Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Корея нақши муколамаи фаъоли байнипарлумониро бисёр муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин зимн фаъол намудани кори Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҳамчун абзори мусоидаткунанда зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин, фаъолияти платформаи Нишасти раисони парлумонҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро дар татбиқи ташаббусҳое, ки ба рушди муштараки мо ва таъмини суботи минтақавӣ равона шудаанд, муҳим арзёбӣ мекунад. Ҷонибҳо аз сатҳу ҳолати кунунии робитаҳои сиёсӣ бо Ҷумҳурии Корея изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ба вусъати ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Изҳори итминон карда шуд, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Корея, ки 16 сентябр дар шаҳри Сеул баргузор гардид, барои густариши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими ҳамкории иқтисодии ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Гуфта шуд, ки мусоидати парлумонҳо дар такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти бахши хусусӣ аҳаммияти калон дорад. Масъалаҳои муҳимми ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, ичнунин робитаи кишварҳо дар чорчуби созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо дар Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT)

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT) маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар қароргоҳи федератсия меҳмони олиқадр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок самимона истиқбол гирифтанд. Қабл аз оғози чорабинӣ ба меҳмони олимақом – Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати муҳорибаи таэквондо намоиш дода шуд. Сипас, Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок қарори Шӯроро оид ба тақдими Дараҷаи фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд. Дар маросими тантанавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардида, либоси махсус пӯшонида шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсия барои қадршиносӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки таэквондо дар баробари як намуди машҳури варзиши олимпӣ буданаш, дар ҷавҳари худ фалсафаи ҳаёти солим ва иртиботи маънавию фарҳангии инсонҳоро таҷассум мекунад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо дар рушди минбаъдаи Федератсия ва ҳадафҳои наҷиби он хоҳони комёбиҳои рӯзафзун шуданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Корея ва сарфарозгардонӣ бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонда шуданд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд. “Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин, арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам”, – изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Таъкид гардид, ки илму маърифат, адабиёт ва саъю талош ба сӯйи дониш тайи ҳазорсолаҳо таҳкурсии ташаккули тамаддуни бостонии миллати тоҷикро ташкил додааст. Маҳз ба  шарофати ҳамин мардуми тоҷик ба ҷаҳониён мутафаккирони барҷастаеро эҳдо кардааст, ки осори онҳо дар тӯли асрҳои зиёд таконбахши пешрафти илму фарҳанги ҳам Шарқу ҳам Ғарб гардидааст. Гуфта шуд, ки ниёгони мо бо мероси адабиву фалсафӣ ва кашфиёти илмии худ дар самти илмҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ, нуҷум, табиатшиносӣ, тиб, кимиё, ҷуғрофиё, зироату обёрӣ ва меъморӣ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули шароити мусоиди илмиву таълимӣ дар кишвар андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар заминаи тадбирҳои дар ин самт амалишуда дар 35 соли истиқлол теъдоди мактабҳои олӣ дар кишвари мо аз 13 то ба 51 ва шумораи донишҷӯён дар онҳо аз ҳафтод ҳазор  то ба 230 ҳазор нафар расидааст. Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки мо ҳамеша барои ҷавонон  ҷиҳати таҳсилу касбомӯзӣ дар хориҷи кишвар шароиту имконоти зарурӣ муҳайё месозем. Ҳоло зиёда аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари дунё, ба шумули Ҷумҳурии Корея машғули омӯхтани илму дониш ва касбҳои муосир мебошанд. “Мо ҳавасманди идомаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Корея ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари шумо, ҳамчунин, таҳкиму густариши табодули академӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таҳқиқотӣ ҳастем”, – иброз доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба марҳалаҳои асосии рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва раванди густариши робитаҳои дӯстиву ҳамкории судманди кишвари мо бо Ҷумҳурии Корея андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки кишварҳои моро анъанаҳои неки ҳамёрӣ, ки бар пояи усулҳои хайрхоҳӣ ба якдигар, ҳусни тафоҳум, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод бунёд ёфтаанд, ба ҳам мепайванданд. Соли оянда мо 35-солагии барқарории робитаҳои дипломатии кишварҳоямонро ҷашн мегирем. Дар ин зимн, нақши Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOIKA) дар тақвияту тавсеаи пайгиронаи равандҳои ҷории шарикии кишварҳоямон таъкид гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва тандурустиро аз масъалаҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номиданд. Таъкид гардид, ки мо ба тавсеаи ҳамкориҳоямон бо кишвари шумо дар соҳаи   таҳсилоти олӣ ва табодули академӣ аҳаммияти хос медиҳем. Зикр карда шуд, ки ҷониби Кореяи дӯст ҳамасола барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои худ бурсияҳои таълимӣ ва грантҳо ҷудо мекунад. Ҳоло дар  Ҷумҳурии Корея аз кишвари мо беш аз 350 нафар донишҷӯ, аз ҷумла дар Донишгоҳи Корея, таҳсил менамояд ва шумораи хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвари дӯст сол ба сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Таъсиси  марказҳои омӯзиши забони кореягӣ дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон ва роҳандозии робитаҳои мустақими ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар аз дастовардҳои муҳимми солҳои охир дар ин самт арзёбӣ гардид. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо дар соҳаҳои илму маориф барои тарбияи насли нави мутахассисони дар шароити муосир рақобатпазир пояҳои устувор мегузорад. Дар саҳни Донишгоҳи Корея Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гуруҳ ҷавонони хуштолеъи даврони истиқлол, ки дар донишгоҳҳои Корея таҳсили илм доранд, суҳбати самимӣ доир намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба истифодаи самараноки имконияти илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва риояи одобу интизоми баланд ҳидоят намуданд.

Президент, Хабарҳо

Суханронӣ дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея

Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Корея, ҷаноби  ЛИ ҶЕ МЁН, Муҳтарам сарони давлатҳо, Муҳтарам намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, Дӯстони гиромӣ, Ҳамоиши имрӯза барои муайян кардани роҳҳои татбиқи ҳадафҳои нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” заминаи мусоидро фароҳам месозад. Шиори Ҳамоиши мо – «Ҳамкорӣ ва шарикии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баҳри пешбурди инноватсия, шукуфоӣ ва пайвастагӣ» далели он аст, ки ояндаи устуворро метавон танҳо тавассути ҳамкории судманд ва эҷоди фазои эҳтирому боварӣ таъмин намуд. Боиси қаноатмандист, ки қолаби  “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ҳоло ба майдони муҳими ҳамкорӣ табдил ёфтааст ва ҳадафҳои он ҷавобгӯи барномаҳои рушди миллӣ ва манфиатҳои мардумони кишварҳои мо мебошанд. Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш, Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Дар бист соли охир суръати  солонаи рушди иқтисоди миллии кишвари мо ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,8 фоиз таъмин гардидааст. Тайи солҳои охир мо барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ислоҳоти фарогирро амалӣ намудем. Танҳо соли гузашта ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз панҷ миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз ҳафт миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди татбиқ қарор доранд. Қонунгузории мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст. Узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (ВТО) далели мутобиқати қонунҳои мо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин ҷода мебошад. Тоҷикистон дорои зарфиятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла маъданҳои нодир ва муҳим,  имкониятҳои назарраси сайёҳӣ ва нерӯи кории ҷавон мебошад. Бо дарназардошти зарфиятҳо ва имкониятҳои кишвари мо мехостам якчанд самти муҳимро барои ҳамкориҳои минбаъда пешниҳод намоям: 1. Энергияи “сабз”: Кишвари мо имрӯз, ба рушди энергияи барқароршаванда, бахусус обӣ, офтобӣ ва бодӣ афзалият медиҳад. Иқтидори гидроэнергетикии кишвар тақрибан 527 миллиард киловатт-соатро дар як сол ташкил медиҳад, ки аз он ҳоло фақат шаш фоизаш истифода мешавад. 2. Истихроҷ ва коркарди маъданҳои стратегӣ: Тоҷикистон дорои захираҳои 10 намуди маъданҳои ниҳоят муҳим (критикӣ) ва нодир буда, дар ҳудуди кишвар дар маҷмӯъ зиёда аз 800 кон ва 70 намуди канданиҳои фоиданок муайян гардидаанд. Кишвари мо захираҳои назарраси сурма, нуқра, волфрам, сурб, руҳ, симоб, мис ва флюорит дорад, дар қаламрави он конҳои литий, ниобий ва тантал кашф гардидаанд. 3. Бахшҳои саноати аграрӣ ва кишоварзӣ: ин соҳаҳо дар ҳамаи кишварҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ аҳаммияти калидӣ доранд. Дар ин самт мо ба таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикии содиротӣ манфиатдорем. 4. Соҳаи нассоҷӣ: таъсиси маҷмааҳои нассоҷӣ барои истеҳсоли маҳсулоти тайёр самти дигари муҳимми сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. 5. Нақлиёт ва иртибототи байниминтақавӣ: Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ алоқаманди дастрасии устувор ба долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва бандарҳои баҳрӣ мебошад. Дар ин замина мо ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои заминӣ ва оҳан пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоем. 6. Сайёҳӣ: Кишвари мо ба туфайли зарфиятҳои табиӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии худ барои рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ, солимгардонӣ ва дигар самтҳои он имкониятҳои фаровон дорад. Дар марҳалаи кунунӣ талошҳои мо дар ин ҷода асосан ба рушди зерсохтори  соҳа равона гардидаанд. 7. Бахши бонкдорӣ ва молия: Ба мақсади рушди иқтисодӣ мо алоқамандии худро барои ҳамкорӣ дар бахшҳои молия ва бонкдорӣ иброз менамоем. Дар ин самт тавсеаи ҳамкориҳоро ҷиҳати маблағгузориҳои хурд барои дастгирии бахши хусусӣ муҳим мешуморем. 8. Зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ: Мо ба рушди зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи муҳимми суръатбахшӣ ба рақамикунонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодӣ ва ноил шудан ба рушди устувор таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем. Маҳз ба ҳамин хотир, тайи солҳои охир, бо ташаббуси Тоҷикистон, дар мавзӯи зеҳни сунъӣ се қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милал қабул гардидааст. (Солҳои 2024-2026) Кишвари мо ба мақсади таъсиси “Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ” дар шаҳри Душанбе, ки бар асоси яке аз ин қатъномаҳо пешбинӣ шудааст, ҳамаи заминаҳои мусоидро фароҳам овардааст. Чанде пеш бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милал санаи 31 августро ҳамчун “Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод” эълон кард. Дӯстони гиромӣ! Мо аз иштироки фаъоли кишвари дӯст дар татбиқи лоиҳаҳои марбута дар ҳама соҳаҳои зикргардида истиқбол менамоем. Бовар дорам, ки ин самтҳои ҳамкорӣ мавриди алоқамандии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея қарор хоҳанд гирифт. Дар фарҷом, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати амалисозии мувофиқаҳои дар доираи нишастҳои имрӯза ҳосилшуда, ки дар шакли Баёнияи муштарак қабул мегарданд, иброз медорам. Бори дигар ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии  Корея барои танзими сатҳи баланди ҳамоишҳои таърихии мо дар шаҳри зебои Сеул ва меҳмоннавозии гарм самимона изҳори сипос менамоем. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар нахустин Ҳамоиши сарони давлатҳои қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”

16 сентябр дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар нишаст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Корея ва сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Зимни суханронӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея, барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд. Таъкид шуд, ки вусъатёбии ҳамкории мо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯза аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст. Гуфта шуд, ки Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” тули солҳои сипаригашта тавонист худро ҳамчун василаи самарабахши таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо нишон диҳад. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба сатҳи Нишасти Сарони давлатҳо расидани ин қолабро таҷассумгари талошҳои ҳадафмандона ба сӯи таъмини рушди муштарак ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ба хотири сулҳу суботи пойдор дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон номиданд. Сарвари давлати мо ташаббуси Ҷумҳурии Корея – “Cиёсати нави Шимолӣ”-ро, василаи муҳими таҳкими пайвастагии технологии Осиёи Марказӣ бо иқтисоди пешрафтаи Корея арзёбӣ намуданд. “Дар ҷаҳони зудтағйирёбандае, ки бо таҳдидҳои гуногун мувоҷеҳ аст, ҳифзи сулҳу субот ҳамоно дар авлавият боқӣ мемонад”, – изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)” нишони эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зарурати ҳифзи сулҳу субот ҳамчун арзиши умумибашарӣ номида шуд. “Ҳамзамон, бар он назарем, ки талошҳои муштараки кишварҳои мо ба таҳкими асосҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мусоидат хоҳанд кард”, – иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Баҳри амиқтар кардани ҳамкории иқтисодӣ ва эҷоди занҷираҳои устувори таъминот миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея изҳори ҳавасмандӣ қарда шуд. Зарурати муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимии замони муосир ва ҳалли мушкилиҳои глобалию минтақавӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, камбудии оби тоза, обшавии пиряхҳо, ҳамкории наздиктари кишварҳо таъкид гардид. Дар фарҷоми сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш саҳифаи наверо дар таърихи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея боз хоҳанд кард. Дар фароварди ҳамоиш аз руи натиҷаи кори он Эъломияи Сеул қабул карда шуд. Аз руи натиҷаи чорабиниҳои соҳавии саноат ва зеҳни сунъӣ, ҳамчунин, байни сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷираҳои таъминот миёни панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ва Ташаббуси шарикии ояндаи зеҳни сунъӣ, илм ва технологияи Корея ва Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея хонум Ҳан Сон Сук

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея бо Сарвазири ин кишвар хонум Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот изҳор доштанд, ки мо рушду густариши робитаҳо бо Ҷумҳурии Кореяро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ медонем. Ҷонибҳо рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои гуногунҷанбаро муҳокима карда, барномаҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) дар Тоҷикистон ва рушди ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”-ро муҳим номиданд. Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва бештар фаъол гардонидани кори абзорҳои дуҷониба, бахусус Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд. Бо мақсади тавсеаи робитаҳо, ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба ҳамкории саноатӣ ва сармоягузорӣ таъсис дода шавад. Барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, бонкдорӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисод изҳори алоқамандӣ карда шуд. Гуфтугуйи судманд атрофи тавсеи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон сурат гирифт. Ривоҷ додани ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ва сода гардондани ин раванд низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба рушди ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, ба хусус Созмони Милали Муттаҳид ва атрофи мавзуъҳои алоҳидаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ҷараён гирифт.

Президент, Хабарҳо

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея

  16 сентябр дар шаҳри Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид. Дар мулоқоти сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд. Дар оғози мулоқот Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Корея барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” изҳори сипос намуданд. Тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Корея аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, пайвандҳои таърихӣ, муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва арзишҳои инсондӯстии мардумони ду кишвар таъкид карда шуд. Муколамаи фаъоли сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатӣ омили таконбахши муносибатҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ гардид. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея заминаи муносиби ҳуқуқии робитаҳо фароҳам мебошад. Таъкид гардид, ки дар робитаҳои ду кишвар авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад. Иштироки фаъоли доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва  технологияҳои навини Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  зарур шумурда шуд. Аз баргузории Форуми нахустини маъданҳои муҳимми Тоҷикистону Корея дар шаҳри Сеул дар моҳи август ва муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба бахши коркарди захираҳои маъдании Тоҷикистон истиқбол карда шуд. Иштироки фаъоли ниҳодҳои дахлдор ва сармоягузорони Корея дар амалисозии лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон ба манфиати кор дониста шуда, идомаи татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи “Рушди деҳоти Тоҷикистон”, ки дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея шуруъ аз соли 2021 амалӣ мегардад, муҳим арзёбӣ гардид. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфиятҳои инсонӣ тавассути барномаҳои таълимию академӣ ва ҷудо намудани квотаҳои давлатии таҳсилӣ ба шаҳрвандони мо муҳим донистанд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки теъдоди ин бурсияҳо, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ зиёд гардида, ба тавсеаи робитаҳои миёни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Корея бартарӣ дода шавад. Дастгирии молиявии лоиҳаи сохтмони бинои асосии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”, ҳамкорӣ дар доираи иқдоми муштараки кишварҳо ва ташаббуси ҷониби Корея – “Дурнамои шарикии Осиёи Марказӣ – Корея дар самти зеҳни сунъӣ, илм ва технология” ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар бахши сайёҳӣ, бахусус дар самти рушди инфрасохтори соҳа, аз мавзуҳои муҳими мулоқоту музокироти сатҳи олӣ буд. Зимни мулоқот ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ дар самти   мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, татбиқи барномаҳои экологӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ ҳам баррасӣ шуд. Дар ҷараёни музокирот мавзуъҳои алоҳидаи вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон низ муҳокима гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми музокироти сатҳи олӣ аз Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Ли Ҷе Мён даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» вориди шаҳри Сеул шуданд. Дар саҳни фурудгоҳи Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Корея гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф кашида, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.

Президент, Хабарҳо

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори агентии содирот, сардорони хадамотҳои гумрук ва назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Хабарҳо

Дарси сиёсӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ

Имрӯз дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ иштирок ва дар мавзуи “Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои бунёдӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. ​Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Прокрутить вверх