Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Панҷ, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим, раиси ноҳияи Панҷ Иброҳимзода Акмал ва ҳайати меҳмонон аз растаи ҳунармандони ноҳияи Панҷ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар мактаби рақами 2 боздид намуданд.
Дар намоиш, ҳунармандон маҳсули дастии худро, аз ҷумла гулдӯзӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, дастгирии ҳунармандон ва шиносоии насли ҷавон бо мероси фарҳангии ниёгон мебошад.
Директори Маркази исломшиносӣ ва раиси ноҳияи Панҷ, ба фаъолияти ҳунармандон баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ на танҳо ба ҳифзи мероси фарҳангӣ мусоидат мекунад, балки барои таъмини шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ низ аҳамияти калон дорад.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ