Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи МД “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши илмию назариявӣ бахшида ба 34 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон баргузор карда шуд.
Ҳамоишро директори Марказ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор ҳусни оғоз бахшида, оид ба муҳимтарин арзишҳои даврони истиқлол ва арҷгузорӣ ба ватану миллат ва ҳифзи Истиқлолият изҳори андеша карданд.
Дар идома, муовини директори Марказ Ваҳобзода Абдураҳмон, сардори шуъбаи пажӯҳиши анъана ва ҷашну маросим Одинашоҳ Вализода, сармутахассиси шӯъбаи пажӯҳиши исломи муосир Салимов Наҷмиддин, сармутахассиси шӯъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Шарифова Санавбар, мутахассиси пешбари шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Холиқова Маҳфуза, Абдусаломов Мирзошариф ва дигарон суханронӣ ва ибрози назар карданд.
Қобили зикр аст, ки Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик дар замони нав аст. Маҳз истиқлолият ба мардуми мо имкон дод, ки соҳибихтиёрии давлатӣ ва сарнавишти миллии худро мустақилона муайян намуда, роҳу равиши рушди сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавиро худ интихоб намояд. Яке аз муҳимтарин арзишҳое, ки истиқлолият таъмин кард, озодии эътиқод ва боварҳои мардум мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардид, озодии виҷдон ва озодии эътиқод ҳамчун ҳуқуқи асосии инсон ва шаҳрванд эътироф шудааст.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз тарафи директори Марказ ба ҳайати кормандон барои ҳавасмандӣ кӯмаки молиявии якдафъаина расонида шуд.
Ҳамин тариқ, ҳамоиш бо табрикоти директори Марказ ва ҳайати кормандон анҷом ёфт.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ