Чун анъана ҳамасола таҳсил бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Сулҳ як неъмати бебаҳоест барои мардуми тамоми сайёра, хусусан барои мардуми сарбаланди мо тоҷикон, сулҳ арзиши хеле баланд дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд.
Шояд дар зеҳни насли наврас ё ҷавонони имрӯзи мо чунин суоле ояд, ки чаро дарси сулҳ мегӯянд? Ё чунин мепиндоранд, ки мо дар кишваре зиндагӣ дорем, ки сулҳу амон аст ва чаро ҳамасола дарси сулҳ мехонем?
Оиди ин суолҳо чунин гуфтанием, ки албатта имрӯз мо шукрона аз он мекунем, ки мамлакати мо аз чунин як неъмати ҳаётан муҳим “сулҳ” “субот” “оромӣ” “ваҳдат” “ягонагӣ” “ҳамдилӣ”, бархурдор аст. Аммо мо набояд фаромуш кунем, ки ин сулҳу оромӣ бо чи баҳое то ба имрӯз омада расидааст ва имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки дар гирду атроф, умуман дар курраи замин чи ҳодисаҳое, ки рух надода истодааст. Кудаконе, ки дар кишварҳои “ҷаҳони саввум” ва баъзе кишварҳои мубталои ҷангу даргириҳо умр ба сар мебаранд, дарсу таълим як тараф истад, пораи нон ё сарпаноҳе надоранд. Аз ҳамин ҷост, ки насли наврас ва ҷавонони имрӯзаи мо бояд аз гузашта сабақ омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд. Чунки то сулҳу оромӣ набошад на таълим мешавад на тарбият ва рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд.
Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем.
Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад.
Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд.
Чунонки шоири бузург Рӯдакӣ гуфтааст:
Дониш андар дил чароги равшан аст,
В-аз х,ама бад бар мани ту чавшан аст.
Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд ва ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст.
Дар шароити кунунӣ, ки асри илму техника ва бархурди тамадунҳост, илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад.
Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибитикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити таълим ба хонандагону донишҷӯён шароит фароҳам оварда шуда, дар тамоми гӯшаҳои мамлакат садҳо муассисаҳои илмӣ ва мактабҳо бо китобхонаҳои электронӣ ва шароити мусоид барои таҳсил таҷҳизонида шудааст. Гузаронидани дарсҳои сулҳ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасон ва ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба сулҳу суботи кишвар, илму маориф ва ватани аҷдодӣ тарбия менамояд. Зеро бидуни ташаккули зеҳнӣ ҷавонони боистеъдод ва бидуни омӯзиши донишҳои муосир, омӯзиши электронӣ, ташкили лабораторияҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, мо наметавонем ба ҳадафҳои умедбахши худ расида, рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар кишвар таъмин кунем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки ояндаи неки давлату миллати аҷдодии мо бештар аз таҳсилоти ҳозираи наврасону ҷавонон вобаста аст.
Хулоса дар охир бо ин шеъри устод Садриддин Айнӣ мақолаи хешро ҷамбаст мекунем:
Биёед эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодони намонем,
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Шокиров Умедҷон Усмоналиевич
– мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ