Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон

Муҳокимаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Узбекистон сипас дар нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт. Гуфтушунидҳои расмии ду ҷониб бо суханони табрикӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки барои ҳарду кишвари ҳамсоя арзиши волои таърихию фарҳангӣ дорад, оғоз ёфт. Зимни нишасти нахустини Шурои олии байнидавлатӣ, ки таъсиси он нишонаи ба сатҳи баланд расидани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ гардид, маҷмуи васеи масоили таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ба 1 миллиард доллар наздик мешавад ва изҳори бовар карда шуд, ки то соли 2030 ин нишондод то ба 2 миллиард доллар расонда мешавад. Зикр гардид, ки ҳоло дар сарзамини Узбекистон 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва дар Тоҷикистон 131 корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон фаъолият доранд. Ин омор нишонаи намоёни густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя номида шуд. Ҳамчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади  шаҳрвандон миёни ду кишвар, аз ҷумла бо мақсади сайёҳӣ, яке аз дастовардҳои муҳими ҷонибҳо дар солҳои охир  арзёбӣ карда шуд. Вобаста ба ин Пешвои миллат  таъкид карданд, ки дар соли 2025 наздики 2 миллиону 800 ҳазор шаҳрванди мо ба Узбекистон ва беш аз 1 миллиону 100 ҳазор шаҳрванди кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон сафар намудаанд. Суръати баланди густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои стратегӣ, чун энергетика, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ таъкид гардид. Аз баргузории бомуваффақияти намоишгоҳи муштараки маҳсулоти соҳавӣ дар шаҳри Тошканд, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон ва анҷумани байниминтақавии соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Ҷизахи Узбекистон, ки дар ҳошияи ин сафар ҷараён доштанд, изҳори қаноат карда шуд. Тақвияти ҳамкорӣ барои истифодаи васеи технологияҳои навин, дастовардҳои навтарини илму техникаи муосир ва ҳамчунин дастгирии олимону ташаббускорони ҷавон зарур дониста шуд. Ба дарёфти роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳам аз мавзӯъҳои муҳими музокирот буд. Дар робита ба ин зарурати ҳамоҳангиҳои муштарак дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ,  ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид карда шуд. Ба ҳамкорӣ дар масоили минтақавию ҷаҳонӣ ҳам таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, авзои атрофи минтақаи моро «мураккаб» номида, иброз доштанд, ки барои вокуниши муассир ба хавфу таҳдидҳои умумӣ талошҳои муштараки минбаъда тақозо мегардад.

Президент, Хабарҳо

Маросими истиқболи расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

26 март дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри “Куксарой” сурат гирифт. Меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд. Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Узбекистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Президент, Хабарҳо

Гулчанбаргузорӣ дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ”-и Ҷумҳурии Узбекистон

26 март дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ” гулчанбар гузоштанд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ҳамроҳӣ намуданд.

Президент, Хабарҳо

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд – Ҳумо

26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканд –  пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд – Ҳумо меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари кишвари мизбон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ фазои идона дошт. Парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, шиору овезаҳои тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбекистон овезон буд. Сафари давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 26-27 март дар шаҳрҳои Тошкант ва Бухоро ҷараён гирифта, дар доираи он мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ, имзои шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузории форуми тиҷоратӣ ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Шоми дӯстӣ ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон дар назар аст.

Президент, Хабарҳо

Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон

Музокироти сатҳи олӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон бо мулоқоти хоссаи сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев оғоз ёфт. Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Сарвари давлати моро бори дигар ба шаҳри Тошканд хайра мақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки боздиди кунунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳким ва густариши шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя такони нав мебахшад. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъват ба Тошканд ва пазироии гарму самимӣ арзи сипос намуда, ба раванди таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Узбекистон дар рӯҳияи  шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баҳои баланд доданд.

Президент, Хабарҳо

Сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон

26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гуруҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ

21 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ – 2026 иштирок намуданд. Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд. Макони баргузории чорабинии наврӯзӣ – Наврӯзгоҳ бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва рамзи хоси Наврӯзи байналмилалӣ идона оро ёфта буд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҷамъомадагони сершумори барномаи фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, иштирокдорони чорабинӣ, кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият буда, рамзи бедоршавии табиат, саршавии соли нав ва зиндагии нав, покиву болидагии рӯҳу андеша ва таҳкиму густариши арзишҳои инсондӯстонаву ахлоқӣ ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнро аз ҷумлаи ойинҳои бисёр деринае маънидод намуданд, ки дар он фалсафаи зиндагӣ, мактаби худшиносӣ ва таърихи фарҳангу тамаддуни ниёгони ориёии мо инъикос ёфтааст. Роҳбари давлат саҳми гузаштагони некноми моро дар ҳифзи ин мероси муқаддас чун сарвати бебаҳои миллӣ назаррас арзёбӣ намуданд. “Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза Наврӯз пули дӯстӣ миёни мардумон, омили сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва намунаи ҳамзистии тамаддунҳо гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намудааст”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бо дарназардошти ҷойгоҳу аҳаммияти ин ойини дерина Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зарурати бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишвари маҳбубамон – шаҳри Душанбе ёдовар шуданд. Ба андешаи Пешвои миллат ин иқдом на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки сармоягузорӣ ба ояндаи фарҳанги миллат мебошад. Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки соли 2025 аз тарафи Кумитаи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО яке аз суннатҳои арзишманди дигари ҷашни Наврӯз – номинатсияи миллии Тоҷикистон бо номи “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси ин созмони бонуфуз ворид гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо вазифадорем суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем, арзишҳояшро омӯзем, густариш диҳем ва онҳоро ба наслҳои оянда бо тамоми зебоиву шукӯҳашон ба мерос гузорем. Ба ҷавонон муроҷиат карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва дигар арзишҳои ҷовидонии миллати худ ҳидоят намуданд. Гуфта шуд, ки имсол Наврӯз дар давраи омодагӣ ба ҷашни муқаддас ва бузурги 35-солагии истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад ва мардуми кишварро зарур аст, то дучанд кор карда, давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта гардонанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди тоҷик бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул, заҳмати софдилона ва иродаи қавӣ нақшаҳои созандаи худро ҳатман амалӣ месозанд, ба ҳадафҳои стратегии миллиамон ноил мегарданд ва Тоҷикистони азизамонро ба кишвари боз ҳам ободу пешрафта ва пойтахти он шаҳри Душанберо ба ойинаи ҳақиқии давлати тоҷикон табдил медиҳанд. Пас аз суханронии табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи идонаи консертӣ оғоз гардид. Бояд гуфт, ки сол то сол бо шарофати дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар саросари кишвар шукуҳи тоза касб мекунад. Дар тадбири фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳунармандон ва ҳаваскорон тавонистанд бо ташкили бахшҳои мухталиф ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд. Ҳунарнамоии овозхонҳои ҷавону соҳибистеъдоди жанри эстрадӣ ва халқӣ, ки бахшҳои тантанаҳои ҷашниро ташкил медод, ба чорабинӣ ҷилои хоса бахшид. Мақсади асосии таҷлили сатҳи баланд ва ҳадафманди Наврӯзи байналмилалӣ ин гиромидошти шоистаи муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва муосири миллати тоҷик мебошад.

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо – хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро ба муносибати фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башар, оғози соли нав, айёми аз сардӣ ба гармӣ баромадан, эҳёи дигарбораи табиат ва тамоми мавҷудоту набототи он мебошад. Мардумони куҳанбунёди ориёитабор ғайр аз Наврӯз ойину ҷашнҳои дигари бостонӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргонро низ таҷлил мекунанд, вале Наврӯз дар миёни онҳо шукӯҳу ҷалоли хосса дорад. Гузаштагони некному хирадманди мо ин ҷашнро бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар тӯли беш аз шаш ҳазор сол ҳифз карда, то замони мо расонидаанд. Ин ҷашни фархунда тайи ҳазорсолаҳо ба мероси гаронбаҳои фарҳанги мардумӣ ва ҷузъи ҷудоинопазири ҳувияту ифтихори миллии мо табдил ёфтааст. Ҳамзамон бо ин, фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ тадриҷан ҳамчун омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо ва қаламравҳои гуногун эътироф гардидааст. Қобили зикр аст, ки ҳарчанд баробаршавии шабу рӯз дар як сол ду маротиба рух медиҳад, аммо Наврӯз ҳамчун падидаи зебои табиӣ эҳёи табиат ва мавҷудоти оламро дар фасли баҳор, яъне нишонаҳои зиндагии навро дар худ таҷассум мекунад. Ба ҳамин сабаб ниёгони хирадманди мо маҳз ҳамин рӯз, яъне эътидоли баҳориро оғози соли нави хуршедӣ қарор додаанд ва онро бо калимаи зебои тоҷикӣ «наврӯз» ном ниҳодаанд. Номи Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо дигар нашудааст ва бо ҳамин номи мантиқиву зебо то замони мо зинда мондааст. Имрӯз мардумони кишварҳои гуногун ҳамдигарро бо забони ширину зебои тоҷикии «Наврӯз муборак!» шодбош мегӯянд. Таърихан тоҷикӣ будани номи Наврӯз гувоҳи равшани он аст, ки ин ойини муборак бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз муҳити зисти ниёгони ориёитабори мо бархостааст. Бинобар ин, мо – ворисони ин ҷашни зеборо зарур аст, ки бо бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ба арзишу суннатҳои он арҷ гузорем, онҳоро ҳифз кунем ва густариш диҳем, зеро ҳифзи ин ҷашн, пеш аз ҳама, посдориву нигоҳдории яке аз шоҳсутунҳои ҳувияту худшиносии миллии мо мебошад. Воқеан, бояд гуфт, ки мо дар кишвари худ ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз – ойини бостонии аз аҷдоди ориёиамон бамеросмонда мебошад. Ва метавон гуфт, ки ин ду падида ду боли парвози мо дар масири таърих ба шумор мераванд. Дар робита ба ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки ҷашни Наврӯзи имсола ҳамчун омили муҳимми худшиносиву худогоҳии мо – тоҷикон аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Чунки соли 2026-ро мо «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон кардаем. Ҳамватанони азиз! Наврӯз на танҳо ҷашни эҳёи табиат ва замони баробаршавии шабу рӯз аст, балки ҷашни марди деҳқон ва оғози мавсими корҳои кишоварзию боғдорӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир, кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки бо замин сарукор доранд, аз ҷумла шахсоне, ки соҳиби заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ мебошанд, бояд аз ҳар як рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд. Мо бояд барои ба даст овардани ҳосили фаровон, яъне зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани бозори истеъмолӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҳарчи бештар саъю кӯшиш намоем. Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки вазъи ҷаҳони муосир рӯз ба рӯз мураккабу ҳассос гардида, дастрасии аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ торафт душвор шуда истодааст. Бинобар ин, мо бояд аз тамоми захираву имкониятҳое, ки дар ихтиёр дорем, аз ҷумла аз ҳар як ваҷаб замин ва об самараноку оқилона истифода намоем. Мо имсол Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон пешвоз мегирем. Эътимоди комил дорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон кору фаъолияти бунёдкориву созандаи худро ба хотири истиқболи сазовори ин ҷашни муқаддаси миллӣ вусъати тоза мебахшанд. Мо бояд ин неъмати муқаддасу бебаҳо, яъне истиқлолу озодиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва шукрона кунем, ки мо – тоҷикон соҳиби давлати соҳибистиқлол ҳастем! Наврӯз ҷашнест, ки бо эҳёву сарсабз гардидани табиат ба хонадони мардуми кишвар суруру шодмонӣ меоварад ва одамонро дар баробари зоҳири ороста ба поксозии ботин ва аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ташвиқу ҳидоят мекунад. Наврӯзи фархундапай, ҳамчунин, талқин мекунад, ки мо ба тозагиву озодагӣ ва ободии гирду атроф, яъне муҳити зисти худ аҳаммияти хосса диҳем. Яъне дар бар кардани либосҳои миллӣ ва хонаву маҳалли зисти худро тозаву озода нигоҳ доштан аз ойинҳои бисёр муҳимми ин ҷашн маҳсуб меёбанд. Аз ин лиҳоз, мардуми мо ба истиқболи Наврӯз хонаву кошонаи худро озодаву ороста мегардонанд, қалбҳои хешро аз кинаву кудурат пок месозанд ва ин ҷашн, яъне саршавии солро бо дили поку нияти нек, бо умеди оромиву осоиш ва файзу баракат таҷлил мекунанд. Ин аст, ки ойину суннатҳо ва маҳфилу базмҳои Наврӯзӣ мардумро сарҷамъу муттаҳид месозанд. Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки мо бояд бо забон, таърих ва фарҳанги бостонии худ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои бою рангоранги миллии худ, аз ҷумла сару либос ва таомҳои миллиамон ифтихор намоем, онҳоро ҳифз кунем ва густариш диҳем. Ҳамватанони азизи мо, ҳамчунин, набояд фаромӯш созанд, ки дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон, хурсанд кардани дили ятимон, хабар гирифтан аз ҳоли падару модарон, бародарону хоҳарон, беморону калонсолон ва дигар амалҳои хайре, ки боиси хушҳоливу болидахотирии инсонҳо мегарданд, яке аз ҷанбаҳои умдаи ҷашни Наврӯз мебошад. Бовар дорам, ки мо бо ваҳдату сарҷамъӣ ва заҳмати аҳлонаи мардумамон ба ҳама ҳадафҳои стратегие, ки дар назди худ гузоштаем, мерасем ва Наврӯзи бостонӣ бо қадамҳои мубораки худ ба ҳар як хонадони мамлакат шодиву хушҳолӣ ва барору комёбӣ меоварад. Дар шароити бисёр ҳассосу пурҳаводиси ҷаҳони имрӯза мо ба шукронаи соҳибватанӣ ва соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ бояд боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ ва босабру таҳаммул бошем, Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллиамон арҷ гузорем. Бо эътимоди комил ба фардои ободи Тоҷикистони маҳбубамон, бори дигар фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба хурду бузурги мардуми кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона шодбош мегӯям. Ба хонадони ҳар як фарди мамлакат саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву саодати рӯзгор ва файзу баракати наврӯзӣ орзу менамоям. Соли нави аҷдодӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Президент, Хабарҳо

Барқияи табрикӣ ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ

9 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: “Валоҳазрат, Ба муносибати интихоби шоистаи Шумо ба мақоми Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳнияти самимии хешро арз менамоям. Бовар дорам, ки таҳти раҳбарии Ҷаноби Олӣ мардуми сарбаланди Эрон бар ҳама мушкилоте, ки имрӯз кишвари ба мо дӯсту бародар мувоҷеҳ шудааст, пирӯз хоҳад шуд. Мо нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуда, бори дигар ҷонибдории хешро аз риояи ҳатмии усул ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид менамоем. Бо табрики муҷаддад, омодагии ин ҷонибро барои таҳкиму тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон ба нафъи ду миллати бародар бо такя ба усули ҳусни эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ изҳор медорам. Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо сиҳҳатмандии комил ва тавфиқи рӯзафзун, ба мардуми бародари Эрон сулҳу субот ва шукуфоии пойдор орзумандам”.

Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФОР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

Модарони гиромиқадр! Хоҳарону бонувони азиз! Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори ободу осуда, бахту иқболи нек ва дар фаъолияти пуршарафатон комёбиҳои тозаро орзу менамоям. Рӯзи модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз ҷашнҳои пурифтихор маҳсуб меёбад, ки дар он, пеш аз ҳама, бузургии Зан-Модар, мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, нақши созандаи ӯ дар тарбияи насли наврас ва саҳмаш дар рушду пешрафти давлату миллат арҷгузорӣ карда мешавад. Ин рӯз таҷассумгари эҳтироми амиқи давлат ва ҷомеа нисбат ба Зан-Модар аст. Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои муқаддас ва азизтарин дар ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Ин рӯз рамзи эҳтиром, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба зан — модар аст, ки бо меҳру муҳаббати бепоён фарзандро ба воя мерасонад, дар қалби ӯ ҳисси инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва накӯкориро мепарварад. Модар сарчашмаи зиндагӣ, чароғи хонадон ва сутуни устувори ҳар як оила мебошад. Модар бо қалби пурмеҳр ва дили саршор аз муҳаббат фарзандро тарбия намуда, ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Бе муболиға метавон гуфт, ки тамоми пешрафту дастовардҳои ҷомеа аз тарбияи дурусти модар оғоз мегирад. Агар модар фарзанди солим, соҳибмаърифат ва ватандӯст тарбия намояд, ҷомеа низ рушд намуда, давлат обод мегардад. Дар фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мақому манзалати зан – модар хеле баланд аст. Бузургони адабиёти мо дар осори гаронбаҳои худ ҳамеша модарро ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, садоқат ва покӣ васф намудаанд. Модар барои фарзанд ҳамеша паноҳгоҳ, маслиҳатгар ва пуштибони боэътимод мебошад. Имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи роҳбарияти давлату ҳукумат мақому манзалати занону модарон дар ҷомеа боз ҳам баланд гардида, барои фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Занони тоҷик имрӯз дар баробари мардон дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ фаъолият намуда, дар рушди давлат саҳми назаррас мегузоранд. Модарону бонувони гиромӣ на танҳо дар тарбияи фарзанд, балки дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим доранд. Маҳз бо меҳру муҳаббат ва ғамхории модарон насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа тарбия меёбад. Модар барои фарзанд нахустин омӯзгор ва мураббӣ мебошад. Аз лаҳзаҳои аввалини зиндагӣ маҳз модар ба фарзанд сухан гуфтан, рафтор кардан ва зиндагӣ карданро меомӯзонад. Ин аст, ки муҳаббати модар дар қалби инсон то охири умр боқӣ мемонад. Бояд зикр намуд, ки дар ҷомеаи мо нақши занону модарон дар рушди иқтисоди миллӣ низ хеле муҳим мебошад. Занони фаъол бо ташаббус, меҳнатдӯстӣ ва масъулияти баланд дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва истеҳсолот саҳми арзанда гузошта истодаанд. Модарону бонувони гиромӣ! Шумо бо меҳру муҳаббати модарона, сабру таҳаммул ва заковати хеш дар тарбияи насли солим ва бунёди ҷомеаи пешрафта нақши бениҳоят муҳим мебозед. Ҳар як дастоварди фарзанд, ҳар як пешрафти ҷомеа пеш аз ҳама самараи заҳмат ва тарбияи модар мебошад. Бигзор дар ҳар хонадон ҳамеша нури меҳри модар фурӯзон бошад, фарзандон сарбаланду комёб гарданд ва зиндагии Шумо пур аз муҳаббат, оромӣ ва саодат бошад. Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ҳамаи Шумо — модарону бонувони азизро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тандурустии комил, умри дарози бобаракат, рӯзгори осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Идатон муборак Модарони азиз!

Прокрутить вверх