлат ба масъулон дастур доданд, ки минбаъд манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ бо риояи қоидаҳои меъмориву сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти босифат бунёд шаванд, ки ба офатҳои табиӣ тобовар бошанд. Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар бо лоиҳаҳои иншооти нав, ки ояндаи наздик дар ҳамин мавзеъ сохта мешавад, шинос шуданд. Мувофиқи нақша бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар деҳаи навбунёди Лангари Шоҳ муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 600 хонанда дар ду баст, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 100 кӯдак ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд мегардад. Президенти кишвар пас аз шиносоӣ бо шароити манзилҳои нави истиқоматӣ ва суҳбати самимӣ бо сокинон ҳамзамон 5 иншооти нав, аз ҷумла биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 дар деҳаи Сафедмун, бунгоҳи тиббӣ, хатти оби нӯшокӣ барои 557 хоҷагӣ, Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бинои иловагии Маркази инкишофи кӯдаконро тариқи маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар ноҳияи Тоҷикобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд. 26.08.2025 ноҳияи Тоҷикобод

Президент, Хабарҳо

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

25 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд. Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба ифтихори 34-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик намуданд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “истиқлоли давлатӣ ва озодии миллии мо муқаддастарин неъмат ва азизтарин сарвати зиндагӣ барои ҳар як фарди ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва расидан ба рӯзи босаодат, яъне ноил шудан ба истиқлолу озодӣ гардиши тақдирсоз дар таърихи миллати мо буд”. Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати содиқонаи мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, табибон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, кормандони дипломатӣ, коргарону бинокорон ва кишоварзонро, ки барои рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, махсус таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки роҳбарияти давлат ҳар як иқдому ташаббуси созанда ва заҳмати содиқонаи шаҳрвандонро қадр мекунад ва барои дастоварду хизматҳои шоён подоши мувофиқро дареғ намедорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки  дар пешрафту ободии кишварамон, саҳми соҳибкорону сармоягузорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша низ басо арзишманд мебошад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба соҳибкороне, ки соҳиби мукофотҳои давлатӣ гардиданд ва ба ҳамаи шахсони саховатпешаи кишвар изҳори сипос намуда, ба онҳо барору муваффақият хостанд. Баъди суханронии Сарвари давлат маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид. Дар маросим барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ наздики 200 нафар аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ саҳми аҳли илму адаб ва фарҳанги кишвар, аз ҷумла ҳунармандони театр ва синаморо таъкид намуданд. Натиҷаи ҳамин қадршиносиҳо буд, ки имрӯз 4 ҳунарманд, аз ҷумла Турахон Аҳмадхонов ва Ғуломзода Исфандиёр бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва рӯзноманигори шинохта Латофат Кенҷаева бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд. Дар маросими мукофотсупорӣ 23 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 кас бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 5 кас бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 3 нафар бо ордени Дӯстӣ, 1 кас бо ордени Шараф дараҷаи I, 11 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 107 кас бо медали Хизмати шоиста ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз  гардонда шуданд. Бояд гуфт, ки Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои беҳсозии шароити кор ва сатҳи зиндагии кормандони соҳаҳои зикршуда то имрӯз ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Таъсис додани Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дар таҳрири нав қабул намудани Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом медиҳанд, аз ҷумлаи иқдомоти навбатии Ҳукумати кишвар мебошад. Ин навбат дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2025 сарфароз гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳсозии сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ барои ҳавасманд гардонидани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис доданд ва ҳар сол 15 омӯзгору олими беҳтарин бо ин мукофот сарфароз гардонида мешаванд. Ин аст, ки дар маросими имрӯзаи мукофотсупорӣ бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2025 15 кас соҳиби ин ҷоиза шуданд. Мақсад аз сарфарозгардонӣ бо ҷоизаҳои зикршуда дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандгардонии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти босамари эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили усули таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён нигаронида шудааст. Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи онҳоеро, ки аз ҷониби роҳбари давлат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ неруву тавоноии зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони кишвар равона месозанд. 25.08.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх