ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ БА МУНОСИБАТИ 34-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамкорони азиз, мардуми шарифи Тоҷикистон !
Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям.
Истиқлолият барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ буда, рамзи озодӣ, худшиносӣ ва сарбаландии мост.
Маҳз ба шарофати истиқлолият мо тавонистем давлатдории миллии худро эҳё намоем, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва таъриху тамаддуни пурғановати хешро рушд диҳем.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо кардааст.
Сулҳу оромӣ, ваҳдат ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳз самараи истиқлолият ва заҳматҳои халқи меҳнатқарини мост.
Ҳамкорони гиромӣ!
Мо вазифадорем, ки ин дастоварди бузургро ҳифз намуда, барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватан саҳми арзандаи худро гузорем.
Танҳо бо меҳнату ваҳдат метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам шукуфонтар созем.
Дар охир, бори дигар ҳамаи Шумо – ҳамкорони гиромӣ ва мардуми шариф ва сарбаланди кишварро ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Рӯзи Истиқлолият муборак бошад, ҳамкорони азиз ва мардуми шарифи Тоҷикистон!
Бо эҳтиром,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Холиқзода Абдураҳим Ғафор

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх