Таҷассумёбии арзишҳои миллии ҳуқуқӣ дар баъзе аз принсипҳои асосии қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (бардоште аз китоби тозанашри доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ.
«Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ». Дар 2 китоб. Душанбе: «Эр-граф», 2025)
Боиси хурсандиовар аст, ки аз ҷониби олимони ҳуқуқшиноси ватанӣ ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани ганҷинаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ кӯшишу харҷҳое зиёде сарфа мешаванд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои наздик асари тозанашри устоди гиромии мо, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор зери унвони «Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ» дар 2 китоб аз чоп баромад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки муаллиф дорои қалами ҳамешасабз буда, ҳамасола чандин мақолаю китобҳоро дар мавзуҳои мубрами ҳаёти ҳуқуқии кишвар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқии давлат ва фалсафаи ҳуқуқ, нашр намуда, хонандагонро ҷиҳати андеша намудан оид ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносӣ, таърих ва фалсафа водор намуда, пешниҳоду бинишҳои худро ҷиҳати масъалаҳои гуногун дарҷ мекунанд. Ин аст, ки дар китоби нави худ низ муаллиф вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии давлати миллии демократӣ дар шароити шиддат гирифтани ҷаҳонишавии манфиатҳо, аз ҷумла оид ба масъалаҳои мубрами давлат ҳам аз нигоҳи таърих, ҳам аз нигоҳи фалсафаи ҳуқуқ ва ҳам аз нигоҳи назарияи ҳуқуқ дар қолаби манфиатҳои миллӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ, ақидаҳои дар ҳақиқат ҷолиби илмиро рӯйи қалам овардаанд.
Дар китоби мавриди назар оид ба таносуби масъалаҳои мубрами давлати миллӣ, манфиатҳои миллӣ бо арзишҳои демократию башарӣ фикрҳои ҷолиби илмӣ бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва илми давлатшиносӣ ироа шудаанд. Муаллиф оид ба масъалаҳои мубрами таъсири ҷаҳонишавӣ ба ташаккули манфиатҳои миллӣ, андешаҳои созандаю бунёдии давлати миллии демократӣ, озодӣ ва соҳибихтиёрӣ дар давлати миллӣ ва худшиносии миллӣ, заминаи маънавии ташаккули давлати миллии демократӣ, нақши инсон ва илм дар ташаккули давлати миллӣ, ташаккули зиёии муосир, холигиҳо ва дастовардҳои бунёди давлат ва ҳуқуқи миллӣ дар тамаддуни шарқӣ ва ғарбӣ бо истифода аз сарчашмаҳои гуногун андеша ва назарҳои тоза ва сабақомӯз пешниҳод намудаанд. Эҳсос мешавад, ки мавзуҳои баррасишавандаи китоб натиҷаи ҷамъбасти мобайнии таҳлилу омӯзиши масъалаҳои илмие мебошанд, ки муаллиф дар фаъолияти илмиашон дар самти таърих, назария ва фалсафаи ҳуқуқ ва давлат тайи чанд соли охир таълиф кардаанд, мебошанд. Хотимаи умедбахши китоби дуюм шаҳодат бар он дорад, ки силсилаи таҳқиқоти илмии муаллиф дар самти омӯзиши масъалаҳои давлат ва ҳуқуқи миллӣ идома доранд.
Яке аз масъалаҳое, ки муаллиф дар китоб дарҷ менамоянд, ин саҳми илми ҳуқуқ дар раванди эъмори давлати миллии демократӣ ва таҳкими рушди минбаъдаи он, инчунин вазифаҳои зиёии муосир дар ин равандҳо мебошанд.
Дар ҷараёни ошноӣ бо китоб дарк карда мешавад, ки муаллиф масъалаи бисёр ҳам мубрам – чӣ гуна давлати миллӣ бояд дар ин ҷаҳони пуртаззоду гуногунравиш манфиатҳои миллии худро ҳимоя намояду дар баробари ин дар раванди ҷаҳонишавӣ эҳёи арзишҳои миллии худро боз ҳам рушд намояд, чун мавзӯи асосии баррасӣ қарор додаанд.
Масъалаи мазкур дар ҳақиқат ҳам масъалаи мубрами на танҳо илмҳои сиёсатшиносӣ ва дигар илмҳои ҷомеашиносӣ, балки илмҳои ҳуқуқшиносӣ низ мебошад. Зеро, ноил шудан ба ҳадафҳои давлат маҳз дар замина ва кӯмаки ҳуқуқ ва меъёрҳои он, чӣ низоми ҳуқуқи миллӣ ва чӣ низоми ҳуқуқи байналмилалӣ, сурат гирифта, давлатҳо ҳамеша манфиатҳои миллии хешро рӯйи саҳнаи муносибатҳо мегузоранд. Пас, дар ин равандҳои гуногун, ки аз як тараф давлатҳо рӯй ба ҷаҳонишавӣ ва рушди технология доранду, аз тарафи дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии гуногун эътироф карда шудаанд, чӣ гуна метавон арзишу манфиатҳои миллии худро ҳимоя намуд? Бо ибораи дигар, чӣ гуна метавон ҳам аз рушди ҷомеаи муосир қафо намонду ҳам арзишҳои миллии худ, аз ҷумла арзишҳои миллии ҳуқуқии худро, ки маҳаки асли соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлатиро неру мебахшанд, эҳё, ҳифз ва паҳн намуд? Фикр мекунем, ки ҷиҳати ноил шудан ба мақсади рушди эҳёи арзишҳои миллӣ дар раванди инкишофи ҷомеаи муосир пеш аз ҳама мо бояд арзишҳои миллӣ, аз он ҷумла арзишҳои миллии ҳуқуқии худро ба хубӣ донему дарк намоему онҳоро ҳимоя намоем.
Дар ин ҷо, мо зери арзишҳои миллӣ, инчунин арзишҳои миллии ҳуқуқӣ тамоми он ақидаҳо, ғояҳо ва принсипҳое, ки аз шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» бармеоянд, мефаҳмем. Аз як нуқтаи назар, моҳияти шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» то андозае ба ҳамагон маълум мебошад, аммо ошноӣ ва дарки фалсафаи амиқи он имкон медиҳад, ки онро инчунин ҳамчун принсипи асосӣ ва бунёдии низоми ҳуқуқии муосир эътироф намоем.
Ҳамзамон, бояд дар назар дошт, ки худ таркиби мафҳуми «арзишҳои миллии ҳуқуқӣ» дарбаргирандаи се мафҳумҳои гуногун, аз қабили «арзиш», «миллӣ» ва «ҳуқуқӣ» мебошанд. Дар алоҳидагӣ, ин мафҳумҳо дорои хусусиятҳои худ буда, вобаста аз моҳияти масъала тобишҳои дахлдорро соҳиб мегарданд. Аммо, дар ҳамҷоягӣ вақте сухан дар бораи арзишҳои миллии ҳуқуқӣ меравад, пас дар ин асно сухан дар бораи он ақидаҳо, ғояҳо ва принсипҳое, ки дар тӯли таърих аз ҷониби ин ё он миллат истифода шуда, таҷассуми худро дар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва одатӣ дарёфт намудаанд, бояд равад. Пас, арзишҳои миллии ҳуқуқӣ худ ба сифати он ақидаҳо, ғояҳое ва принсипҳое, ки миллати мушаххас дар тӯли рушди худ соҳиб гардида, такмил ва татбиқ намуда, онҳоро ҳамеша муаррифӣ мекунад, бояд пазируфта шаванд. Дар ин асно, арзишҳои миллии ҳуқуқӣ заминаи меъёрҳои ҳуқуқиро дар худ таҷассум намуда, моҳият ва фалсафаи тамоми унсурҳои низоми ҳуқуқиро бунёдгузорӣ мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки арзишҳои миллии ҳуқуқӣ ва арзишҳои миллии давлат байни худ робитаи ногусастанӣ дошта, вақте сухан дар бораи арзишҳои миллии давлат меравад, ин аз он ҷумла арзишҳое мебошанд, ки ба сифати арзишҳои миллии ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар муқаррароти меъёрҳои гуногуни он (ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам одатӣ) таҷассум ва дарҷ карда мешаванд.
Бо ин назардошт, мехостем оид ба дарҷи моҳияти шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек»-ро аз диди баъзе аз принсипҳои асосии қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 3 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КМ) дарҷ карда шудаанд, баррасӣ намоем.
Умуман, вақте сухан оид ба ҳуқуқи маданӣ дар маҷмуъ ва принсипҳои асосии қонунгузории маданӣ меравад, мо ҳамеша аз он бармеоем, ки ҳуқуқи мадании муосир дар бештари қисми худ дастоварди ҳуқуқи Рими қадим буда, институтҳои асосии ҳуқуқи мадании муосир маҳз аз ҷониби ҳуқуқшиносони Рими қадим коркард шудаанд. Ин, албатта, бешакку шубҳа мебошад, зеро дастовардҳои илми ҳуқуқшиносии Рими қадим, ки худ ҳуқуқи римиро чун «ақли навишташуда» («ratio scripta») меномиданд, дар рушди минбаъдаи ҳуқуқи мадании муосир ва қонунгузории маданӣ заминаи мустаҳкамро гузоштааст. Зеро, асосан ретсепсияи Рими қадим дар асрҳои XII дар донишгоҳҳои Аврупо тариқи омӯзиши китоби ҳуқуқшиноси машҳури Рими қадим Гай бо номи «Институтсияҳо» ва Кодификатсияи Юстиниан («Corpus Juris Civilis») ба роҳ монда шуда, дар ин асно институтҳои ҳуқуқии Рими қадим эҳё карда шуда, ба талаботи ҷомеаи ҳамонвақта бо кӯшишу ғайрати мактаби глоссаторҳо ва баъдиглоссаторҳо (постглоссаторҳо) мутобиқат гардонида шуданд. Дар ин раванд, принсипҳои асосии ҳуқуқи римӣ аз гуфтаи ҳуқуқшиноси дигари машҳури Рими қадим Селс (Цельс) «ҳуқуқ санъати некӣ ва адолат мебошад» («Jus est ars boni et aequi») бармеояд ва фарогирӣ ду ҷанба – некӣ ва адолат мебошанд. Фикр мекунем, ки ин гуфта фалсафаи шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек»-ро то андозае таҷассум карда, бар замми ин дуюмин мазмуни фаррохтар ва густурдатарро доро мебошад.
Дар шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» сухан пеш аз ҳама дар бораи пиндори нек, баъдан гуфтори нек ва сипас рафтори нек меравад. Заминаи гуфтори нек ва рафтори нек ин пиндори нек буда, маҳз ба ҳамин хотир дар зинаи тарбияи комил ва илми педагогика тарбияро аз роҳи маърифат ва омӯзиш дар зинаи тафаккур сар мекунанд. Сипас онро тавассути забон такмил дода, бо амалия васл менамоянд. Дар ҳуқуқ низ мо ин алоқамандии таъсиррасонии тарбиявиро дар меъёрҳои соҳаҳои мухталиф эҳсос мекунем. Масалан, эътирофи (презумпсияи) оқилона, одилона ва бовиҷдодонаи амалҳои иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ (қ.5 м.9 КМ) дарбаргирандаи пиндори нек буда, тибқи ин меъёр қонунгузор ҳамеша аз он бармеояд, ки иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ дар амалҳои худ оқилӣ, одилӣ ва бовиҷдониро пеша мекунанд.
Дарҷ кардан мехоҳем, ки ҳадафи баррасии масъалаи мазкур дар он аст, ки мехоҳем ба хонандаи гиромӣ нишон диҳем, ки меъёрҳои ҳуқуқи муосир, аз ҷумла ҳуқуқи маданӣ ва принсипҳои асосии қонунгузории маданӣ таҷассумгарӣ фалсафаи шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» мебошанд. Ин аст, фикр мекунем, як усули дарёфт ва эҳёи арзишҳои миллии ҳуқуқӣ.
Яке аз принсипҳои асосии қонунгузории маданӣ ин зарурияти бемонеа амалӣ намудани ҳуқуқҳои маданӣ буда, моҳияташ дар он аст, ки амалишавию татбиқи ҳуқуқҳои субъективии маданӣ дар асоси фалсафа ва табиати ҳуқуқии ин ҳуқуқҳо бояд ба роҳ монда шаванд. Зеро, тамоми ҳуқуқҳои субъективии маданӣ маҳз ҷиҳати қонеъ намудани манфиати қонунии соҳибҳуқуқ равона карда шуда, амалӣ намудани ҳуқуқҳои субъективии маданӣ бар зарари субъектони дигар ҳамчун суйистеъмол аз ҳуқуқҳои субъективии маданӣ эътироф карда шуда, ҳимояи онҳо аз ҷониби суд таъмин карда намешавад (м.9 КМ). Пас, дар ин принсип ҳам пиндори нек ва ҳам рафтори нек таҷассуми худро ёфтаанд, зеро ҳуқуқҳои субъективии маданӣ маҳз ҷиҳати амалӣ намудани кирдори нек равона карда шуда, дар ҳолати содир намудани дигар кирдор (рафтори бад) бо истифода аз ин ҳуқуқҳо, пас ин вайрон намудани моҳияти ҳуқуқҳои субъективии маданӣ эътироф мешавад, ки инро қонун иҷозат намедиҳад ва то андозае субъекти содиркардаи чунин рафтори бадро ба оқибатҳои ногувор дар шакли ҳимоя накардани ҳуқуқи субъективии маданӣ руй ба руй мекунад.
Дигар принсипи асосии қонунгузории маданӣ ин озодии шартнома мебошад, ки моҳиятан барои бастани шартномаҳои гуногуни маданӣ-ҳуқуқӣ, ҳам дар қонунгузорӣ пешбинишуда ва ҳам дар қонунгузорӣ пешбининашуда, муқаррар намудани мазмуни онҳо ва дигар муносибатҳои шартномавӣ, инчунин озодона ва бо назардошти манфиатҳои худ мушаххас намудани шартҳои он аз ҷониби тарафҳои шартнома шароит фароҳам меоварад (м.483 КМ). Аммо, ҷиҳати ба таври дахлдор ба роҳ мондани муносибатҳои шартномавии байни тарафҳо, инчунин ҳимояи манфиати субъектони дахлдор, қонунгузор дар раванди амалӣ намудани принсипи озодии шартнома як қатор меъёрҳои императивиро низ муқаррар намудааст, ки ба назар гирифтани онҳо аз ҷониби тарафҳои шартнома ҳатмӣ мебошанд. Аз ин ҷо, аз як нуқтаи назар худи принсипи озодии шартнома бо назардошти рафтори нек муқаррар карда шуда, қонунгузор аз он бармеояд, ки ҳангоми бастани шартнома тарафҳо бо назардошти қонеъ намудани манфиатҳои қонунии худ мазмуни шартномаро муқаррар ва онҳоро иҷро менамоянд. Пас, қонунгузор бо муқаррар намудани принсипи мазкур дар маҷмуъ аз нек будани ҳам пиндору ҳам рафтори тарафҳои шартнома баромада, ҷиҳати пешгирӣ намудан ва роҳ надодан ба ҳолатҳои вайрон шудани ин арзишҳои ҳуқуқӣ меъёрҳои императивиро муқаррар менамояд ва дар ҳолати ба назар нагирифтани ин меъёрҳо, шартномаи ба расмият даровардашуда оқибатҳои беэътибориро ба миён хоҳад овард (моддаҳои 181 ва 182 КМ).
Принсипи дигари асосии қонунгузории маданӣ ин дахлнопазирии моликият мебошад, ки он аз муқарарроти меъёри конститутсионӣ оид ба ҳуқуқи ҳар кас ба моликият (моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) сарчашма мегирад. Қобили зикр аст, ки муқаррароти моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти конститутсионӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба моликиятро дарҷ намуда, аз муқаррароти маданӣ-ҳуқуқии ҳуқуқи моликият васеъ мебошад. Зеро, объектҳои ҳуқуқ ба моликият дар маънои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ (тибқи моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) тамоми молу мулк, аз ҷумла, тамоми ашёҳо, ҳуқуқҳои молу мулкӣ, ки субъект дорад, эътироф шуда, объектҳои ин ҳуқуқ дар маънои маданӣ-ҳуқуқӣ бошанд ашёҳое, ки ба субъект дар ҳуқуқи моликият тааллуқ доранд, баромад менамоянд. Аз ин лиҳоз, принсипи дахлнопазирии моликият чун принсипи қонунгузории маданӣ маҳз дахлнопазирии моликият – ашёро дар бар гирифта, масалан нисбати ҳуқуқҳои молумулкӣ моҳиятан татбиқ шуда наметавонад.
Принсипи мазкур аз як нуқтаи назар танҳо фарогири объекти ҳуқуқ – моликият (ашё) буда, аммо дар ҳақиқат сухан дар бораи ҳуқуқи моликият, яъне дахлнопазирии ҳуқуқи моликият меравад. Зеро, бо вайрон карда шудани дахлнопазирии моликият (ашё), ҳуқуқ ба он поймол карда шуда, ваколатҳои субъект оид ба соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ кардани ашё (м.279 КМ) то андозае халалдор карда мешаванд. Бо ин назардошт, тамоми субъектон уҳдадор карда мешаванд, ки моликияти дигар субъектро халалдор ва вайрон накунанд.
Аз ин бармеояд, ки дар заминаи ин принсип низ фалсафаи шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» таҷассум ёфта, моҳият ва мазмуни ҳам принсипи дарҷгардида ва ҳам табиати ҳуқуқии ҳуқуқи моликият, аз ҷумла уҳдадории дигар субъектон оид ба эҳтиром ва вайрон накардани ҳуқуқи моликияти дигар субъект, тақозо менамояд. Зеро, маҳз амалӣ намудани ҳуқуқи моликият аз ҷониби худи соҳибмулк танҳо ҷиҳати қонеъ намудани манфиати худ ва бе расонидани зарар ба манфиати дигар субъектон, инчунин уҳдадории тамоми дигар субъектон оид ба худдорӣ намудан аз вайрон намудани дахлнопазирии моликияти соҳибҳуқуқ, ки муҳтавои принсипи мазкурро ташкил медиҳад, заминаи асосии худро аз рафтори нек мегирад.
Дар маҷмуъ, маълум мегардад, ки дар принсипҳои асосии дарҷгардидаи қонунгузории маданӣ ва умуман дигар принсипҳои асосии қонунгузории маданӣ моҳият, табиати ҳуқуқӣ ва фалсафаи шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» таҷассум ёфта, тамоми принсипҳои асосии қонунгузории гражданӣ дар шаклу тобишҳои гуногун моҳият ва мазмуни онро таҷассум менамоянд.
Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки агар принсипҳои асосии қонунгузории мадании муосир, ки сарчашмаи худро аз дигар қонунгузории давлатҳои пешрафта ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мегиранд, моҳиятан ва мазмунан шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек»-ро таҷассум намоянд, пас заминаи ин қонунгузориҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ арзиши миллии ҳуқуқӣ – «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» баромад менамояд, ки боиси ифтихор мебошад.
Сулаймонов Фируз
н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ