Истиқлолият неъмати бебаҳост!

Дар тўли 34 соли даврони истиқлолият саҳифаҳои ҳаёти кишварамонро варақгардон карда, аз муваффақиятҳои мавҷуда табъи кас болида мегардад. Зеро солҳое буданд, ки рўҳияи мардуми шарифи Тоҷикистонро яъсу навмедӣ фаро гирифта буд. Касе ҳам тасаввур карда наметавонист,ки чунин рўзҳои осудагию фараҳафзо боз дар кишварамон фаро мерасад. Мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо орзуи онро дошт, ки оташи қаҳру ғазаб, кинаю адоват ва қасдгириҳою ғурури баъзе ашхоси ҷоҳилу кўтоҳандеш ва манфиатҷў аз байн биравад… Рўзе бирасад, ки шахсиятҳои хирадманду миллатдўст, дурандешу халқдўст, давлатсозу ояндабин ва далеру шуҷоъ ба майдони сиёсат ворид гарданда, ташаббускори раҳоӣ аз табоҳӣ, озодӣ аз ҷаҳолат гарданд… Ин ҳама орзуҳои ашхоси ватандӯсту миллатдўсту меҳанпараст буданд. Шукри Худованд, ҳамин гуна шахси худодод ба сари қудрат омад, ҷони хешро ба хатар андохта, бо ҳама гуна хавфу хатарҳои замон муборизаи қатъӣ бурда, самти ҷараёни киштии умеду ормонҳои миллатро ба сўи офтоби шуълавар мутаваҷҷеҳ намуд. Аз ҳама гуна монеаҳои тақдирсоз моҳирона убур карда, кишвари азизамон Тоҷикистонро ба қуллаи мақсуд, ба сулҳу ваҳдат ва ризоияти ҷомеа бо масъулияту шуҷоат сарбаландона оварда расонид. Ба таҳдидҳои бадхоҳон, душманони миллату давлати тоҷикон бо ҷавобҳою амалҳои қотеона дохили майдони муборизаҳои сиёсӣ гардида, Тоҷикистонро аз хатари парокандашавӣ эмин нигоҳ дошт. Бо саъю кушишу заҳматҳои шабонарузии зиёд кишвари ҳамешабаҳори моро ба арсаи олам ба ҳайси як давлати мустақил, дорои саҳифаҳои дурахшони таърихию фарҳангии ибратомўз ва забону адабиёти ғанӣ ба оламиён муаррифӣ намуд. Нақши ин фарзанди барўманди миллати тоҷикро, метавон ба Исмоили Сомонӣ шабоҳат дод, ки бо ҷоннисорӣ, матонату иродаи устувор давлати тоҷиконро аз нав эҳё гардонид ва бо номи шахсияти сулҳҷўю давлатсоз машҳур ба ҷаҳон гардид. Номи тарроҳи сулҳро ба худ касб намуд. Ин шахси худододу абармарди таърихӣ фарзанди барӯманди тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Хушбахтона, имрўз олимону сиёсатмадорони намоёни олам таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистонро мавриди омўзиш қарор дода, барои бартараф сохтани зиддиятҳои дохилии кишварашон ва таҳкими сулҳу ризоияти миллӣ аз ин таҷриба истифода мебаранд.
Воқеан, даврони истиқлолият ба тоҷикистониён тамоми ҳуқуқҳои инсониро фароҳам овард, ки ин боиси сарфарозии ҳар як шаҳрванд ва таҳкими ризоияти халқи Тоҷикистон гардидааст. Баъзе аз бародарон камбудиҳо ва норасоиҳои ҷузъиро сабаб нишон дода, аз масоили умдаи давлатсозӣ худро нодида гирифта, ҷониби ҳукуматдорон санги маломат мепартоянд. Андеша намекунанд, ки барои саробонии як оилаи кўчак чӣ гуна мушкилотро рафъ кардан лозим меояд, чӣ равад аз идораи як давлат!
Халқи Тоҷик дорои давлати мустақил, Конститутсия, парлумони дупалатагӣ, парчаму нишон ва дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба расмият шинохта шудааст. Сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар дигар давлатҳо ифтитоҳ ва сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон кушода шуданд ва онҳо ба густариши муносибатҳои дуҷониба мекӯшанд. Акнун халқи шарифи Тоҷикистон низоми давлатдориашро, ҳадафу ормонҳои худашро ва сарвару раҳнамои худашро худаш муайян менамояд. Узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад ва бо пешниҳодҳои созандаи худ вирди забонҳо гардидааст. Акнун Тоҷикистон ва тоҷикистониён ифтихор доранд, ки Конститутсия, пули миллӣ ва рамзҳои давлатӣ доранд ва фарзандони сарбаланди тоҷик бо ифтихори ватандорӣ марзу буми кишварашонро худашон ҳимоя менамоянд. Тарҳрезӣ кардани ҳамагуна барномаҳои давлатӣ, амалӣ кардани онҳо, таъмини пешрафти давлатдорӣ ва дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардану ҳимоя кардани як давлат кори басо мураккаб аст, ки Президенти кишварамон дар иҷрои онҳо дастболост.
Тибқи моддаи якуми Конститутсия Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Боиси хушбахтист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз озодии комил бархурдор мебошанд, зеро озодӣ дар зиндагӣ беҳтарин мукофотест. Чунончи дар моддаи 26 Сарқонун омадааст:
«Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ зимни риояи аслҳои конститутсионии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, амалӣ гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарфи назар аз нажоду миллат, ба ҳар кас эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат додааст. Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар муносибатҳои байни давлат ва ташкилотҳои динӣ шароити баробари ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки дар мамлакат фазои софу беғубори озодии виҷдон ва эътиқод барқарор гашта, шаҳрвандон эътиқоди динии худро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ гардонида истодаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи баъди ба даст овардани истиқлолият дар роҳи татбиқи ҳуқуқу озодиҳои эътиқодӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Хусусан, барои мусулмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинонро ташкил медиҳанд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки шаҳрвандон ниёзҳои эътиқодии худро қонеъ гардонанд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки 26 марти соли 2009 ба тасвиб расид, дар баробари арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи кишвар, ки таърихан мусулмонони ин сарзамин аз рўи фармудаҳои он амал менамоянд, нақши махсуси мазҳаби ханафии дини ислом таъкид гаштааст.
8-уми сентябри соли 2008 дар ҷашни пуршукўҳи 17-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ро соли таҷлили 1310 – солагии Имоми Аъзам Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит (р) эълон кард. Ин иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба пешвоёну олимони дину мазҳаби аҷдодӣ ва эътирофи ваҳдату ягонагии фарҳанги миллию мазҳаби аҷдодӣ буда, бешубҳа уфуқҳои тозаро дар фазои худшиносии миллӣ ба вуҷуд овард.
Дар робита ба ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки Соли бузургдошти Имоми Аъзам, яъне 1310 солагии зодрӯзи Имоми Аъзам, ҳамчунон эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти тамаддуни исломӣ, дар арсаи байналмилалӣ ва бахусус олами ислом шуҳрати Тоҷикистонро фузунтар намуд.Мояи ифтихори камина бар замми соҳибистиқлолу соҳиби Сарвари шарафманд гардидану гулгулшукуфию пешравии ин арзи муқаддасу ин давлати тоҷикон боз дар он аст, ки солҳои кору фаъолиятам дар Ҷумҳурии Арабии Ироқ оромгоҳи Имоми Аъзамро дар минтақаи Аъзамияи шаҳри Бағдод зиёрат намудаам.
Ҳувайдост, ки арҷгузорӣ ба шахсиятҳою бузургони миллат, мисли Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ ва дигарон, омўзиши мероси гаронбаҳои онҳо аз ифтихороти миллат маҳсуб мегардад. Худшиносии миллӣ, қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат ва хизматҳои шоистаи онҳо дар рушду нумўи илму фарҳанги умумибашарӣ ва таҳкими ваҳдати миллат аз ҳадафҳои меҳварию иқдоми таърихии сарвари давлатамон мебошад.
Итминони комил дорам, ки минбаъд низ мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун яке аз пояҳои устувори эътиқодӣ ба миллати тоҷик хизмати арзанда хоҳад кард. Бовар дорам, ки уламои муҳтарами мо дар оянда низ ҳимояи мазҳаби аҷдодии мо – мазҳаби ҳанафиро аз ҳар гуна кўшишҳои реформистиву ревизионистӣ ва бегонапарастӣ бо ҷидду ҷаҳд ва саъю кўшишҳои зиёде идома хоҳанд дод.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосии таъмини озодии виҷдон ва эътиқод ва татбиқ гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иттиҳодияҳои динии бақайдгирифта мебошад. Агар дар давраи солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 34 ташкилоти динӣ, аз ҷумла 17 масҷид, 15 калисо ва ибодатгоҳи масеҳӣ ва 2 куништи яҳудӣ амал мекард, пас ҳоло дар ҷумҳурӣ фаъолияти тақрибан чаҳор зазор иттиҳодияи динӣ (масоҷиди ҷомеи марказӣ, ҷоме ва панҷвақта, ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исмоилия, 3 ҷамоатхона ва ғайра ба назар мерасад. То даврони Истиқлолият сокинони кишвари мо танҳо дар Бухоро -дар мадрасаи Мири Араб ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имконияти таълимии динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин 2 муассисаи таълими динӣ аз кишвари мо ҳамагӣ 27 нафар ҷавонон таҳсил мекарданд. Ҳисса (квота)-и мусулмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ ночиз буд. Аз ин рў, то давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар байни мусулмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буд.
Соли 1990 дар шаҳри Душанбе муассисаи таълимии олии динӣ – Донишкадаи исломии ба номи Имом Тирмизӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он ҳамагӣ 142 нафар донишҷў бо таҳсили динӣ фаро гирифта шуда буд. Ҳоло бошад, аз аввали соли таҳсил имконоти гирифтани таълими олии динӣ дар иморати нави замонавии Донишкада, ки 21 августи соли равон ифтитоҳи он бо ҳузури Пешвои азизу муаззами миллат оғоз гардид, донишҷуёни зиёде таҳсили илмро идома хоҳанд дод.
Агар дар тўли зиёда аз 72 соли ҳукумати Иттиҳоди Шўравӣ аз Тоҷикистон ҳамагӣ 30 нафар фаризаи ҳаҷро анҷом дода бошанд, пас дар даврони истиқлолият беш дусад ҳазор нафар шаҳрвандони мо бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии худ ба мартабаи баланди ҳоҷигӣ мушарраф гаштанд.
Теъдоди ҳаҷравандагон ва хоҳишмандони ба ҷо овардани ин фариза сол то сол меафзояд, ки ин падида худ яке аз нишонаҳои болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишварамон мебошад.
Имконпазир гардидани ҳамаи ин неъматҳои зиндагӣ ба шарофату фазилат ва заковати сарвари ғамхору дурандеш ва миллатдўст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Салимов Н.М.
– мутахассиси пешбари шуъбаи исломи муосир

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх