Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аввалин қонуни миллист. Коркард ва қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин инқилоби фарҳангӣ ва воқеияти иҷтимоӣ мебошад.
Бо қабул гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеши роҳи исрофкорӣ гирифта шуд, вақт ва маъракаҳо ба танзим дароварда шуданд. Инчунин дар ҷомеа сатҳи зоҳирпарастӣ коҳиш ёфта, сарфаю сариштакорӣ ба роҳ монда шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қонуни оддӣ нест. Мақсади қабул кардани қонуни мазкур ин ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қонунест, ки пеши роҳи вазнинии гузаронидани ҷашну маросимҳоро гирифт.
Вазифаҳое, ки дар назди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» истодаанд:
1. Масъалаҳои иқтисодӣ, аз қабили сарфаю сариштакорӣ, кам кардани хароҷоти маъракаҳо;
2. Масъалаҳои иҷтимоӣ, аз қабили маданияти гузаронидани маъракаҳо, қабули меҳмонон;
3. Дигар масъалаҳое, ки дар назди қонун истодаанд.
Ин қонун мутобиқ ба арзишҳои динӣ қабул шуда, баҳри беҳбудии зиндагии мардум равона гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри рушди давлатдорӣ ва ҳифзи таъминоти иҷтимоии аҳолӣ қабул карда шудааст. Моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд дар ҷомеа ба шаҳрвандон боз ҳам фаҳмонда дода шавад.
Қонуни мазкур мавҷудияти анъанаҳоро ба танзим даровард. Омӯхтани таърих, анъана ба хотири беҳбудии зисту зиндагонӣ ва шароити хуби мардум аст. Ҳаждаҳ соли амали қонуни танзим самара дода истодааст.
Пешгирӣ аз ҳама гуна зиёдаравиҳо дар гузаронидани ҷашну маросимҳо, беҳдошти зиндагии мардум мақсаду мароми қонуни танзим мебошад. Дар тарғибу ташвиқи қонуни танзим саҳми воситаҳои ахбори омма, телевизион, радио, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо хеле калон аст.
Бонувон дар риояи талаботҳои қонуни мазкур ҳиссаи хеле калон доранд. Саҳми бонувон дар сарфаю сариштакорӣ хеле зиёд аст.
Ҳамин тариқ, рисолати мо, дар фаҳмонидани қонуни танзим ва қуввату тавониии он ба шаҳрвандон мебошад. Мо, бояд қонуни танзимро пурра дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ пиёда намуда, роҳнамои зиндагии худ қарор диҳем.
Шоев Фируз Маҳмадаминович,
сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон