Мақолаи панҷум:Бардоштҳои маънавӣ аз воқеияти фазои интернетӣ

Инсони муосир нисбат ба одамони қаблӣ бамаротиб бештар тобеи иттилоот аст. Ин нишонаи кашфи сифатҳои нави инсон аст ва ё бедории узвҳои хуфтаи эҳсосотии вай аст, ки бо шароити муайяни технологӣ ба худшиносию худнамоӣ оғоз карданд. То асри иттилоот, агар одамон эҳтиёҷмандии худро ба ақлу хирад ҳамчун зинаи баланди тафаккур, воситаи ҳалли мушкилоти зиндагӣ ва воситаи дастрасӣ ба саодати дорайн медонистанд, акнун дар бисёр аз масъалаҳои усулии ин шоҳроҳ ҷойи ақлу хирадро мақоми узвҳои эҳсосотӣ ва фарзандони вай лаззати эҳсосотӣ, кашишҳои нафсонӣ, роҳати завқҳо, қонеи кашишҳои савқи табиӣ ва амсоли инҳо ишғол намудаааст. Ин ҳолат заминаи воқеии рушди ақлу хирадро, омилҳои такондиҳандаи онро зоҳиран ва ботинан касод намуда, ба рушди кашишҳои савқи табиӣ хизмат менамояд. Тамоюли мазкур дар маҷмуъ дар майдони афзалияти ҷаҳонбиниҳо мавқеи шаклҳои мураккаби танзиманомояндаю арзишии ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва эътиқодиро заиф мегардонад. Бинобар он қадами муҳофизати ин навъ ҷаҳонбиниҳо фаъол шуданашон дар истифодаи технологияҳои рақамӣ ва иттилоотонӣ аст. Қадами сонӣ бошад дуруст камин гирифтан дар масъалаи ҳимояи хирад ва унсурҳои қувватбахши ирода, ихтиёр ва истифодаи мақсадноки озодиҳо таҳти таъсири ақл ва қонуниятҳои мантиқӣ. Маҳз фаъолнокии ҳамин навъи тамоюли ҷаҳонбиниҳо мавқеи ақлу хирад, иродаю ихтиёри инсониро дар партави озодиҳои табиӣ ва сиёсӣ устувор намуда, ғулғулаи ҳангуфти савқи табииро бо лашкари саркаши эҳсосотиаш дар асри иттилоот ба манфиатҳои аслию созанда ва мантиқию бунёдии инсон тобиш медиҳад.
Иттилоот на танҳо дар фазои муносибати инсон бо олами атроф, бо воситаҳои дониш ва усулҳои он тағйиротҳо ворид карда, сарчашмаҳои донишро табдил дод, инчунин олами беканори диданашавандаи даврии дар фаслҳои мухталифи сол қарордоштаи одамонро ба як деҳи хурди ҳамдигарро назораткунанда табдил дод. Яъне иттилоот мазмунан вақтро кутоҳ кард, масофаро бекор намуд, пардаҳоро гирифт миёни зиёд аз эҳтиёҷотҳо монеаҳоро бардошта, ҷойи таваккалу тааммул ва сабру интизорӣ омодагӣ барои муборизаро яқин намуда, сарчашмаи муноқишаю муқовиматро барои муборизаи дастрасӣ ба неъматҳо ногузир ва бебозгашт намуд. Иттилоот дар қатори ҳама хизматҳо ва сабукиҳояш барои инсони муосир таҳдидҳо эҷод кард. Кутоҳ шудани масофа, буридани вақт, сарфаи неру агар аз як ҷониб ба лаззати зиндагии инсон мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар ба нафъи манфиати молии иддае ин масофаро табдил дода, имкону фурсати андешаро аз байн бурда, вақти бахшиши гунаҳро лағв намуда, неруи ҷушзанандаи сарфашударо берун аз сарҳади манфиати умум ба худнамоӣ гузошт. Ҷаҳон ба дараҷае хурд шуд, ки хабару маълумотҳои як гўшаи олам ба нуктаи дигари он дар сонияҳои ба шумор мерасад. Истифодаи ин хабар зиёд аз масъалаҳои ҳалталаби башарӣ ва рафъи мушкилиҳою пасомадҳои вазнини молию маънавиро имконпазир намуд. Вале дар баробари ин, боз ҳам манфиати инсон, утилитаризми бентамӣ аз ин вазъият барои худ дигар аз роҳатҳои зиндагиро пайдо кард, ки реҷаи адлу инсоф ва баробарию бародариро вазнинтару пурчолиштар кард.
Равшан аст, ки дар асри иттилоот қудрату имкони ибтидоии хабар ва густариши он на дар дасти қудрати ҳар инсони ҷудогона ва низоми мувозанаи узвҳои эҳсосотии ў бевосита қарор дорад, балки он дар дасти интиқолдиҳандаи хабар, маблағгузорандаи алоқа ва таъминкунандаи иртиботи иттилоотӣ, зери таъсири селобаи савқи табиӣ қарор дорад. Пас ҳаққоният ва дурустии он низ зери назорати ҳамон неруи интиқолдиҳандаи иттилоот ва кашишҳои нафсонии инсон печида мемонад. Чунки асри ақлгароӣ бо худкомагиҳояш ва даврони ақлгароии танқидӣ бо таҳлилҳои бунёдиаш аз тафаккури Кант то Сартр ва Хабермас бо ғояи ҳамзистии осоиштааш ҳанўз ситораи бахтро наёфта буд, ғояи демократия бо озодиҳо ва давлати ҳуқуқӣ бо консепсияи тақсимоти қудрату дастрасӣ ба адолати умумаш дар қалби халқҳо аз роҳи хирад роҳ наёфта буд, ки боз ғулғулаи бозагашт ба асри ҷаҳонсозӣ дар заминаи эҳсосот бо истифодаи иттилооти рақамӣ рўи кор омад. Хабари нолозимии ақли эҷодгари худшиносу худфаҳму мубориз аз ин қарина бо баҳонаи кумак ва дастгирӣ ба ў дар шакли ақли сунъӣ, кўшишу ғайрат ва марому мақсади онро дар пешгоҳи иқдомҳо печидатар кард. Тарс аз он аст, ки мантиқи зиндагӣ ва хулосаи дискурсивӣ дар чунин ҳолатҳо натиҷаи нигароникунандаро пешниҳод доранд. Ҳикматҳои ду кадбону шавад хона норуфта мемонад, ду ёрдамчӣ шавад хўҷаин коргар мешавад ва ғ. ҳ. водор ба он дорад, ки дар ин самт бепарвоӣ ва саҳлангорӣ нашояд, балки тақсими дурусти вазоифу сарҳади амалкардҳо шарт ва зарур аст. Ба зеҳни сунъӣ такя карда ақли табииро аз кор мондан хиёнат ба ақлгароӣ аст.
Инсон бештари донишу маълумотҳоро аз дигар сарчашмаҳо мегирад, иддае аз онҳоро аксаран намебинад. Ў аслан зиндагӣ бо шунидаю дидаю хондаҳояш мекунад. Бо вуҷуди муассир будани далели дидаҳояш, ки то домони донишҳои таҷрибавӣ мерасад, ў дар баъзе аз ҳолатҳо афзалиятро ба шунидаю хондаҳояш низ медиҳад. Дидаҳо ва мушоҳидаҳо албатта, дар ҳаёт асаргузоранд, вале дар қатори дигар аз омилҳо то рафт иттилооти рақамӣ низ нуфузи онҳоро кам менамояд. Иттилооти мусавварӣ ва намоишдиҳанда бошад, мисли суратгирони касбӣ ҳамон нуктаҳои мувофиқу мусоиди манфиати худро аккосӣ карда, манзараҳои сохтаро чун ҳақиқати том пешниҳод мекунанд. Ин саҳнасозӣ то таърихсозӣ идома ёфта қимати донишҳои дидашавандаро ба касодӣ мекаашад. Иттилоот ва технологияи рақамӣ дар қатори хизмати бузурги саҳловариаш дар каминаш яроқи вазнин шикасти манбаи донишҳои моро низ доро аст. Ва ин яроқ зери фишори манфиатҳо аллакай васеъ истифода мешаванд. Тақсимоти нави ҷаҳонӣ ҳатто ба таҳрифи сабабу омили ҷангҳои ҷаҳонӣ ва оқибатҳои он даст зада, дониши андўхтаи чанд насли инсониро аз решааш табдил медиҳад. Ин ҳама ҳолатҳое ҳаст, ки на танҳо ба худшиносии инсони нав таъсир мерасонад, балки бештар аз он ба сарчашмаҳои дониши вай ва беқурбшавии онҳо назди хирад саволҳои вазнини арзишӣ мегузорад.
Гўши мо, ба сони сурохии табиии қабули итилооти дурўғин ва мафкураи мо бо донишҳои андўхтаамон ва сатҳи саводнокиамон ба ҷаҳонбинии мо хизмат намуда, дар асорати ороиши дурўғҳо ва фантазияҳои нерухои мухталифи олам қарор мегирад. Инсони муосир дар чунин ҷаҳони ноором, ки абарқудратон зери манфиатҳои миллии худ ва иштиҳои ҷаҳонхоҳиашон ба иттилооти олам рангпардозӣ ва таъсиррасонӣ мекунанд, ҳақиқатро на ҳамеша дуруст мебинад, вале дурўғро то рафт бештар мешунавад ва чун ҳақиқат мехонад. Ҳақиқати дигари ноқисии хиради инсон он аст, ки бо шунидани такрории як ҳодиса онро ба сони ҳақиқат назди идрок, бозпас ба узвҳои эҳсосотӣ ва натиҷаҳои дониш рўнамо мекунад. Магар ин ғизои носолим ба мафкураи инсон асар намегузорад, ўро аз воқеият дур намекунад? Албатта, дар чунин шароит воситаҳои ҳуқуқии манъи ин дурўғпардозиҳо дар сатҳи давлатҳои миллӣ бинобар авомили мухталифи молию технологӣ назаррас нест. Аммо воситаҳои ахлоқии монеъшавии онҳо дар замири фарҳангҳои миллӣ кам нестанд. Гузашта аз он, пандҳое, ки хосияти ҷузъӣ доштанд дар шароити рушди технология ва иттилооти рақамӣ бинобар пайдоиши заминаи васеи таъсиррасонӣ хосияти умдавӣ гирифтаанд. Панди бузургонамон дар масъалаи: «Макун бовар суханҳои шунида, Шунида кай бувад монанди дида» ва ҳикмати бузургонро дар мавзуи «На ба ҳар шунида бовар кунед» вобаста ба шароит ба ҳикмати рўз табдил меёбанд. Ин ҳама далолат барон дорад, ки дар шароити рушди бемайлони технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ, ки воситахои ҳуқуқии назорату танзими он дар сатҳи кифоя нест, зарурати ҳимояи мафкураи ҷавонон аз хатарҳои дуруғи иттилооти рақамӣ тавассути эҳтиёткории ахлоқии ниёгон аҳамияти бештар касб менамояд.
8. Сарчашмаҳои ғоявии инҳирофи иттилоот
Ҷойи шубҳа нест, ки иттилоот ҳамчун неъмат, қувва, восита, паҳнои гуфтугў ва майдони муборизаи мафкураҳо торафт бо рушди илму технологияи рақамӣ ва зиёд шудани вазифа ва мақсадҳои таркибиаш мисли хамелеон таъиноту намои худро табдил медиҳад. Мушкили асосӣ дар ин маҷро он аст, ки вай дар майдон ба манфиати моликони худ хизмат намуда, танҳо садои барои соҳибони фармон аз назари молиявӣ форамро расонаӣ карда, субъектони фаъоли фарҳангу тамаддунҳоро дар муносибат бо озу ниёзи ботинӣ ва расмиашон дар ҳолати ногувор қарор додааст. Агар қаблан халқҳои бадавии саҳронишину барбарӣ бо симатҳои ваҳшии худ тавассути нотарсию чолокӣ тамаддунҳо ва давлатҳои бузургро одатан аз нуктаҳои дури тамаддун аз бўъдҳои фарҳангҳои оламгир шикаст медоданд (И. Халдун, А. Тойнби ва дигарон), акнун дар ҷангҳои нави муборизаи пешқадамон ва қафомондаҳо иттилооти рақамӣ ва инқилоби биотехнологӣ қоидаҳои устувори худро ворид кардааст, ки дар он танҳо халқҳои тараққикарда бо хароҷоти ночиз ғолиб мегарданд. Ҷойи назари таърихшиносии А. Тойнбиро таърихфаҳмии Хелфорд Маккинддери ҷуғрофияшинос дар мисоли «муқовимати барбариҳои осиёӣ бо аврупоиҳои маданӣ» дар заминаи дастовардҳои нави технологӣ ба тарзи вижа дар таърихшиносии муосир иваз менамояд. Ҳарчанд, ки дар таърихшиносии А. Тойнбӣ мо адолати иҷтимоиро дар заминаи бепарвоии кишварҳои тамаддунӣ эҳсос мекунем, дар ғояи «хатти (тир, меҳвари) ҷуғрофии таърих»-и Х. Маккиндер мо муқовимати Аврупоиҳоро дар муқобили Осиёиҳо пайваста ва мутобиқ ба қонунияти табиӣ ба сони муборизаи ногузири мардумони пешрафта бо барбарӣ эътироф менамоем. Маҳз таҳдиду хатарҳои мардуми барбарии Осиё ба назари Х. Маккиндер омили устуворию пойдории Аврупои ғарбӣ шудааст. Ба андешаи муаллиф давлатдории устувори Англисҳо ва Фаронсавиҳо натиҷаи ҳамин муқовимати дуҷонибаи онҳо ҳам ба осиёиҳо аз як ҷониб ва ҳам бо виккингҳо, аз ҷониби дигар, будааст . Ҳатто ба назари ў «тамаддуни аврупоӣ – худ маҳсули муқовимати аврупоиён ба муқобили тохтутози осиёиҳост» . Ин консепсияи Маккиндер идомаи ғояи манфиати Т. Гобс ва назарияи ҷанги ҳама бар муқобили ҳама аст, ки бар пояи фаҳми табиати озодии ғарбӣ, ба сони «озодӣ аз касе» хайма задааст. Асли ин озодӣ дар дурнамои фикрии худ мисли «даъвои негативии» римиҳои қадим дар заминаи эҳсосоти он ки касе ба амалӣ шудани ҳуқуқҳои ман монеа эҷод мекунад ва ё таҳдиди зуҳури ин монеа ногузир аст, қувват мегирад.
А. Менталитети ҳуқуқӣ ва асари он ба кашфи адолати таърихӣ.
Дар консепсияи ҳуқуқҳимоякунии римиҳо, ки баъдан ба тафаккури муосири ҳуқуқи маданӣ интиқол ёфт, таърихан даъвои негаторӣ ва виндикасионӣ мавҷуд аст. Ҳарду навъи даъво аз шаклҳои муҳофизати ҳуқуқи моликият ба шумор мерафтанд: даъвои виндикасионӣ ба баргардонидани ашё аз тасарруфи ғайриқонунӣ равона шуда буд, даъвои негаторӣ бошад ҳимояи моликро аз халал ва монеа дар истифодаи мол таъмин мекард. Ҳамин тавр ин навъҳои класссикии ҳифзи моликият ва саодати молдорӣ то ҷое то ба зинаи консепсияи таъмини шароити озоди зиндагӣ ва саодати умум рушд карда, ҳаққониятро барои амалҳои сиёсию ҳарбии худ пайдо намудааст. Имрўзҳо дар даҳаи дуюми моҳи июни соли 2025 исроилиҳо ба Эрон ҳуҷуми ҳавоиро бо ракетаю дронҳо ба нуктаҳои эҳтимолии омода кардани неруи атомии Эрон оғоз карданд. Исроилиҳо ба гумони он ки вуҷуди неруи атомӣ дар кишвраи Эрон имкон дорад ба саодати халқи исроил латма ворид кунад дам ба дам сарҳади ин давлатро рахна карда объектҳои муайянро бомбаборон менамояд. Ҳуҷуми исроилиҳоро ба Эрон аксари дастандаркорони тафаккури англосаксӣ ва дўстони онҳо аз Аврупои Ғарбӣ ҳамчун ҳакқи одилонаи исроилиҳо дастгирӣ менамоянд, вале равиши фикри шарқӣ ва дигар минтақаҳои олам ин дидгоҳи дар заминаи эҳсосоти «даъвои негаторӣ»-и тамаддуни римӣ (actio negatoria) рўзанандаро эътироф карданӣ нестанд. Зеро дар тамаддуни шарқӣ ва равиши ташаккули фикри ҳуқуқии халқиятҳои он, дар заминаи гумону эҳтимоли пайдо шудани хатар, таҳдид ба саодати зиндагии субъект ба сони маҳдудшавии ҳуқуқ ба моликият «ҳаққи ҳимоя то ҳуҷум барои молик» дода нашудааст. Албатта, истисно дар баъзе муносибатҳои ҳуқуқи даврони зардуштия вуҷуд дорад, ки он замон умумиятҳои услубӣ дар ҳалли масоили ҳуқуқӣ байни яҳудия ва зардуштия эҳсос мешуд. Вале тамаддуни исломӣ ва баъдан тибқи анъанаи ҳуқуқии дар ин сарзаминҳо густариш ёфта, ҳамагуна чунин гумони маҳдуднамоиҳоро то лаҳзаи оқибати воқеӣ пайдо карданашон тавассути ахлоқ ва дигар меъёрҳои иҷтимоӣ ба танзим дароварда, ҳуқуқи худсарона бо гумону эҳтимолҳо воридшавиро ба ҳарими ҳарами дигарон мамнуъ эълон кардаанд. Маҳз аз ин қарина мо ба фаҳми дугонаи адолат дар ҳимояи манфиатҳои миллии мардуми Шарқ ва Ғарб мерасем (айнан чунин тафовути мухолифатангезро мо дар фаҳми озодии шарқии русҳо ва ғарбӣ мушохида мекунем), ки дар саргаҳи он ду халқияти тамаддунҳои мухталифи решабатаърихи эҳсосотӣ бо хиради баланди худшиносӣ қарор гирифтаанд. Замоне, ки ин равишҳои фикрӣ бо вижагиҳои мантиқи зиндагӣ ва оҳангҳои ҳуқуқӣ дар паҳнои тамаддунҳо умумият доштанд, онҳо пушту паноҳи ҳамдигар будаанд. Даврони Куруши кабир ва кўмакҳои таърихии ў ба мардуми яҳуд, ки номи ўро дар китоби муқаддаси яҳудия ҷойгир намудааст, танҳо силаи раҳми эронӣ не, нусхаи баргузидашудаи шахсияти Куруш не, балки бештар аз он умумияти равиши фикрӣ ва тамаддунии ин халқиятҳо дар замони муайян ва шикастани қудрати Навуходоносари бобулӣ дар сарҳади салтанати форсҳо будааст.
Ба назар чунин мерасад, ки кофтукови нуқтаи адли ҳимоя ва такягоҳи асли саодати зиндагӣ миёни халқу миллатҳо дар сатҳи шуури ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ба решаҳои таърихию ҳуқуқии ҳимояи нахустсарчашмаҳои зиндагӣ, аз назари генетикӣ такя менамоянд. Албатта, Эрон барои ин кирдорҳо ҷавоби ҳарбӣ ва гулулаброни ҷавобӣ менамояд, ки он ҳам решаҳои таърихии фаҳми адолат ва гирифтани қасосро мемонад. Аммо ин ҳама як тарафи воқеияти мухолифатангези фарзандони Одам аст, ки ҳама доди адолат, ҳақиқат ва озодӣ менмоянд. Аз ин қарина намешавад, ки онҳоро якҷониба маҳкум кард, чунки таърих зери фишори манфиат дар замону макон онҳоро то ин зинаи фаҳму қабули арзишҳо овардааст. Пас решаи асли муноқиша дар дугона фаҳмидани арзишҳо ва неъматҳои зиндагӣ аст, ки то ба сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ бо манфиатҳои дигар омезиш ёфтаанд. Диплолматияи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфўзи байналмилалӣ низ ҷойи дарку фаҳми ин гуногунӣ ва ҷустани роҳҳои ҳамоиши онҳо, зери фишори манфиати абарқудратони минтақавию башарӣ сиёсати тақсимоти анъанавии оламро идома медиҳанд.
Б. Дарки воқеияти рушди башар низ аз дурустии итилоот аст.
Тарафи дигари воқеияти зери ин кафобаи вазнини гирдоби сиёсати ҷаҳонӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ қарор гирифта он аст, ки муҳаррик ва тобишдиҳандаи ин оби ноороми саодати халқҳо маҳз иттилоот бо мазмуни пуррааш баромад намудаистодааст. Тамоми рафти ҳуҷумҳо, аз ҷосусии минтақаҳо то вориднамоии ракету тупҳо ҳамагӣ тавассути иттилооти муосир ташкил, идора ва амалӣ мегардад. Аҷиби дигар он аст, ки таърих дар пасманзари ин адлковиҳои миллатҳои нав ба сони рўйдодҳои як марди нимахирадманду нимаэҳсосотӣ, нимаҳушёру нимадевона ба чунин амалҳои ғайричашмдозе даст мезанад, ки хеҷ як оқил ва мутафаккири доно на танҳо чунин амалҳоро эътироф намекунад, балки пешгўии онҳоро дар таърихсозии башар эҳсос ва пешгўикарда наметавонад. Ин аст, ки чунин ҳаракати чархи таърихро дар ин лаҳзаҳои эҳсосотӣ, хирадманду оқилони замона пешгўӣ карда наметавонанд. Зеро худи таърих ва чархи рўйдодҳои он дар чунин лаҳзаҳо оқилона ва дар маҷмуъ хирадмандонаю мантиқӣ нестанд. Бинобар он ҳангомагўёну мардумони эҳсосотии сиёсӣ ва илмӣ, дар чунин вазъиятҳо бештар ҳақиқатнигорона ояндабинӣ менамоянд. Ин як ояндабинии хос нест, балки силсилаи иттилооти васлшавандае аст, ки таърих месозад. Агар сарчашмаи иттилоот, бо унсурҳои иттилоотдиҳанда ва нерую ҷисми иттилокунанда мувофиқ ояд, иттилоот ба таърихсозии пешгўишаванда муваффақ мегардад.
Омили ин мувофиқат на симати каромоти паёмбарии идае аз архитекторони сиёсӣ ва пешгўяндагони чархи таъриханд, ки баъзеҳо чунин вонамуд менамоянд, балки мувофиқати хислати онҳо, яъне фолбинони сиёсӣ бо дастандаркорони сиёсии замон аст. Яъне иттилоъдиҳанда хислати иттилоъсозандаро доро буда (аниқатраш фаҳм намуда), ба дарки иттилооти рўхдиҳанда мерасад. Бузургони мо гуфтаанд: «Ҳоли нодонро ба ҷуз нодон намедонад касе» дар фаҳмиши ин масъала кўмак мекунад.
Хислати таърихи башар ва ҳаракатдиҳандагони он агар дар он зинаи фаҳме қарор гиранд, ки мувофиқ ва ҳамоҳанг бо тафаккури архитекторон ва фолбинони сиёсӣ гардад, пас иттилооти додаи онҳо ҷанбаи воқеӣ пайдо мекунад. Чунончи ҳодисаҳои охири сиёсати башарӣ ва вазъи геоиёсӣ ва ҳарбии оламро дар 15 -25 соли охир сиёсатмадори рус В.В. Жириновский пешгўӣ кард ва аксари ҳодисаҳои гуфтааш ҳақ баромаданд. Саҳнаю рўйдодҳои таърихӣ (иттилооти воқеӣ – дефакто) тобеи хислати архитекторони таърихӣ ҳастанд (сиёсатмадорони машҳур ва роҳбарони сиёсӣ – иттилосозони иҷтимоӣ) ва инъикоси дурусти онҳо вобатсагӣ дорад аз сатҳ ва сифати иттилодиҳанда, ки то кдаом андоза ба дуи аввал мувофиқат мекунад. Агар иттилодиҳанда аз назари фаҳм ва усули муносибат ба тафаккури муайянкунандаи равиши марказии рушди башар муфовиқат намояд, иттилоот ба ҳамон андоза воқеӣ ва пешгўишаванда мегардад. Ҳамин тавр, сиёсати ҷаҳонӣ бо ҳама пастию баландӣ, рушду нумуъ ва ҷангу ҷидолҳояш иттилооти воқеӣ аст, таърихи оянда иттилооти оянда аст, ки ҳарду ба сатҳ ва сифати фарҳанги сиёсӣ, ҳуқуқӣ, боварҳои халқҳо ва низоми сиёсии онҳо тавъаманд, ки пурркунандаи унсурҳои иттилоотӣ ҳастанд. Инсони муосир, ҳамчун ҷузъи, атоми иттилоотии иттилооти бузург – тамаддун аст, ки дар вуҷуди биологӣ ва маънавиаш бори амонати таърихи таҳаввули биологӣ, фарҳангӣ ва мафкуравиро дар стаҳи муайян доро аст. Барои фаҳми дурусти ў, рушди зиндагияш ва саодати ояндааш ин нуктахои иттилоотии вай бояд комил омўхта шавад.
В. Афзалияту бартариҳо на танҳо нобаробарӣ инчунин ноадолатиҳоро тавсеа медиҳанд
Ибтидои асли назарияи саодати ин усули ҷомеасозӣ зўрӣ, муқовимати доимӣ, кўшиши ғуломкунии халқҳои дигар аст, ки имрўз ба дастовардҳои илму техника ва муноқишаи тамаддунҳо хуб такя мекунад. Муҳим дигар он нест, ки мақсади ниҳоӣ дар ин мубориза ҳимояи манфиат аз таҳдидҳо аст ва ё ғорат кардани халқҳои дигар. Яқин аст, ки ғоратнамоӣ далелу бурҳон нест, вале ҳимояю муқовимат барои химояи манфиатҳо мафкураро ба самти ноадолатиҳо мантиқӣ ва ғаразнок ҳидоят мекунад. Маданияту фарҳанги идоракунии башар аҷиб дар васати мубоқимати манфиатҳо ташаккул ёфтааст. Албатта, муборизаи байни мардуми осиёии ғуннҳо, аварҳо, булғорҳо, мадёрҳо, хазарҳо муғулҳо ва дигарон барои зиндагии осоишта ва саодатманд бо Олами куҳан таъсири худро ба шаклгирии онҳо дошт, вале онро наметавон ба ҳеҷ ваҷҳ аз назари илмӣ омили томи зоиши фарҳанги аврупоӣ номид. Зеро тавлид ва рушди фарҳанг ба замми омилҳои муҳофизатӣ назаран омилҳои дохилии худро бо равандҳои мураккаби модию маънавӣ бояд доро бошад. Ин, албатта, назаран чунин бояд бошад, вале амалия дигар ҳақиқат мегўяд. Агар мо раванди ташаккули фарҳанги Аврупоро мисли онҳо дар заминаи ҳамин фишор дарк ва эҳсос кунем, пас шакли инсондўстию оламофаринии инсондўстонаи онҳо ба ғайр аз афсона чизи дигаре нест. Зеро ҳар тамаддуни дар натиҷаи муқовимат тавлид шуда, зотан қудрати худро чун мероси волидонаш ва ҳадафи бузургонаш дар худ таҷассум мекунад. Воқеияти ноодилонаи низоми башарӣ ба фоида ҳамин ҳақиқат ҳарф мегўяд.
Христофор Колумб бо дидани заминҳои нави Ҳиндустон табиати муносибати миллати Аврупоро ба қавмиятҳои кашфшуда ошкоро гуфта буд: «ин қавмиятҳо бо вуҷуди бесавод, бенизом ва сода буданашон, барои мо мардуми Аврупо ғулому хизматгорони хуб мешаванд». Аввал ин ки, худи суханони Колумб хабар буд, яъне иттило, иттилои воқеӣ. Иттило аз хислату мароми сиёсатсозони Авупо, ки баъдан ин иттилоро хамчун нақша бе каму кост амалӣ карданд. Бале ҳақиқати кашфиётҳо ва дастовардҳои нав аз кунгураи афзалияту бартариҳо ба мардуми кашшоф ин равиши фикриро таҳмил мекард. Дар ин майдони мубориза иттилоот ҳамчун восита ва раванди рушди нобаробариҳо хизмати арзанда кардааст.
Аммо бо вуҷуди ин ҳама дар таърихшиносии муҳаққиқони аврупоӣ баъзе аз масъалаҳои муҳимми ҳақиқати талхи таърихӣ то ҷое дида мешавад. Мисол, дар масъалаи экспансияи аврупоии олам аз ҷониби мардуми Аврупо, ҳамчун меросбарони фарҳанги юнонӣ ва римӣ. Меросбарони юнонӣ, ки аслан славянҳои насронӣ буданд роҳи хушкии забти оламро пеша карданд, аммо тевтонҳои таҳти тасъири римиҳо қароргирифта роҳи обии забти оламро интихоб карданд .
Ҳақиқати талхи Х. Маккиндер он аст, ки аз ду қавми ҷангҷўи аврупоии асрҳо дар муқовимат қарордоштаи юнониёну римиҳо ду қисмати нави Аврупои тасхиргар рў зад, ки яке (русҳо) роҳи ғоратро ба сўи сарзаминҳои хушкӣ тобиш доду дигаре (Англия, Фаронса) ба забти сарзаминҳои дар пушти обҳои калон қароргирифта даст зад. То ҳанўз ҳам таъсири тири ҷуғрофии таърих дар масъалаи манфиати ин кишварҳо дар паҳноҳои Осиё, Африқо, Амрико, Австралиё дар шароитҳои нави ҷаҳонишавӣ вусъат ёфта истодааст. Ҳарчанд, ки хатти ҷуғрофӣ то паҳнои материки Атлантикаю паҳнои саёраҳои дигари кайҳонӣ кўшиши хазидан дорад, вале ҳанўз бисёр аз масоили мубрам дар қаъри ин «тири ҷуғрофии таърих» дар тақдири кишварҳои рў ба рушд дар ҳалқаи печидагиҳои мафкуравист.
Диектори
Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А. Ғ.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх