Дар пайи ҳаёти ҷовидон

Аз китоби Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз “Маснавии маънавӣ”

Марде ҳаким бо забони рамзу истиора ба дӯстони худ гуфт:- Дар Ҳиндустон дарахтест, ки ҳар кас аз меваи он бихӯрад, на пир мешавад  ва на мемирад.

Ин сухан ба гӯши подшоҳ мерасад ва сахт шефтаи он дарахт мегардад. Аз ин рӯ, қосиде[1] ба сӯи Ҳиндустон мефиристад, то ҳар гуна, киҳаст, он дарахтро биёбад. Қосидсолҳо дар он сарзамин ҷустуҷӯ мекунад ва нишони он дарахтро аз ҳар касе мепурсад, аммо ҳамагон ӯро масхара мекунанд ва мегӯянд, чунин дарахте вуҷуд надорад:

Шаҳр- шаҳр аз баҳри ин матлуб гашт,

Не ҷазира монду не кӯҳу на дашт.

Ҳар киро пурсид, кардашт ришханд,

К-ин кӣ ҷӯяд? Ҷуз магар маҷнуни банд.

Муддатҳо гузашт ва шоҳ мураттаб барои ӯ пул мефиристод, то ба ҷустуҷӯ идома диҳад, аммо ӯ ҳарчи бештар ҷустуҷӯ мекард, камтар ба натиҷа мерасад. Саранҷом, азми бозгашт кард:

Пас саёҳат кард он ҷо солҳо,

Мефиристодаш шаҳаншаҳ молҳо.

Чун басе дид андар он ӯурбат таъаб,[2]

Оҷиз омад охируламр аз талаб.

Кард азми бозгаштан сӯйи шоҳ,

Ашк мебориду мебурид роҳ.

Дар яке аз манозили роҳ фурӯд омад, то каме истироҳат кунад. Ногаҳон бо олиме раббонӣ рӯ ба рӯ шуд. Достони худро барои ӯ бозмегӯяд, то гиреҳ аз кораш бикшояд. Он олим пас аз шунидани суханони ӯ мегӯяд: -Эй содадил, он дарахт дарахте нест, ки дар саҳрову биёбон ва боғу бӯстон бошад, балки мақсуд аз он дарахт дарахти илму маърифати аст.

Шайх хандиду бигуфташ:- Эй салим!

Ин дарахти илм бошад дар Алим,

Бас баланду бас шигарфу бас басит,[3]

Оби ҳайвоне зи дарёи муҳит.

Ин гавҳарро номҳои гуногуне аст, гоҳе ба он дарахт мегӯянд, гоҳе офтоб, гоҳе дарё ва гоҳе абр ва ҳазорон хосият дорад, ки яке аз онҳо умри ҷовидон аст:

Гаҳ дарахташ ном шуд, гоҳ офтоб,

Гоҳ баҳраш ном гашту гаҳ саҳоб.

Он яке, к-аш сад ҳазор осор хост,

Камтарин осори ӯ умри боқист.

Ту аз ин рӯ гумроҳ шудӣ ва ба натиҷа нарасидӣ, ки дар пайи ному сурат рафтӣ ва аз ҳақиқату маънӣ бозмондӣ.

Гарчанде ҳадафи мутафаккир аз ин ривоят дониши динист, чун ӯ дар асри миёна зиндаги карда буд, аз ин ривоят бо назардошти хусусиятҳои рушди имрӯзаи ҷомеа бардошти дурбинона ва оқилона бояд ҳосил намуд. Дар фазои пурталотуми рақобатҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ рӯ ба улуми табиатшиносӣ овардан василаи беҳтарини таъмини умри ҷовидона барои миллат буда, кафили амну осоиш ва хушбахтии воқеӣ барои фарзандони он мебошад.

 

Гирдоваранда: Исоев Н.сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх