Ифротгароёни динӣ навкарони шайтонанд!

Шайтон мавҷуди рамзӣ буда, дар сиришти худ таҷассумгари тамоми пиндор, гуфтор ва рафтори бад аст. Симои мазкур дар фарҳанги қадимаи ориёӣ зери унвони Аҳриман шакл гирифт ва чун инъикоси воқеии қисмате аз ҳаёти башарӣ ба динҳои масеҳию ислом интиқол ёфт ва зери унвони “Сатана” дар дини масеҳӣ ва “Шайтон” дар дини ислом аз худ дарак дод. Агарчанде дар дини ислом симои мазкур дорои имконият ва қудрати камтар аст, лекин вай соҳиби вазифаҳои нав гардидааст. Вай ҳамчун «палочка-выручалочка» таскинбахшу тасаллодиҳандаи пешвоёну ҳомиёни бадахлоқи дин аст. Ҳар гоҳ ашхосе аз қишри номбурда амали бадахлоқие содир намуданд, на онҳо, балки Шайтони малъун гунаҳгор аст, ки онҳоро ба роҳи бад бурдааст.
Вазифаи дигари Шайтон, чуноне таҳлилҳо нишон медиҳад, ифротикунонии қишри ҷоҳилу ноогоҳ ва мутаассибу динзада аст. Иддае аз ҷавонон ба сабаби ҷаҳолат, яъне огоҳ набудан аз моҳияти воқеии дин ва ҳамчунин бехабарӣ аз равандҳои сиёсию фарҳангии замони муосир тез ба чанги гумоштаҳои хориҷии душманони ислом меафтанд ва дер ё зуд ба олати мубориза бар зидди фарҳанги пешрафта, исломи таҳаммулгаро ва илму маърифати замонавӣ мубаддал мегарданд. Ба сабаби бесаводӣ ва ҷаҳолат онҳо аз моҳияти амалҳои худ низ бехабар мемонанд. Яъне, онҳо аксаран ҷисмҳои ҷондори ба барномадаровардашуда мебошанд. Қишри мазкурро душманони ислом барои пиёда намудани ҳадафҳои геополитикии худ хеле васеъ истифода менамоянд. Аммо дар зеҳни ин қишр муборизаҳои онҳо на пиёдасозии ҳадафҳои дунявии душманони ислом, балки мубориза барои исломи «ноб» унвон мегирад. Яъне, қишри мазкур манкуртҳое мебошанд, ки тасаввурот доир ба ислом на тавассути мутолиа, балки ғояҳои ба таври сунъӣ сохташуда дар зеҳнашон ҷойгир карда шудааст. Ҳамчун манкурт ё роботи хӯрандаю миранда онҳо танҳо супоришро иҷро менамоянд. Аз ин нуқтаи назар онҳо ба моҳияти амали худ сарфаҳм намераванд. Онҳоро ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеояд, ки дар шароити имрӯзаи рушди рӯзафзуни илму технология ва муборизаҳои геополитикии абарқудратҳо онҳо бо ҳадафҳои тахайюлии худ дар байни башар танҳо тухми бадӣ мекоранду халос. Ба сабаби ҷаҳолат тоифаи мазкур ҳатто дарк намекунанд, ки ҳадафҳои онҳо на танҳо умуман татбиқшаванда нестанд, балки василаи татбиқи ҳадафҳои дигар ҳастанд.
Чун нек назар андозем, дармеёбем, ки ҳадафҳои зоҳиран “исломї”-и онҳо, моҳиятан зиддиисломиянд.
Аз он лаҳзае, ки ифротгароёни исломӣ дар пайи татбиқи ҳадафҳои тахайюлии худ шудаанд, то ба имрӯз на танҳо ҳеҷ яке аз ҳадафҳои онҳо ҷомаи амал напӯшидааст, балки ҳадафҳои зиддиисломии дигареро ба бор овардааст. Аз ҷумла, ифротгароён дини исломро доғдор намуданд. Муносибати намояндагони дигар динҳоро дар нисбати дини ислом то андозае тағйир доданд. Бо ҷаҳонбинии маҳдуд ва сатҳи пасти шуурнокияшон ба рушди илму маърифат монеа эҷод намуданд. Ба ваҳдати мусулмонон рахна ворид карданд. Дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон шахсони бегуноҳи зиёдеро ба қатл расониданд. Шумораи зиёди худи мусулмононро бадбахт гардониданд. Ба сабаби пиндори баду гуфтори баду рафтори бад сабаби бадбахтии ҳазорҳо мусулмон дар саросари ҷаҳон гардиданд. Маҳз ба сабаби ҷаҳолату гумориҳии онҳо ҳазорҳо оилаи мусулмон вайрон шуду тифлакони бегуноҳи онҳо сарсону саргардон шуданд.
Ба фаъолияти онҳо агар аз мавқеи дин баҳо доданӣ шавем, магар гуфта метавонем, ки рафтори онҳо, ки танҳо зишткорӣ аст, тибқи фармудаҳои Қуръон, ки имон овардану амали солеҳ намуданро пайваста такрор менамояд, сурат мегирад? Албатта, не! Зеро дини ислом ташаккули ахлоқи накуро дар маркази таълимоти худ қарор дода, нороҳат сохтани ҳатто ҳамсояро аз ҷумлаи аъмоли номатлуб маҳсуб медонад. Пас, саволи мубрами имрӯз чунин аст, ки ифротгароён бо аъмоли харобкоронаашон навкарони Аллоҳ маҳсуб меёбанд ё навкарони Шаётин?
Агар онҳо навкарони Аллоҳ ҳастанд, бояд на танҳо муъминеро озор надиҳанд, балки дар пайи содир намудани амали солеҳ бошанд. Зеро содир намудани амали солеҳ яке аз талаботҳои шахси мусулмон аст. Аммо тамоми аъмоли ифротиҳо танҳо бо тахрибкорӣ, тафриқаандозӣ, таркишу куштор, осебрасонӣ, дилранҷонӣ, такфири мусалмону таҳрик ба аъмоли нописандида ба анҷом мерасанд.
Шояд иддае аз ифротгароён иддао намоянд, ки чунин аъмоли харобкоронаи онҳо ба хотири нусрати дини Худо сурат мегирад. Дар ин ҳолат низ онҳо мардумро мефиребанд. Зеро Қуръон дар ин маврид мефармояд: «Ба сӯйи Парвардигорат ба донишу панди нек даъват кун;(яъне: мардумонро) ва бо онҳо ба тариқе мунозира кун, ки вай нек аст» (Наҳл, 16:125). Агар рафтори онҳоро бо ҳукми ояти зикршуда муқоиса намоем, ба зудӣ дармеёбем, ки онҳо аз фармудаҳои Қуръон саркашӣ намуда, тобеи нафси саркашанд. Қуръон дар нисбати онҳо мефармояд: «Оё касеро дидӣ, ки хоҳиши нафси худро маъбуди худ гирифтааст» (Ҷосия, 45:23).
Гумроҳии шадиди ин тоифа дар он ифода меёбад, ки онҳо агарчанде нафси худро маъбуд интихоб намудаанд, лек маъбуди асосии онҳо на нафси худи онҳо, балки нафси душманони исломанд, ки ба онҳо аз номи ислом ҳадафҳои гуногунро таъин менамоянд. Яъне, нафси онҳо мустақил набуда, тобеи нафси бузургтару қавитаре аст, ки ҳадафаш коштани тухми низоъ мебошад. Ба қавли дигар шайтон бо ҳадафҳои тахрибкоронааш дар тору пуди душманони олами ислом ҷой гирифта, барои пиёда сохтани нақшаҳои шуми худ ифротгароёнро ба сифати навкар ихтиёр намудааст. Аз ин рӯ, ҳар ифротӣ бо аъмоли зиддимиллӣ ва зиддидинии харобсозандааш ҳамчун татбиқкунандаи ҳадафҳои душманони ислом – шайтон баромад менамояд ва ӯро ном навкари шайтон аст.
Абдухалилзода К.,
Муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх