Таърих гувоҳ аст, ки дар ибтидои асрҳои миёна ва ё пеш аз зуҳуру густариши ислом дар ҳудудҳои шарқии хилофат, ба хусус ҳудудҳои ҷуғрофии Хуросону Мовароуннаҳр гузаштагони мо ба донишҳои таърихӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, муҳимтарин ҳаводиси рӯзгорашонро дар шакли катибаҳо ва ё аз тариқи таърихи шифоӣ ба воситаи достонҳо, корномаҳо, размномаҳо ва андарзномаҳо ҳифз намуда, ба наслҳои оянда мерос мегузоштанд.
Миёни аъроби даврони ҷоҳилият, ки аз ҷиҳати тамаддуну сиёсат, иҷтимоиёту иқтисодиёт, иқтидору сарват ва аз ҳайси улум ва фунун заъифтарини мардумон буданд, донишҳои таърихӣ чандон инкишоф наёфта, ва асаре аз худ боқӣ намондаанд. Танҳо шохаи маъмултарини илуми ҷомаешиносӣ, ки миёни онон маъруфият дошт, ин илми шаҷарашиносӣ – таборшиносӣ ва ё генеология буд. Дар воқеъ илми таборшиносӣ миёни қавмҳои сомӣ нисбати дигар қавму халқиятҳо собиқаи зиёд дошта, инъикоскунандаи таърихи авлодӣ ва қавмии онҳо буд.
Аммо баъди густариши ислом дар ҳудудҳои паҳновари исломигардидаи мағрибу машриқ, барои бавуҷуд овардани фазои ягонаи ҳуқуқию фарҳангӣ ва бавуҷуд омадани фарҳанги муштраки исломӣ, зарурати бунёдгузории донишҳои таърихӣ, сабкҳо ва ё шеваҳои мухталифи таърихнигорӣ ба вуҷуд омада буд. Мақсад ва вазифаҳои донишҳои таърихӣ ё шеваҳои таърихнигорӣ он давра, аз ташаккули ҳуввияти исломӣ ва муттаҳид намудани уммати исломӣ иборат буд. Аз ин рӯ аввалин асарҳои мазмуни таърихӣ доштаи ин давра ба номи бунёдгузори оини навин Муҳаммад (с) “Сиратнома”-ҳо таълиф гардиданд, ки аз шарҳи ҳол, кору пайкор ва ҳаёту фаъолияти ӯ хабар медоданд.
Дар баробари ташаккул ёфтани донишҳои таърихӣ дар асрҳои VIII-IX шеваҳои мухталифи таърихнигорӣ шакл гирифтанд, ки маъруфтрини онҳо “ҳолноманигорӣ”, “номнигорӣ”, солноманигорӣ” ва “фатҳноманигорӣ” дар таърихнигории исломӣ маънидод шуда, дар раванди иҷтимоишавии ҷомеаи мусалмонон нақши бориз бозид. Осори таърихие, ки дар ду асри аввали зуҳури ислом то ниммаи аввали асри IX таълиф шудаанд, бештаран фарогири мавзҳои мушаххас ва дар асоси шеваҳои зикршуда офарида шудаанд.
“Ҳолноманигорӣ” ба андешаи муаррихи бузурги румӣ А. Момиглиано[11;122] “гузориш аз ҳаёти як фард аз таваллуд то марг” таъриф шудааст, яке аз шеваҳои нахустини таърихнигорӣ дар миёни мусалмонон буда, ин шакли таърихнигорӣ тавонист муҳимтарин паҳлӯҳо ва тамоми ҷузъиёти лаҳзаҳои ҳаёти ибратбахши пайғамбарро аз лаҳзаҳои таваллуд то реҳлат, барои пайравонаш бозгӯӣ намояд ва як мафкураи умумиисломӣ падид оварад. Муҳимтарин асарҳои таърихии миёни мусалмонон машҳур сиратнома ва ё ҳолномаҳои «Ас-сирату-н-набавӣ»-и Муҳаммад ибни Асҳақ ва “Ас-сирату-н-набавия”-и Абдулмалик ибни Ҳишом ба шумор меравад, ки дар давоми асри VIII таълиф шудаанд.
Аз таҳқиқи мазмун ва мундариҷаи ҳолномаҳо маълум мегардад, ки онҳо низ дар навбати худ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар баробари инкишофи шохаҳои ҳокимият ва ҷамъият бештаран дар бораи “қуззот” – қозиҳо, волиҳо – ҳокимон, “ҳуҷҷоҷ” – ҳоҷиёни солҳои аввал, “худамо” – ходимони хилофат, “вузаро” – вазирони хилофат, наздикону пайвандон ва саҳобагони пайғамбар таълиф гардидаанд.[11;121] Дар ин замина асарҳои муҳимму зиёди шарҳиҳолии хусусиёти таърихӣ дошта ба монанди “Ал-мунтазам”-и Ибни Ҷавзӣ ва “Табақот”-и Ибни Саъд дар идомаи асрҳои VII-VIII рӯи кор омаданд, ки дар ояндаи наздик сабабгори ба вуҷуд омадани шеваи нави таърихнигорӣ – солноманависӣ гардиданд.
Дар таърихнигории ҳолноманигорӣ як муаррих бояд лаҳзаҳои ибратбахш ва муассири ҳаёти нафари истисноиро чунон муаррифӣ намояд, ки барои хонанда мақбулу боваркарданӣ бошад ва идеал шуда тавонад.[12;53] Пас, маълум мегардад, ки муаррихони ҳолноманигор аз ҳаёти шахсони воқеъии таърихӣ барои аҳли ҷомеаи муосир ва ояндаи хеш иделогия ва намунаи ҳаёт меофариданд. Масалан барои давраи ғазавот ва забткориҳои араб лозим буд, лашкаркашиҳо ва қаҳрамониҳои Амир Ҳамза, Холид ибни Валид, Саъд ибни Ваққос ва ё дигарон барои мардумони мусалмони давр намунаи ҳаёт гардад, як ҳолноманигорро мебоист аз корномаҳои онҳо достонҳои шарҳиҳолӣ биофарад. Ҳол он, ки ин қаҳрамонҳо барои кишварҳои ғасбшуда душман, ғосиб ва золим муаррифӣ мешуданд.
Баъди шакл гирифтани мактабҳо, фирқаҳо ва мазҳабҳо дар ҳолноманигорӣ низ таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, ҳолноманигорон дигар на бораи як нафар балки дар бораи пайравони як мактаби илмӣ ё ҳунарӣ, як фирқа ва ё як мазҳаб ба монандӣ; мактаби мотуридия, мазҳаби ҳанафия ва ё ҳанбалия маълумот медоданд.
Муаррихони ин давра бо ба эътибор гирифтани вазъи иҷтимоӣ, ҳолатҳои мазҳабӣ, ҳолатҳои равонӣ-психологӣ, мантиқӣ, касбу кор ва доираи фаъолиятҳои шахсиятҳои таърихӣ дар чорчубаи талоботи бунёдшуда ба навовариҳо пардохтанд ва шаклҳои муътабари ривоятҳои таърихиро дар ҳолноманигории хеш ворид намуданд, ки бад-ин восита аз дуртарин замонҳо то ба рӯзгори мо омада расидаанд.
Ҳарчанд ҳудудҳои ҷуғрофии мамолики исломӣ вусъати бештар ёфта, тамаддуни исломӣ рӯ ба афзунӣ мениҳод, улум ва фунуни навин кашф мегардид, эҳтиёҷи мусулмонон ба илми таърих ва навъҳои он, ки иборат аз номнигорӣ ва тарҷумаи ҳоли бузургон ва донишмандон аз ҳар табақа бошад зиёдтар мешуд. Зеро ба воситаи таҳқиқ дар масоили улуми мухталиф, ки дар миёни мусалмонон рушд ва нумӯ меёфт, ҳамчунин таҳқиқ дар санадҳои аҳодис ва ҷудо кардани ҳадисҳои саҳеҳ аз заъиф маҷбур шуданд, ки таҳқиқи ровиёни санадҳои ҳадис кунанд ва мақому мартабаи онҳоро аз ҳайси сиққа ва мавриди эътимод будан ё заъиф будан муайян кунанд. Аз ин ҷиҳат ровиёни ҳар фаннеро ба табақоте тақсим карданд ва барои ҳар табақа асарҳои номнигоронаи аҳвол навиштанд.
Номнигорӣ низ ҳамчун шеваҳои маълуму машҳури таърихнигории асрҳои VIII-IX шинохта шуда, бо номҳои дигари “ассомӣ”, “аълом”, “феҳрист”, “риҷол” (номи мардон), “табақот” ва ғайра маънидод мешавад. Номнигорӣ шеваи таърихнигориест, ки ба муаррифии афроди шоистаи динӣ, мазҳабӣ ба мисли; саҳобагони пайғамбар, ё дорандагони навъе аз дониши хос ба мисли; муҳаддисон, фақеҳон, мунаҷҷимон, табибон, ё дорандагони маҳоратҳои махсус ба монанди; қориён, ровиён, санъаткорон ва ё табақаҳои аъёни ҷомеа ба монанди; ашрофон, тоҷирон, ҳунармандон ва ғайра машғул аст. Машҳуртарин ва куҳантарин асари номнигории ин давра “Таърихи кабир”-и Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ буда, дар 18 солагии муаллиф баробар ба соли 828 мелодӣ таълиф гардидааст. Имом Бухорӣ дар ин асари таърихии номнигории хеш аз 40000 саҳобагону, муҳаддисон ва ровиёну ноқилони ҳадис маълумот дода[6;161], муҳимтарин шеваи таърихнигории номнигориро асос гузоштааст. Бештари осори номнигорӣ ба монанди “Таърихи кабир” бо хатори эҳтироми хос қоил будан ба пайғамбар аз номи ӯ шуруъ гардида, баъдан бо тартиби феҳристи алифбоӣ идома меёбад.
Номнигорӣ низ дар натиҷаи инкишофи босуръати худ ба шуъбаҳои алоҳида ба монанди; табақоту-ш-шуъаро, табақоту-н-наҳвийин, табақоту-л-фуқаҳо, табақоту-л-муҳаддисин ва ғайра тақсим шуда, осори муътамаде дар ин фан падид оварданд. “Табақоту-л-фуқаҳо”-и Абуисҳоқи Шерозӣ ва бо ҳамин ном асари Абдулваҳоби Форсӣ намунаҳои баргузидаи шеваи табақотнависӣ эътироф карда мешавад.
Дар заминаи осори номнигорӣ шуъбаи дигари таърихнигорӣ, феҳристнигорӣ зуҳур карда, аввалан феҳристҳои маҳаллию минтақавӣ ва баъдан феҳрситҳои комили фанию, ҳунарӣ ба вуҷуд омаданд, ки куҳантарини онҳо “Ал-феҳрист”-и Абуисҳоқ ибни Надим бузургтарини онҳо “Таърихи Бағдод”-и Хатиби Бағдодӣ [11;129] мебошад. Феҳристҳои таълиф гардидаи ин давра аслан дар шакли феҳристҳои маҳаллӣ, минтақавӣ, ҳавзавӣ ва аксар вақт дар шакли феҳристҳои мазҳабӣ, адабӣ, сиёсӣ таълиф мешуданд. Олитарин шакли феҳристҳо, феҳристҳои шаҳрӣ – минтақавӣ буда, дар шакли феҳристҳои мисрӣ, суриёнӣ, ҳиҷозӣ, яманӣ, ҳиндӣ, хуросонӣ, мовароуннаҳрӣ, хутанӣ ва амсоли он таълиф мешуданд, ки машҳуртарин афрод ва ё шахсиятҳои мазҳабию адабӣ ва сиёсии минтақаро барои наслҳои оянда муаррифӣ мекард [13;137].
Суннати солноманигории таърихӣ яке муҳимтарин шеваҳои таърихнигорӣ буда, дар баробари ташаккул ёфтанаш дар асрҳои IX-X боиси зуҳури таърихнигории умумӣ гардидааст. Солноманигорӣ низ дар ду шева таҳия мегардид, ки яке вобаста ба давраи ҳукумати халифае аз хулафои араб – ҳаводиси таърихии давраи ҳукумати халифа Мансур, яъне солноманигории хилофатӣ ва шеваи муҳимтарини он солноманигорие, ки дар асоси солшумории мусалмонии ҳиҷрӣ-қамарӣ асос ёфта, маҳсуб мегардад.[1;341]
Агар таърихнигории солномавии ибтидоиро бо таърихнигории солноманигории Табарӣ ва солноманигории Табариро ба солноманигории асрҳои баъдӣ қиёс намоем, дар натиҷа ошкор мегардад, ки таърихнигории умумии асримиёнагӣ аз шеваи солноманигорӣ маншаъ гирифтааст. Яъне шеваи таърихнигрии солноманигорӣ, муаррихон ва ҷомеаи исломии асримиёнагиро ба таърихнигории умумиҷаҳонӣ ворид намуд. Асари Табарӣ бошад намунаи олитарини таърихнигорӣ мебошад, ки дар он нишонаҳои ҳолноманигорӣ, номнигорӣ, сиратшиносӣ, моҷарошиносӣ, унсурҳои муҳимтарини солноманависӣ ва таърихнигории умумӣ ҷой доранд.
Дар давоми асри VIII Ваҳм ибни Мунаббиҳ ва Муҳаммад ибни Умари Воқидӣ аз аввалин нафароне ҳастанд, ки дар ислом қиссаи таърихӣ навиштанд ва онро вориди таърихнигории исломӣ карданд. Китобҳои маълуми онҳо «Қиссасу-л-ахбор», «Қиссасу-л-анбиё» ва “Мағозӣ” мебошад, ки миёни аҳолии кишвари мо “Қиссасу-л-анбиё” маҳбубияти зиёд дорад.
Дар баробари ба кор бурдани низом ва тактикаи хуби ҷангии “ғазавот” футуҳоти пайдарпай насиби арабҳо гашта, дар кутоҳтарин фурсат шаҳрҳои бузурги императории Византия ва шоҳаншоҳии Сосониёнро фатҳ намуда, густариши исломро дар ҳудудҳои паҳновари ду императории ҳамсояи худ таъмин намуданд. Ин ҷаҳонкушоӣ ва фатҳи шаҳрҳо боиси паҳншавӣ ва умумишавии тамаддун ва улуми исломӣ гардида, мусулмонон ниёзмандии худро нисбати илми таърих дарк карданд ва барои муаррифии қаҳрамонон-ғосибони худ ба навиштани ҷангномаҳо ва фатҳномаҳо машғул гардиданд. Ҷобир ибни Язиди Ҷаъфӣ аз муаррихоне мебошад, ки дар мавриди аввалин футуҳот ва ҳарбҳои арабҳо бо номҳои “Сиффин”, “Наҳрвон”, “Мақталу-л-амиру-л-муъминин” ва ғайра китобҳои таърихӣ таълиф намудааст[2;31].
Дар баробари фатҳи Тайсафун, Шом, Наҳованд, Бағдод ва дигар шаҳрҳои бонуфузи Хуросону Мовароуннаҳр китобҳои бисёре дар бораи фатҳи ҳар шаҳре навишта шуд, аз қабилӣ; “Футуҳу-ш-Шом ва футуҳу-л-Ироқ”-и Абумихнаф, китоби “Футуҳу-л-Миср ва Мағриб”- Абдулҳаким, “Футуҳу-л- Байту-л-муқаддас ва “Футуҳу-л-Хуросон”-и Мадоинӣ[8;87]. Пас аз он ба тадриҷ фатҳноманависӣ низ ривоҷ ёфта, доманаи мазмун ва мундариҷаи онҳо бузургтар шуда, ба монанди “Ал-футуҳ”-и Ибни Аъсам ва “Футуҳу-л-булдон”-и Билозурӣ фатҳи мамолик ва кишварҳо дар як китоб навишта мешуданд.
Дар идомаи асри IX-X бо ба ҳокимият расидани хонадонҳои маҳалии Бармакиёну Саффориён ва Сомониён шеваи таъринигории солноманигорӣ мазмун ва мундариҷаи нав касб намуда, вобаста ба таърихнигрӣ ва таълимоти исломӣ дар асоси арзишҳои миллӣ асарҳои таърихии умумибашарии “Ал-мухтасар фӣ-ахбори башар”-и Абдулфидо, “Таърихи синнӣ-мулуки-л-арз”-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ, “Китобу-л-сулуку-маърифати-л-дувалу-л-мулук”-и Мақризӣ, “Ахбору-т-тивол”-и Динаварӣ, “Муруҷу-з-заҳаб”-Масъудӣ, “Таърих”-и Яъқубӣ таълиф гардиданд.
Сабаби ба зудӣ эҳё шудани таърихнигории миллиро дар ин давраи ҳассоси таърихӣ, муаррихи шаҳири тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ чунин қаламдод намудааст: “Чун баъзе аз қабоили арабӣ ба ифтихороти мутаассибонаи худ оғоз ниҳоданд ва худро бар дигар мардумони тобеъаи худ бартар донистанд, донишмандони эронӣ бад-он шуданд, ки агар сухан аз ифтихороти гузаштаву бартарияти қавмист, пас онро дар гузаштаи эрониён бояд ҷуст ва ба ҳамин сабаб дар паи ошкор ва мунташир намудани гузаштаи пурифтихори худ шуданд. Ба ин кор ҳукмронони маҳаллии эронӣ ҳиммати бештар гумоштанд, то донишмандони «илми куҳан»-ро гирд биёваранд ва бад-он доранд, ки осори боқимондаи гузаштаро аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума кунанд ва шукӯҳи азмиёнрафтаи эрониёнро бори дигар ба воситаи забони араб ба тамоми олами ислом, дар миёни мардумони мухталиф муаррифӣ кунанд. Ҳамин тавр, дар баробари сабти таърихи арабу ислом забти таърихи гузаштаи эрониён низ дар таърихнигории умумиисломӣ ворид шуд ва ба расмият даромад”[7;271].
Пас аз заҳматҳои зиёди муаррихони форснажоди аҳдиисломӣ шеваҳои таърихнигории умумӣ ва таърихи олам аз қабилӣ таърихи умам ва ё “Таҷорибу-л-умам”-и Мискавайҳ, таърихи шаҳрҳо ва кишварҳо ба монанди “Таърихи Сийстон”, “Таърихи Бухоро”, “Ҳудуду-л-олам”, «Таърихи Марв»-и Аюби Марвазӣ[9;540] бо фарогирии таърихи умам ва милали қадимаи шаҳрҳову кишварҳо дар аҳди Сомониён ривоҷи бештар ёфт. Нахустин нафаре, ки бо шеваи таърихи умумӣ китоб таълиф кард ин Аҳмад ибни Возеҳ ибни Яъқуб машҳур ба Яъқубист, ки китоби таърихи ӯ низ бо номи «Таърихи Яъқубӣ» шӯҳрат дорад. “Таърихи Яъқубӣ” дар шакли таърихнигории умумӣ таълиф шуда, таърихи умам ва милали қадими Эрон, Рум, Ҳинд, Юнон ва таърихи исломро аз оғози зуҳури Пайғамбари акрам то рӯзгори Хилофати мӯътамади Аббосӣ (то воқеаҳои таърихии соли 256 ҳиҷрӣ) фаро гирифтааст.
Баъд аз таърихи Яъқубӣ муҳимтарин ва олитарин шакли таърихнигории замони Сомониён, ки дар он ҳамаи шеваҳои таърихнигории қаблан зикршуда мушоҳада мешавад, ин асари безаволи “Таъриху русулӣ ва-л-мулук”-и Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язиди Табарӣ муаррих ва муфассир машҳур шинохта мешавад, ки таърихи оламро мувофиқи таълимоти исломӣ аз оғози хилқат то ҳаводиси таърихии соли 302/913 мелодиро дар бар дорад.
Табарӣ дар оғози китоби худ пас аз зикри хутба ва ситоиши офаридгори ду ҷаҳон ва мадҳи хотами пайғамбарон ва хонадон ва асҳоб ва ҷонишинони ӯ дар мавриди чи гунагии таълифи асар ва сарчашмаҳои истифода намудаи худ чунин овардааст: «Хонандаи ин китоб бидонад, ки истиноди мо бад-он чӣ дар ин китоб меоварем ба ривоёт ва асноде аст, ки аз дигарон яке пас аз дигарӣ ба мо расида ва ман низ худ аз онон ривоят мекунам ва ё санади ривоятро ба эшон мерасонам, на он ки дар овардани матолиби таърихи истинботи фикрӣ ва истихроҷи ақлӣ шуда бошад…» [4;34].
Табарӣ дар баробари навиштани таърихи умумии ва милали қадим, ба ҷуз истифода аз таърихи шифоӣ, манбаи дигаре барои таърихнигорӣ надошт, худаш ба ин масаъала таъкид карда, вобаста ба эътирози хонандагони осори худ ҳанӯз дар ибтидои таълифи асар ин матлабро чунин баён намуда: «Агар нозирон ва шунавандагони ахбори ин китоб ба бархе достонҳо ва қисса бар хӯранд, ки ақл вуҷуди онҳоро инкор кунад ва сомеа аз шунидани онҳо танаффур ҳосил намояд, набояд ба ман хурдагирӣ ва айбҷӯӣ кунанд, чӣ он ки ингуна ахборро дигарон ва пешиниён барои мо нақл кардаанд ва мо низ онҳоро чунон ки шунидем дар китоби худ овардем»[4;37].
“Таъриху-р-русулӣ-ва-л-мулук” дар шакли таърихнигории умумии солноманигорӣ таълиф шуда, ҷилди аввал фарогирӣ муқаддима ва ҳамду санои Офаридгор, кайфияти офариниши Оламу Одам, сифоти пайғамбарони пешин, бавуҷуд омадани халқҳои гуногун ва таърихи қавми араб, ҷилди дуввум аз таърихи силсилаподшоҳони Эрону Рум ва мулуку-т-тавоиф, се ҷилди баъдӣ аз таърихи Пайғамбари ислом, замони зиндагии ӯ ва хулафои рошидин, ҷилдҳои 6-9 аз таърихи хилофати Умавиён ва ҷилдҳои 10-13 ҳовии таърих ва ҳаводиси таърихи замони хилофати Аббосиён аст.
Ҳанӯз аз таълифи асар 40 сол нагузашта буд, ки шуҳрати оламгир ёфт ва бо фармони амири Сомонӣ, Мансур ибни Нӯҳ (961-976) ин асар аз тарафи Муҳаммади Балъамӣ ба форсӣ тарҷума карда шуд. Бештари муаррихони асримиёнагӣ «Таъриху-р-русулӣ ва-л-мулук»-ро ҳамчун бузургтарин таърихи умумиҷаҳонӣ эътироф карда, иддае аз аз ин асар ба таври шоиста истифода карда, муаррихони дигар бо монанди Адиби Кордӯӣ, Ибни Асир «Таъриху-р-русулӣ ва-л-мулук»-ро баргардонӣ намуда, воқеаҳои баъд аз замони Табариро то замони худ бар он илова кардаанд. Коре, ки Табарӣ дар умри худ анҷом дод ва таъсире, ки ӯ ба таърихнигории асримиёнагии исломӣ гузошт, ҳеҷ як муаррихи дигареро то ба ҳадди ӯ муяссар нашуд. [7;276]. Ҳатто дар замони худи муаррих ва баъд аз вафоти ӯ нафароне пайдо мешуданд, ки ба ӯ пайравӣ намуда, Ҷаъфари Фарғонӣ аз ихлосмандонест, ки таърихномаи худро бо номи «Зайли таърих» дар дунболаи “Таърихи Табарӣ” таълиф кардааст.
Бузургтарин муаррихони асримиёнагӣ аз қабилӣ Масъудӣ ва Ибни Асир низ осори худро дар пайравӣ ба он таълиф намуда, дар ин маврид чунин ибрози андеша намудаанд: «…ва ибтидо кардам ба таърихи бузурги таълифи имом Абуҷаъфари Табарӣ, зеро китоби мазкур дар назди умуми муҳаққиқон мавриди эътимод мебошад… ва ман аз миёни ҳамагии муаррихон ба Табарӣ эътимод кардам зеро вай аз рӯи ҳақ ва савоб дар ин фан пешво ва ҷомеъи улум ва фунун мебошад».[3;57]. Дар маҷмуъ муаррихони баъдӣ зиёда аз ҳазор сол мешавад аз китоби мазкур истифода намуда, онро ҳамчун сарчашмаи боэътимод ва маъхази худ қарор додаанд.
Дар баробари осори гаронбаҳои Табарӣ дар нуқоти мухталифи қаламрави Сомониён бо дастгирии бевоситаи амирони сомонӣ ва ҳокимони маҳаллӣ аз ҷониби донишмандон асарҳои таърихии зиёд офарида шуданд, ки бештари онҳо аз сарчашмаи муътамади “Таърихи Табарӣ” сероб гардида, бо муаррифӣ намудани арзишҳои миллии аҷдоду ниёкони хеш, ҳуввият ва худшиносии миллии моро дар ин давраи ҳассоси таърихӣ таъмин намуданд.
Кору пайкори донишмандон ва муаррихони аҳди Сомониён ва шеваи таърихнигории онҳо чун Абулқосим Абдуллоҳ ибни Аҳмади Каъбии Балхӣ муаллифи «Мафохири Хуросон» [9;540], Абузайд Аҳмад ибни Саҳли Балхӣ (850-934) муаллифи «Сувару-л-ақолим», Абуабдуллоҳ Аҳмад ибни Фақеҳи Ҳамадонӣ (869-942) муаллифи «Ал-булдон», Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ал-Форисӣ маъруф ба Истахрӣ (849-957) муаллифи «Ал-масолику-л-мамолик», Абуабдуллоҳ Ҳамза ибни Ҳасани Исфаҳонӣ маъруф ба Ҳамзаи Исфаҳонӣ (883-960-70) муаллифи «Девони Абунувос», «Китобу-л-амсол», «Китобу-т-танбеҳ», «Китобу-л-умам», Абдуллоҳи Хоразмӣ муаллифи «Мифтоҳу-л-улум», Абулмуайяди Балхӣ муаллифи «Аҷоибу-л-булдон» буда, ин асар ба забони форсӣ таълиф шуда онро ба Нӯҳ ибни Мансур (976-997) Сомонӣ бахшидааст, Абуабдуллоҳи Ҷайҳонӣ муаллифи «Китобу-л-мамолик в-ал-масолик», Абуисҳоқи Собӣ муаллифи «Таърихи Оли Бувайҳ , Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ (899-959) муаллифи “Таърихи Бухоро”, Абуабдуллоҳ ибни Муҳаммад маъруф ба Ибни Мискавейҳ (932-1030) муаллифи «Таҷорибу-л-умам ва авоқибу-л-ҳимам» (дар таърих), «Таҳзибу-л-ахлоқ», «Татҳиру-л-аъроқ» (дар дину фалсафа), «Ҳикмату-л-холида», Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ (934-1020) муаллифи асари безаволи “Шоҳнома” барои муаррихони муосир шоситаи ибрат ва намунаи ҳаёт буда, осори таълифнамудаи онҳо инъикосгари тамоми мушкилоти таърихӣ ва рамзкушои тамоми мушкилоти замони муосир мебошанд. Пас, муаррихони насли имрӯзро мебояд аз чунин ганҷинаи тиллоии таъриху фарҳанги азалии тоҷикон, ки ифодагари таърихи воқеъии халқи тоҷик буда, силсилаи ин осор бо дастгирии бевостаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон нашр шудаанд, ба хубӣ истифода намуда, дар рӯшан намудани саҳифаи торику нохондаи халқи худ саҳмгузор бошанд.
САРЧАШМА ВА АДАБИЁТ
1. Абуисҳоқ ибни Надим. “Ал-Феҳрист”. Тарҷумаи Ризои Таҷаддуд. Теҳрон, “Амири Кабир”, 1346 ҳ.\қ. –С. 791
2. احمد بن یعقوب (ابن واضح یعقوبی) تاریخ یعقوبی. ترجمه محمد ابراهیم آیتی. تهران «شرکت انتشارات علمی-فرهنگی» جلد 1. 1387 صفحه. 457
3. عذالدین ابن اسیر. تأریخ کامل. –تهران، »اساطیر»،- ١٣٧٠ هـ.ش. ج.٢.-ص.
4. تأریخ الرسل والملوک. ترجمۀ ابوالقاسم پاینده. ج.٢. –تهران، «اساطیر»، ١٣٧٥ش._ ص. ٣٤ طبری.
5. تأریخ الرسل والملوک. ترجمۀ ابوالقاسم پاینده. ج.٢. –تهران، «اساطیر»، ١٣٧٥ش._ ص. از ٤٧ طبری.
6. Ғуломов Т.М. Саҳми донишмандони тоҷик дар ташаккули улум ва фарҳанги исломӣ. \\ Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ. №3/2. – Душанбе, «Сино», 2017, -С. 161
7. Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. – Душанбе, “Эр-граф”, 2007, 479 с.
8. Маликушшуаро Баҳор. Сабкшиносӣ. – Душанбе, “Бухоро”, 2012., 569с.
9. Муҳаммадризо Ноҷӣ. Таърих ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. – Теҳрон, “Бунёди фарҳангӣ” С.540.
10. Расулиён Қаҳҳор. Осори Мунтахаб. Ҷ.1 – Душанбе, 2014, Ҷ.2 “Бухоро”, 2017. 575 с.
11. Робинсон Ч. Таърихнигории исломӣ. Тарҷумаи Мустафо Субҳонӣ. Теҳрон. “Нашрия Пажуҳишкадаи таърихи ислом”. 1379 ҳ.қ. 372 с.
12. Саидҷаъфар Шаҳидӣ. Таърихи таҳлилии ислом. Теҳрон. “Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ”, 1387 ҳ.қ. 457с.
13. جرجی زیدان. تأریخ تمدن اسلام. ج.٢. ترجمه علی جوتهر. –تهران، «امیر کبیر»، ١٣٧٢. –ص. 892
Ғуломов Т.М.
– мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ