ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҶОЙГОҲИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ” ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНД

Санаи 29.08.2025 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар шаҳри Левакант бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи зан дар даврони Истиқлол” баргузор гардид.
Дар Конференсияи мазкур директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар кори Конференсия Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, муовини Раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, инчунин намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Иштирокчиён вобаста ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи муосир, дастовардҳои бонувон дар замони Истиқлол, ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба тақвияти мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ маърӯза карданд.
Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони Истиқлол занон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар рушди соҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсат ва соҳибкорӣ саҳми назаррас доранд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи баргузории Конференсия – арҷгузорӣ ба мақоми зан дар ҷомеа, тақвияти нақши онҳо дар тамоми соҳаҳо ва ҳавасмандгардонии занону духтарон ба зиндагии шоиста ва фаъолиятҳои созанда мебошад.
Инчунин даври вилоятии Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фарзанд боғи падару модар”, “Ҳамсари беҳтарин” ва “Пӯхтупази таъомҳои миллӣ ва муосир” ҷамъбаст гардид.
Ҳунарҳои миллӣ ва дастовардҳои бонувони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд, ки меҳмонон бо маҳсули ҳунар ва эҷодиёти занону духтарони ҳунарманд шинос шуданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх