ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛИ 2025-2026

Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр!
Хонандагони азиз!
Ҳамасола 1-уми сентябр чун Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дар қаламрави кишварамон ботантана таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ва махсусан кӯдаконе, ки нахустинбор ба остонаи мактаб қадам мегузоранд бо ин санаи муборак самимона табрику таҳният менамоям.
Бояд қайд намоям, ки ҳамасола дар арафаи Соли нави хониш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.
Имсол чунин мулоқот санаи 30-юми август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Сарвари давлат таъкид намуданд, ки тамоми пешрафту дастовардҳои мо, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад.
Бинобар ин, боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки соли нави таҳсил дар диёри маҳбуби мо бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳар яки моро водор месозад, ки доир бо моҳияти сулҳ, аҳамияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ бори дигар андеша ронем, ки дар ин бора Пешвои муаззами миллат дар мулоқот ба маврид қайд намуданд, ки “Мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҳамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд. Ман ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ба ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки мо бояд ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва тамоми неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем”.
Вобаста ба ин, насли наврас ва ҷавононро мо бояд дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандустӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоем.
Мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон, масъулиятшиносии падару модарон, эҳтироми аҳли зиё, сидқан рӯ овардани аҳли ҷомеа ба мактаб эътимод намуда, умедвор ҳастем, ки аҳли илму маориф ва устодони соҳибзавқ барои нақши созандаву мондагор дар тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат бо масъулияти баланди касбӣ саҳм мегузоранд.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона тадбирҳои муассир андешида, фарзандони худро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва эҳтироми либоси миллӣ тарбия намоем.
Фарорасии оғози соли нави таҳсилро ба кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон, бахусус ба дӯстрӯяконе, ки ба синфи 1-ум қабул гардиданд ва кулли сокинони шарафманди Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодату сарбаландӣ ва музаффариятҳои шоистаи таҳсилро таманно менамоям.
Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборак, омўзгорону хонандагони азиз!
Бо эҳтиром,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Холиқзода Абдураҳим Ғаффор

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх