Вақте дар бораи илму дониш ҳарф мезанем, ин панди падаронаи Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ёд меояд: “Ҳаргиз худро аз хондану илм омӯхтан канор нагиред, фарзандонатонро ба таҳсилу донишомӯзӣ ҳидоят намоед, то ки онҳо дар зиндагӣ ҳамеша комёб бошанд”.
Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон “Рӯзи дониш” ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад.
Ин рӯз барои ҳамаи донишандӯзон рӯзи муҳим аст, ба вижа барои онҳое, ки бори аввал ба мактаб, коллеҷ ё донишгоҳ мераванд. Дар ин рӯз хурсандии мактаббачагону донишҷӯён омӯзгорону устодон ҳад надорад. Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон бахшида ба 1-уми сентябр чорабиниҳои идона баргузор мешаванд ва ин рӯзро “Рӯзи дониш” таҷлил менамоянд.
Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон донистаанд. Маҳз ин вижагии илму дониш буд, ки тарбия ва камолоти маънавии ҳар як наслро ба иҷрои масъулияти бузурги падару модар дар назди фарзанд марбут донистаанд. Ҳанӯз аз қадимтарин давраҳо донишмандону давлатмардони мо дар таълифоти ахлоқии худ, ки ба тарбияи фарзанд бахшида шудаанд, вазифаи нахустин ва муқаддастарини падару модарро дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд донистаанд. Мо дар заминаи арзишҳои ахлоқии ниёгон дар самти таълиму тарбия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро қабул кардем. Падару модарон дар таълим ва тарбияи фарзанди хеш масъулияти бузурге бар дӯш доранд, ки ин рисолати бузурги онҳо дар назди худи онҳо, ояндаи ҷомеа ва давлату миллат аст.
Вобаста ба шароиту имконот фароҳам овардан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муҳасиллини кишвар муроҷиат карда, баён доштанд, ки: “Мо барои шумо ҳамаи шароити таҳсилро фароҳам меорем ва аз шумо фақат хубу аъло таҳсил кардан ва соҳиби илму ҳунар шуданро талаб дорем”.
Ба қадри илму дониш расидан ва онро аз бар кардан вазифаи ҳар фард мебошад, ин аст, ки шоирону орифони илмдӯсту маорифпарвари мо ҳамеша таъкид доштаанд:
Дидаи ҷони Бӯалӣ Сино,
Буда аз нури маърифат бино.
Анварӣ
Чашм бар нусхаҳои куҳна бидӯз,
Маърифат тоза дафтар аст пирӯз.
Бедил
Илм агар андак бувад, хораш мадор,
З-он ки илм дорад қадри бешумор.
Аттор
Донишманди бузург, Унсурмаолии Кайковус дар “Қобуснома” таъкид доштааст, ки: “Бузургӣ дар хирад ва дониш аст, на дар амвол ва насаб. Аз дониш ганҷинае беҳтар нест. Иззату эҳтироми бузургтарин дар дониш аст”.
Илму дониш воқеан ҳам наҷоти башарият ва ояндаи дурахшони ҷаҳониён аст. Саодати комили ҷомеаи башарӣ маҳз аз илму дониш вобаста аст.
Наботов М.А.
– Сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ