Заминаҳои зуҳури ғояҳои ҳаракатҳои ифротӣ дар фазои динии кишварҳои шарқӣ ва воситаҳои мафкуравии муқовимат бо он дар Тоҷикистон. Ҷамоати Ансоруллоҳ

 

Равияи ифротгарои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ё «Ансоруллоҳ» соли 2011 дар Афғонистон аз ҷониби яке аз мухолифони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ( Radio Azattyq (Радиои «Озодӣ», 30.07.2021).  «Ҷамоат» калимаи арабии «جماعة‎» буда, маънои «иттиҳод, ташкилот, иттифоқ»-ро дошта (Х.К.Баранов. Арабско-русский словарь. Москва,1977), мафҳуми «иттиҳоди гурўҳи мусулмонон бо мақсади омўзиши якҷоягии дини ислом, адо намудани воҷиботи динӣ, кумаки якдигар ва мубодилаи афкор»-ро ифода менамояд. «Ҷамоат» теъдоди мухталифи диндорони дар як масҷиди муайян барои адои намоз ҷамъшударо метавонад муттаҳид намояд. Роҳбарияти «Ҷамоат»-ро имоми масҷид ба уҳда дорад. Ибораи «Ансоруллоҳ» (أنصار الله‎ ) низ арабӣ буда, он аз калимаҳои «Ансор» ва «Аллоҳ» иборат аст. Калимаи «Ансор» шакли ҷамъи калимаи «Носир» буда, маънои «ҳаводор, пайрав, тарафдор, ёрдамчӣ…»-ро ифода мекунад (Шарбатов. Арабско- русский словарь. Москва, 1977). Калимаи «Ансор» дар фарҳанги «Ар-роид» чунин шарҳ дода шудааст: «Аҳли Мадина, ки Пайғамбари ислом ва ёрони Вай аз аҳли Маккаро ёрӣ карданд» (Ҷуброн Масъуд. Фарҳанги алифбоиӣ арабӣ –форсии  Ар-роид. Машҳад, 1380 ҳ.қ.)

Аз соли 2006 то 2015 роҳбарии ташкилоти террористии мазкурро зодаи Тоҷикистон – Амриддин Табаров ва аз соли 2015 то ба имрўз роҳбарии онро Муҳаммад Шарипов ба уҳда дорад.

Аз рўзҳои аввали пайдоиши хеш роҳбарони «Ҷамоати Ансоруллоҳ» муносиботи душманонаи хешро нисбати Тоҷикистон оғоз кардаанд. Дар ин маврид муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-уми сентябри соли 2023 дар панҷумин мулоқоти машваратии президентҳои ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ дар ш.Душанбе иброз намуданд: «Солҳои охир мо бо кушишҳои воридшавӣ ва убури ғайриқонунии убури сарҳади давлатӣ, аз ҷониби гурўҳҳои террорристии мухталиф, рў ба рў шудаем.  Чанде пеш ду кўшиши убури марз аз ҷониби силоҳбадастон пешгирӣ гардид. Онҳо мақсади анҷом додани амалиёти террористиро дар пойтахт ва дигар манотиқи кишварро доштанд».

Ниҳоди қудратии масъули ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ҳануз 5 сентябри соли 2023 хабар дода буд, ки 3 нафар аъзои ташкилоти байналхалқии террористӣ шаби 29-ум ба 30-юми моҳи август ғайриқонунӣ хатти марзи байни Тоҷикистону Афғонистонро дар минтақаи ҳамсарҳад бо деҳаи Кеврони самти ноҳияи Дарвоз убур намуданд. 26 апрел бошад, Маркази алоқа бо ҷомеаи КАМ ҶТ аз несту нобудсозии 2 нафар аъзои «Ансоруллоҳ» ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ хабар дода буд.

Ногуфта намонад, ки «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ягона ташкилоти террористиест, ки аъзоёни он аз шаҳрвандони фирории Тоҷикистон иборатанд, ки аз аввалин рўзҳои таъсисёбии хеш зери роҳбарии «Толибон» ҷангидаанд. Ҳаракати «Толибон» баъди ба даст гирифтани зимоми давлатдории дуюмбораи Афғонистон, моҳи августи соли 2021 ба силоҳбадастони «Ансоруллоҳ» масъулияти ҳимояи яке аз минтақаҳои марзи байни Афғонистону Тоҷикистонро супоридаанд.

Каме пештар, моҳи июни соли соли 2021, вақте ки «Толибон» гузаргоҳи назоратии байни Тоҷикистону Афғонистонро дар Бадахшон зери назорат гирифтанд, насби парчами «Толибон»-ро дар ин мавқеъ ба яке аз силоҳбадастони тоҷиктабор Маҳдӣ Арсалон супориш доданд. Маҳдӣ Арсалон ин исми мустаори Муҳаммад Шарипов мебошад. Ў зодаи деҳаи Шербегиёни ноҳияи Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 29 сол дорад. Ҳукумати «Толибон» ба гурўҳи Муҳаммад Шарифов масъулияти назорати 5 ноҳияи Бадахшони Афғонистон (Куфоб, Хвахан, Маймай, Нусай ва Шикай)-ро вогузоштааст. Дар Афғонистон Арсалон ва дигар размандагони тоҷик ҳамчун «толибони тоҷик» маъруфанд. Дар асли ҳол онҳо аъзоёни равияи ифротгарои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» мебошанд. Аъзоёни ин равияи ифротгаро бо сарварии Муҳаммад Шарипов якҷоя бо «толибон» чандин маротиба дар задухўрдҳои сарҳадӣ бо марзбонони тоҷикистонӣ иштирок намудаанд (1.Радио «Озодӣ», Фарангиз Наҷибулло, 30.07.2021, 13:33. 2.Sweet, Julia (2022). “Jamaat Ansarullah (JA) Commander, Mahdi Arsalan, Ready To Invade the Shamsiddin Shokhin District (Shuroabad) in Khatlon region of Tajikistan – 06 October 2021”. TRAC. Retrieved 2023-02-14).

Ногуфта намонад, ки ҳар як фаъолияти ифротгароёнаи аъзоёни равияи мазкур аз масъулони ниҳодҳои қудратии тоҷикистонӣ пўшида нест. Бисёр аъзоёни ин равия дар ҷангҳои дохилии Афғонистон ва ё задухўрдҳо, ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Афғонистон, ба ҳалокат расидаанд ва ё асир гардидаанд. Охирон кўшиши убури марзи Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти террористӣ аз ҷониби гурўҳи сенафараи мусаллаҳонаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ», дар арафаи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ, низ ба бод рафта, роҳбарияти «Толибон», минҷумла сухангўи «Толибон» Забиҳулло Муҷоҳид, аз маълумот доштан ва алоқа доштан бо «Ҷамоати Ансоруллоҳ», дар сафҳои гуруҳҳои ҷангҷуи ифротии Афғонистон иштирок намудани тоҷикистониҳо, инчунин таҳдид накардан ба кишварҳои ҳамсарҳади хеш ва иҷозат надодан ба ҳуҷуми ягон гуруҳи мустақар дар Афғонистон даъво мекунанд, аммо ин ҳама ботил аст. Зеро «Ҷамоати Ансоруллоҳ» бо дигар равияҳои ифротгарою ҷангҷуи Афғонистону Покистон, «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Алқоида», «ДИИШ» ва ғайра алоқаи зич дошта, тамоми фаъолияти хешро зери сарпарастии роҳбарияти «Толибон» анҷом медиҳанд.

Гарчанд роҳбарияти «Толибон» даъво доранд, ки иҷозат намедиҳанд заминҳои Афғонистон барои амалиёти низомии зидди кишварҳои ҳамсоя истифода шавад, вале ҳақиқат ҳол дигар аст.

Гуруҳи ҳарбии «Ансоруллоҳ»-и шиъаҳои зайдӣ (шиъаҳои зайдӣ яке аз шохаҳои муътадили мазҳаби ташайюъ буда, асосгузори он Зайд ибни Алӣ (набераи Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолибдар асри 8-уми милодӣ мебошад. Ин шоха ба асосҳои мазҳаби ҳанафӣ қаробат дорад-Большая советская энциклопедия. Москва, 1978) дар Яман низ фаъолият дорад. Онҳо соли 2004 бар зидди ҳукумати Яман ошуби ҳарбӣ барпо намуда, қисмате аз заминҳои қисмати ҷанубии Яманро зери тасарруфи хеш дароварданд. Онҳо дар инқилоби соли 2011 низ ширкат варзиданд, ки дар натиҷаи он президенти Яман Али Абдулло Солиҳ ба истеъфо рафт ва 4 декабри соли 2017 ба қатл расонида шуд. Соли 2015, баъди ба даст гирифтани пойтахти Яман- Санъо ва ташкили Шўрои инқилобӣ, роҳбари Шўро Муҳаммад Алӣ Алҳусӣ интиҳоб гардид. Аз ин сабаб дар ВАО (васоити  ахбори омма) истилоҳи «яманиҳои ҳусӣ» ва ё «ҳусиҳо» истифода мешавад. (Густерин П. Йемен в переходный период. На пути к миру или распаду? — Саарбрюккен, 2014. — ISBN 978-3-659-28300-0).

 

Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари

 шуъбаи пажўҳиши исломи муосир

 

 

 

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх