Дар асоси қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.07.2025, №10/13 “Дар бораи аккредитатсияи давлатӣ” ва фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.08.2025, №881, “Дар бораи аккредитатсияи давлатии Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Марказ Шаҳодатномаи аккредитатсияи навбатиро ба даст овард.
Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун муассисаи илмию таҳлилӣ, ташкилию таблиғотӣ ва нашрию ташхисӣ буда, фаъолияташро дар асоси Оинома ба роҳ мондааст.
Агар фаъолияти илмӣ- таҳқиқотии Марказро мавриди таҳлил қарор диҳем, натиҷаҳои назаррас дорад. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои зерин ба анҷом расонидааст:
– 191 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ;
– 75 конференсияву семинарҳои илмӣ;
– 63 баромад дар телевезион ва радио;
– 4 монография ва 2 маҷмуи мақолаҳо ва 1 китобчаи иттилоотӣ :
1. Холиқзода А.Ғ. “Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ”, Китоби 1 . Нашри дуюм бо тағйиру илова ва таҳрирҳо. – Душанбе: «ЭР-граф», 2025. – 428 с.
2. Холиқзода А.Ғ. “Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ.”, китоби 2. Нашри дуюм бо тағйиру илова ва таҳрирҳо. – Душанбе: «ЭР-граф», 2025. – 448 с.
3.Проблемаҳои татбиқи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Монография, Душанбе: МН «Дониш», 2024. – 664 с. С. 462-488
4.Правовая система Республики Таджикистан.Коллективная монография./ Холикзода Абдурахим Гаффор (Холиков А. Г.), доктор юридических наук, профессор, директор Центра исламоведения при Президенте Республики Таджикистан, профессор кафедры прав человека и сравнительного правоведения юридического факультета Таджикского национального университета (Таджикистан, г. Душанбе) — гл. 1, § 1.1, § 1.2, § 1.3, § 1.4. Барнаул-2025 с. С. 10-48
5. Абумансури Мотуридӣ “Тавҳид” –Душанбе: «Эр-граф», 2025. -600 с.
6. Абумансури Мотуридӣ “Панднома” –Душанбе: «Балоғат», 2025. -62 с.
7. Абдусаломов М.М. “Мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи ЮНЕСКО” –Душанбе: «истеъдод», 2025. -404 с.
Фаъолияти Марказ ҳамчун муассисаи илмӣ- таҳлилӣ, тибқи талаботи муқарраргардида аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаштани аккредитатсияи навбатӣ мавриди таҳлилу санҷиши ҳамаҷониба қарор гирифт.
Натиҷаи таҳлилу санҷиш собит намуд, ки фаъолияти Марказ ҳамчун муасисаи илмӣ- таҳқиқотӣ ба талабот ҷавобгў буда, аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардида, шаҳодатномаи аккредитатсияи навбатиро гирифт.
Роҳбарият ва ҳайати илмии Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати дастгирӣ ва тавсияву пешниҳодҳои судманд барои тақвият бахшидани фаъолияти Марказ ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Саидзода Муҳаммадтоир Саид миннатдорӣ баён менамояд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ