ТАҚДИМИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ – “ИФТИХОРНОМА” АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2-юми сентябри соли равон дар толори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода мукофоти давлатӣ – “Ифтихорнома” ба сармутахассиси шӯъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Марказ Наҷотзода Мутеъулло, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардиданд, супурда шуд.
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти давлатиро ба Наҷотзода Мутеъулло табрику муборакбод гуфта, дар кору фаъолият ва тадқиқотҳои илмии соҳавии минбаъда муваффақиятҳои беназирро таманно доранд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх