Бояд эътироф намуд, ки ибораи «исломи дунявӣ» барои аксарияти аҳли ҷомеа, ба хусус дингароён хеле хандаовар ва ҳам гӯшхарош садо хоҳад дод. Ин ҳам бесабаб нест, зеро дар атрофи мавзуи мазкур, яъне «Оё мумкин аст, ки дини ислом дунявӣ бошад?» ҳам дар фазои илмӣ ва ҳам динии ҷомеа на танҳо таҳқиқи ҷиддӣ сурат нагирифтааст, ҳатто андешаю тааммул намуданро низ ҷоиз намешуморанд. Ҳолати мазкур бешак ба сабаби чорчубаи андешарониест, ки дингароёни ҷомеа ба туфайли ҷаҳолати худ дар зеҳни аҳли ҷомеа ҷой намудаанд. Масалан, чӣ тавр мешавад, ки бандаи муъмин худою расул ва таълимоти онҳоро дар як тараф гузошта, фикри дунёро кунад?
Дар робита ба мавзуи мавриди матраҳи мо бояд ёдовар шуд, ки тахминан як қарн пеш ибораҳои «исломи бунёдгаро» (фундаменталистӣ), «исломи тундгаро» (радикалӣ), «исломи ифротӣ» (экстремистӣ) низ гушхарош ва ғайримақбул буданд, лекин имрӯз ба сабаби воқеият будани падидаю равандҳои мазкур фазои диниию илмии ҷомеа ба чунин номҳо одат намудааст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ мо ҳақ надорем, ки аҳли қибларо аз имон хориҷ намоем. Сониян, агар хуб аст, агар бад, онҳо аз номи ислом баромад мекунанд ва худро ҳомиёни дини ислом муаррифӣ менамоянд. Бинобар ин, қишри мазкур бо мавқеи ишғолнамудаашон, новобаста аз пазируфта шудан ё нашуданаш аз ҷониби аҳли ҷомеа, навъи хоси исломро ба маъраз мегузоранд. Аз нигоҳи ин ҷониб, ибораи «исломи дунявӣ» – ро низ чунин сарнавишт интизор аст. Бе шак баъд аз чанде ибораи мазкур низ маъмулӣ мегардаду мусулмонони хирадпешаю фарҳангсолор ва ҳамқадами замон онро ба хушӣ мепазиранд, зеро воқеияти динии имрӯза ба таври равшан ба ҳастии он ишора менамояд.
Гузашта аз ин, чаро дини ислом вобаста ба муносибат ба Алӣ – домоди пайғамбар ба исломи шиа ва суннӣ, вобаста ба пешвои мазҳабӣ ба исломи ҳанафӣ, шофеӣ ва ғайра, вобаста ба вижагии таълимот ба исломи муътадил, бунёдгаро, ифротӣ ва ғайра, вобаста ба марҳилаи рушд ба исломи қурунивустоӣ, муосир ва ғайра, вобаста ба мансубияти ҳудудӣ ба исломи саудӣ, туркӣ, мовароуннаҳрӣ ва ғайра, вобаста ба мансубият ба равияҳои мухталиф ба исломи салафӣ, ихвонӣ, ваҳҳобӣ, таҳрирӣ ва ғайра тақсим шаваду вобаста ба муносибаташ ба арзишҳои дунявӣ, таъиноти воқеии иҷтимоияш, яъне ҳадафаш барои ҷомеа тасниф нашавад?
Агар меъёри охир, махсусан таъиноти иҷтимоии дини исломро ба асос гирем, чунин саволе пайдо хоҳад шуд, ки дини ислом чаро пайдо шуд? Вай чӣ ҳадафе дошт? Барои пайдоиши он зарурате буд ё не? Оё ҷомеа дар арафаи пайдоиши дини ислом ба чунин як ислоҳи динӣ-фикрӣ ниёз дошт? Баъд аз пайдоишаш вай омили пешрафти ҷомеа гардид ё омили боздошти рушд? Дар ҷомеаи он замон ин пешрафт, агар сурат гирифта бошад, дар чӣ ифода меёбад? Агар таълимоти ислом омили боздошт гардида бошад, сабаб чист? Агар пешравие дар ҷомеа ба туфайли дини ислом сурат гирифта бошад, пас, оё дини мазкур имрӯз низ қодир аст, ки ҳамчунон пешрафтеро барои пайравонаш эҳдо намояд? Хулоса, чунин навъи саволҳо хеле зиёданд ва ҷавоб ба онҳо дар ҳар шакле набошад, ба ҳадафу таъиноти дунявӣ доштани дини ислом далолат менамояд.
Дар баробари ин, агар зимни андеша доир ба исломи дунявӣ мавқеи мухолифро ба асос гирему ҳадафи исломро на дунёи заминӣ, балки дунёи ухравии ҷовидона қарор диҳем, чуноне, ки баъзе ояту ҳадис ба он ишора менамоянду аксари муллою эшон ва мавлавиҳо дар мавъизаҳои худ онро гаштаю баргашта таъкид менамоянд, дар чунин ҳол савол пайдо мешавад, ки чаро Худованд одамонро то содир кардани гуноҳу аъмоли хабисонаашон дар ҷаннат ҷой надоду замини покро аз нопокӣ ҳифз накард? Дар чунин ҳол зарурат ба дин ҳам пайдо намешуд. Ё чаро дингароён, ки пайваста дар бораи дунёи фонию боқӣ пайваста сухан меронанду муваққат будани ин дунё ва ҳадафи асосӣ будани ондунёи пурайшу неъматро боисрор таъкид менамоянд, ба он дунёи ҷовидона бидуни андешаю саҳлангорӣ саъй наменамоянд, то ҳар чӣ зудтар аз он неъматҳои ҷовидона баҳраманд шаванд? Вақте сарватманде пешвои динро ба хонааш даъват менамояд, ӯ ба хотири арзиши дунявии муваққат ба онҷо мешитобад, дар ҳоле, ки неъмати ондунёӣ аз неъмати ин сарватманд миллионҳо маротиба пурарзиштар аст, аммо дар шитоб ба ин неъмати бебаҳо саҳлангорӣ менамояд. Ҷавоб ба саволҳои мазкур осон нест ва ҳар гунна ҷавоб ба таъиноти дунявии дини ислом далолат менамояд.
Ҳамзамон, агар дар зери мафҳуми «ислом» исломи бунёдгароро, исломеро, ки ваҳҳобиҳою салафиҳо ва ҳаммаслакони онҳо таълим медиҳанд, яъне зимни таълими ислом рафтору гуфтори паёмбарро дар шакли анъанавӣ ва маъмулгардида ба роҳбарӣ гирем, дар чунин ҳол саволе пайдо мешавад, ки чаро худи бунёдгароҳо талаботи мазкурро риоя намекунанд? Агар, гуфтору амалкарди Муҳаммад муайянкунанда бошад, пас, чаро гурӯҳҳои номбурда сару либос, ҷойи манзил, муносибат ва шароити зисташонро чун шароити зисти Паёмбар намекунанд? Магар дар коре ба Паёмбар пайравӣ кунанду дар кори дигар не, ин мунофиқӣ маҳсуб намеёбад? Агар бунёдгароҳо иддао намоянд, ки имрӯз замона дигаргун гаштааст ва онҳоро аз муосир намудани тарзи зисти худ ҷойи гурез нест, пас, ислом низ бояд дар тамоми масоили зиндагӣ муосир бошад.
Барои собит намудани ин ки дини ислом дар асл дини дунявист, яъне вобаста ба шароит амал намудан айни таълимоти дини ислом аст, мо метавонем ҳолатҳои зиёдеро аз зиндагии паёмбар чун мисол зикр намоем. Қобили зикр аст, ки паёмбар дар Макка дигар шахсият асту дар Мадина дигар шахсият, яъне ду шароити мухталифи фаъолият ду шакли мухталифи муносибатро дар рафтори Муҳаммад эҷод намуда буданд. Магар ҳолати мазкур чунин маъно надорад, ки Паёмбар вобаста ба шароит, яъне омили сиёсию иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳатто иқтисодӣ амал мекард? Дар китоби «Зиндагонии Муҳаммад (с)» и Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал, саҳифаи 487 омадааст? « Муҳаммад (с) пас аз он ки ба воситаи қарордоди Ҳудайбия ва исломи фармондори Яман аз ҷониби ҷануб бовар ҳосил кард, ба ноҳияи Шому шимоли Арабистон рӯ овард» (саҳ. 487). Чунин ҳолатҳо дар фаъолияти паёмбар хеле зиёданд. Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал ҳамчунин доир ба ҷанги Табук менависад, ки «Вақте мусалмонон ба Табук расиданду Муҳаммад (с) аз бозгашти сипоҳи Рум хабардор шуд ва бидонист, ки румиён аз бисёрии сипохи мусулмонон тарсиданд, таъқиб кардани онҳоро дар дохили кишварашон муносиб надид»(Ҳамон ҷо; саҳ. 567). Бояд зикр намуд, ки чунин маълумоти муаррихон баҳснок аст. Зеро дар ҷанги Муъта мусулмонон бо се ҳазор ҷанговар ба муқобили сад ҳазор ё дусад ҳазор лашкариёни Рум ҷангиданд(Ҳамон ҷо; 487), аммо дар ҷанги Табук гӯё аз таъқиби ҳарифи тарсида худдорӣ карда бошанд. Ҳамчунон маълум аст, ки Паёмбар дар Арабистон ба хотири «ғанимат» ба қабилаҳои мушрикон пайваста ҳамла мекард, аммо ин навбат аз таъқиби румиҳо, яъне аз ғанимати фаровон, ки барои он роҳи дуру дарозро паймуда буд, худдорӣ карда бошад. Эҳтимол меравад, ки имконияти таъқиби душман вуҷуд надошта бошад. Ба ҳар ҳол як чиз мусаллам аст, ки паёмбари мусулмонон дар ҳама ҳолат вобаста ба шароит, яъне омили дунявӣ амал мекард.
Далели равшани вобаста ба шароит амал намудани паёмбар муносибати ӯ бо мушрикон дар Макка ва Мадина аст. Дар Макка дар пушти Паёмбар мушрикон шикамбаи шутуру гӯсфандро мепартоянд, на худи ӯ ва на ягон мусулмон вокуниш нишон намедиҳад, ба ҷуз духтараш Фотима, ки он шикамаҳоро дур мепартояд, аммо дар Мадина ӯ пайваста дар пайи озори мушрикон буд. Ҳамчунин дар нисбати душманони собиқи худ низ ӯ яксон муносибат накардааст.Пас аз фатҳи Макка Муҳаммад фармон медиҳад, ки Абдуллоҳ ибни Ҳанзалро бо ду ғуломаш бикушанд. Абдуллоҳ ибни Ҳанзал ба ду ғуломаш амр дода буд, ки ашъоре дар ҳаҷви Муҳаммад бихонанд(Ҳамон ҷо; саҳ 517-518). Дар ҳоле, ки Паёмбар Ҳинд бинти Утба – зани Абусуфёнро мебахшад. Ҳинд бо як ҳамқабилааш ба куштани амаки паёмбар – Ҳамза дар ҷанги Уҳуд навкар киро карда буд. Баъд аз кушта шудани Ҳамза Ҳинд ваҳшигии худро ба маъраз гузошта, шиками ӯро чок менамояд ва ба ҷигари Ҳамза дандон мезанад. Ё баъд аз ҷанги Тоиф ба навмусулмоншудагон, ки чанде пеш душмани сахттарини Муҳаммад буданд, ғаниматҳои зиёдтар медиҳад ва ҳатто ҳиссае аз саҳми худро низ ба онҳо ато менамояд, ки ин норозигии ансорро ба вуҷуд меоварад.
Бешак яке аз далелҳои муътамадтарин бар дунявӣ будани дини ислому пайғамбари он Паймони бастаи мусулмонон бо яҳудони Мадина мебошад. Маводҳои Паймон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки паёмбари ислом дар бунёди ҷомеаи мусулмонон тамоми авомили дунявиро ба инобат мегирифт (Шайх Сафиюрраҳмон Муборакпурӣ, Хуршеди нубувват (Тарҷимаи «Ар-раҳиқ-ул-махтум»), 2002, саҳ. 402-403).
Хулоса, агар далоили мантиқии овардашударо мавриди тааммулу тааққули ҷиддӣ қарор диҳем ва ҳамзамон иддаои дингароёнро, дар хусуси он ки дини ислом барои ҳамаи давру замонҳост, ба инобат гирем, мо ба чунин хулосаи комилан дуруст ва реша дар воқеият дошта мерасем, ки дини ислом дини дунявист. Мо бояд аз дунявӣ маҳсуб донистани дини ислом наҳаросем, балки саъй намоем, ки бо мутобиқ гардонидани таълимоти дин ба муҳитҳои нави пешрафти ҷомеа, ҳамқадами замон будани он, ба дастовардҳои мухталифи илмӣ зид набудану баръакс дар кашфиётҳои бузурги илмии башарӣ саҳм гузоштани мусулмонон дунявӣ будани дини худро собит намоем. Агар зимни шинохти дини ислом чунин аслро ба роҳбарӣ нагирем, мо ба баҳри беканори ихтилофоти ақлию нақлӣ дар дини мазкур ворид мешавем.
Муовини
директори Маркази исломшиносӣ
Абдухалилзода К.А.