Ҷаҳонишавии манфиатҳо ва дурнамои ташаккули давлатҳои миллӣ

Холиқзода А.Ғ.[1]

Яке аз дӯстони ҳамкорам[2] рӯзе дафтари ашъори худро назди ман овард, ки ҳанӯз расман аз чоп набаромада буд. Пас аз варақ задан чашмам ба як ғазале афтод, ки байни он ин байтҳо дарҷ шуда буданд

Муъҷизи пайғамбарону саъйи шоҳон суд накард,

Содагӣ бин: фикри таъмири ҷаҳон дорам ҳанӯз.

Ин ҷаҳон мизбону ман дар хонаи ғамхонааш,

Меҳмонам хешу фикри меҳмон дорам ҳанӯз.

Чун он шабу рӯз сари масъалаҳои ҷудогонаи сиёсати ҳаҳонӣ ва мавқеъгирии ҳуқуқ дар ҳалли муноқишаҳои фаромиллӣ  фикр мекардам, бо бисёр аз масъалаҳои печидаи замони нав, ки илоҷашон берун аз имкони фикрии аҳли илм буд, фикран рӯ ба рӯ шуда буда, ба нотавонии ақл дар ҳалли қазияҳои тавлидкардааш фикр мекардам, ин навиштаҳоро муносиби ҳоли худ дидам.

Инсоният дар остонаи ҳазораи се истодааст. Назаре ба таърих бо вуҷуди ҳама мушкилию нобасомониҳо ва ҳама вайронию сӯзон­данҳо, ҳама пинҳону ошкорҳо оинаи хираи 4-5 ҳазорсолаи таърихи аҷдодонро рӯшноӣ медиҳад. Аммо назар ба оянда ва қутби сад соли ояндаи давлатдории кишварҳои олам на танҳо торик, балки дар бештари мавридҳо ғайричашмдошт менамояд.

Асри ХХ босуръат арзиш ва қоидаҳои зиндагиро тағйир дод ва чунин шаклҳои бениҳоят устувори оламгири андешаи сиёсӣ ва иқтисодӣ чун фашизм, сотсиализм ва капитализми колониалиро аз саҳнаи сиёсии ҷаҳон берун сохт. Интиҳои роҳи дугонаи таърихӣ (сотсиализм ва капитализм) на танҳо онҳоеро, ки дар чорраҳаи интихоб сарсон монданд, инчунин онҳоеро, ки нобудшавии режими шуравиро мехостанд, бо ҳодисаҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ намуда, ба тамоми аҳли сайёра даъват партофт, ки доир ба фардои сайёра ва роҳи ояндаи кишварҳо андеша намоянд. Ҳаҳони бо мафкураҳои мухолифи муқовиматзо аз ҳаҳони бе мафкураҳои мухолиф оромтару одилтар намудор шуд. Охирин ҳамаро ба муқобили ҳама бо равиши Томас Гоббс думболи манаиатҳои миллӣ гузошт. Онҳо пайравони ду идеология рақибу душмани ҳам буданд, акнун ҳама барои ҳама душман шуд.

Ин ҳолат дар назди олимоне, ки фазои муътадили инкишофи оламро дар нигоҳдошти мувозинат медиданд, вазифаҳои боз ҳам мураккабтар гузошт. Назарияи диалектикӣ ва дихотомии инкишофи олам дар як муддат рӯ ба мушкилии марговар овард. Мардҳои абарқудрати илм миёни худро баста, дар асоси таҷриба ва қонуниятҳо ояндаи кишварҳои олам ва сиёсати ҷаҳониро тарҳрезӣ карданӣ шуданд. Пешгӯии ояндаи инсоният оғоз шуд. Ин пешгӯӣ ба ҳар ҳол аз оромии илмӣ беҳтар буд. Назарияи интиҳои таърихи Ф. Фукуяма, муноқишаи тамаддунҳои С. Хантингтон, дидгоҳи тахтаи шоҳмоти З. Бжезинский ва гуфтугӯи тамаддунҳои Ҳотамӣ харитаҳои мухталифи олами оянда ва рӯзномаи театри ояндаи ҷаҳонро ба тарзи худ тарҳрезӣ мекарданд.

Ювал Ной Харари устоди Донишгоҳи Аврупо дар Исроил дар заминаи эҳсоси ҷадиди инқилобҳои биотехнологӣ ва технологияи рақамӣ тақдири буҳрони нави демократияи либералиро дар қиёс ба буҳронҳои солҳои 1918, 1938 ва 1968 дар ибтидои асри ХХI вазнинтар аз ботини ин ғояи ғолиб кашф кард. Ба назари ӯ демократияи либералӣ ки бар фашизм ва коммунизм ғолиб омад, акнун ботинан ба мушкилиҳо мувоҷҷеҳ шудааст, илова бар он, рафиқҳои стратегии ин ҳодиса ба мисли инқилобҳои технологӣ ва иттилооти рақамӣ бо тарзи ба худ хос ба он таҳдид мефиристанд. Инсониятро ба ҷои эраи истисмори меҳнати инсон акнун даврони истисмори вазнинтар дар шакли «корношоямӣ»[3], яъне таҳдиди «бекормонии умумӣ» интизор аст. Охирӣ аз дигар навъҳои истимор ба маротиб вазнинтару сангинтар менамояд.

Демократияи либералие, ки бо ислоҳоту гузаштҳо тавонист худро вобаста ба шароити макону замон мувофиқ намояд, аз ғояҳои муқобили худ сабақ бардорад, оё имкон дорад, ки худро аз ин иллатҳои ботинӣ, ки дар ҷанини демократияи Амрико дар замони ҳукмронии аввали Трамп зери шиори «Америкаи бой» ва дар ботини миллатгароии англисӣ дар райъдиҳӣ барои Брекзит ҷиҳати баромадан аз Иттиҳоди Аврупо рӯ зад, табобат бахшад. Миллатгароӣ ва манфиатҳои давлат­ҳои миллии пешоҳангҳои демократияи либералӣ дар ҷанини модардавлатҳои худ тухми афзалияти сарҳадӣ ва ҳудудиро кошта, тақдири демократияи либералиро ҳамчун ҳодисаи фарогири мафкуравӣ ба тангно кашидаанд.

Либерализм таърихан ба рушди иқтисодӣ такя карда, тавонист дар замонаш пролетариатро бо буржуазия алайҳи ғояи ҷангҷӯёнаи ком­мунистҳо оштӣ диҳад, ҷанги байни атеистону диндорони шуравиро ҳамчун таълим қабул карда, байни онҳо муросо муҳайё созад, ба қувваи истеҳсолот ва муҳоҷирати ногузири низоми сармоядорӣ роҳ кушода, дар васати муҳоҷирон ва мардуми таҳҷоӣ ҳамзистии осоиштаи шаҳрвандӣ ва миллиро ташаккул диҳад, сарҳади тафовути Осиё ва Аврупоро дар байни реҷаи давлатсозии худ беранг гардонад (Туркияро ҳамчун кишвари аврупоӣ ба Иттиҳоди Аврупо қабул намесозад – А.Х.) ва ба ҳар тоифаву ҳар гуруҳе аз даромади ҳангуфти сармояи худӣ бурдае, луқмае ва ҳиссае пешниҳод намояд[4].

Либерализм ҳамчун ғояи мулоим дар раванди таърихӣ ба дигаргуниҳо рӯ оварда, худро аз марги буҳронҳо наҷот медиҳад. Акнун либерализм ҳамчун ғоя бо миллатгароии ботинӣ дар шароити рушди технологияи рақамӣ ва биотехнология, ки аз дохил ба аслҳои он таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ шудааст. Аҷиб он аст, ки агар то ин вақт он аз душманони худ баъзе аз амалкардҳоро меомӯхт ва ногузир онҳоро ба тарзи хос барои худ қабул карда, худро аз мушкилиҳо ҳамчун ҳодисаи такмилёбанда наҷот медод, акнун ҷузъҳои дохилияш ба он қонуният ва арзишҳоеро пешниҳод менамоянд, ки ҳодисаи томро ҳамчун мафкура ба фасод мекашад.

Ҳолати мавҷудае, ки Ю.Н. Харарӣ масъалагузорӣ менамояд ва роҳи ҳалли онро дар «21 сабақ ба асри ХХI»[5] пешниҳод менамояд, ба гумон аст, ки масъаларо ба пуррагӣ ҳал намояд, зеро аксар масъалагузориҳои ӯ дар заминаи инқилобҳои ҷадиди биотехнологӣ ва технологияи рақамӣ мушкилиҳои муайяни мафкуравиро доро буда, тобеият ба шаклгароӣ ва алгоритми мантиқӣ дорад, ки на ҳамеша ба табиати шуури инсонӣ ва мавқеъгириҳои ақлӣ вобаста ба замону макон созгор мебошанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, дидгоҳи ӯ аз назари таҳлилӣ ва дарки мушкилиҳои ҳаёти инсонӣ дар садсолаи ҷорӣ бисёр диққатҷалбкунанда ва то ҷое имкон­пазиранд.

Олимони ҳуқуқшиносу сиёсатшиносони сатҳи ҷаҳонӣ аз интиҳои асри ХХ сар карда, эҳсоси тобиши бузурги маънавию фарҳангӣ ва тақвиятёбии омилҳои муноқишаи манфиатҳоро дар паҳнои тамаддунҳо дарк карда, ҷиҳати роҳу усулҳои воридшавӣ ва хуруҷ аз онро бо назардошти манфиатҳои миллӣ, башарӣ ва тамаддунӣ дар асарҳои мухталифи худ шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳатто каме барвақттар мунаққидони роҳу равиши фикрии зиёиёни таърихӣ (К. Поппер) аз нобасомониҳои зиндагии инсонӣ ва ҳаёти сиёсӣ ба дод омада, даст ба гиребони бузургони илми ҷаҳонӣ (Афлотун, Арасту, Гегел, К.Маркс) зада, хатти рушди мафкураи инсониятро аз рӯзҳои аввали зиндагии тамаддуниаш иштибоҳангез шарҳ дода, ғояи «тавлиди тамаддунро бо захми модарзодӣ» дар илм масъала­гузорӣ намуданд[6].

Нухбагони илми ҷаҳонӣ А.Г. Хайек[7], З. Бжезинский[8], С. Ҳантингтон[9], Ю. Хабермас[10], Ю.Н. Харари[11], С. Нерсесянс[12], С.С. Алексеев[13], В.П. Салников[14], А.В. Поляков[15], М.Н. Марченко[16], Е.А. Лукашева[17], В.М. Сирих[18], Г.И. Муромсев[19], Л.Р. Сюкияйнен[20], Л.И. Глухарева[21], А.В. Малко[22], С.А. Авакян[23] ва дигарон роҷеъ ба халосии арзишҳои миллӣ ва башарӣ аз хатару таҳдидҳои ин тамоюли шиддат гирифтаи ҷаҳонӣ аз кунгураи илмҳои соҳавии худ андешаҳо гуфта, доир ба раванди ояндаи хатти таърихии муқовимату мусолиҳатҳои тамаддунӣ фарзияю фикрҳои судманди заминию осмонӣ ироа доштаанд.

Ин ё он пешгӯию сена­рияҳо қисман ва ё бо дигаргуниҳои ночиз ба ҳаёти воқеӣ мувофиқат мекард, вале ҳеҷ яки онҳо ба пуррагӣ рӯзгори ояндаи наздиктаринро тарҳрезӣ намуда натавонист. Албатта, дар онҳо таҷрибаи мусбат ва сабақомӯз буд, вале аз миқдори зарурӣ камтар. Ба назари мо, аз дидгоҳҳои онҳо дида ояндабинию фарзия­ҳои гузаштагони онҳо чун О. Шпенглер, М. Вебер, А. Тойнби, П. Сорокин, ки дар интиҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ кор ва фаъолият намуда дар остонаи тағйироти куллии ҷаҳонӣ умр ба сар бурдаанд, нисбатан асосноктар, устувортар ва ба ҳақиқат наздиктар будаанд.

Саромадони илми муосир олами донишҳои ҷамъиятиро бо дастовардҳои нав ғанӣ намуда, равандҳои номаълуми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маданиро ошкор сохта, ба омӯзишу таҳлили равандҳои ҷаҳонӣ ҷиддӣ машғул шуданд, вале он тавре ки онҳо мехостанд, ояндаро тарҳрезӣ намоянд ва ё пешгӯӣ кунанд, ба онҳо муяссар нашуд. Таърих ба сифати ус­тоди бузург ва созандаи нотакрор ба онҳо фаҳмонд, ки ҳанӯз то дидори охирини инсон вақт вуҷуд дорад. Хиради офа­ридаҳои таърих ва инсон муноқишаи тамаддунҳоро зери шуб­ҳа гузошт, таҷрибаи гузаштагон ва фурӯравии салта­натҳои оламгир ноустувории ғояи тахтаи шоҳмоти ҷаҳониро равшан сохт. Вале тани бузургу нотакрори таърих дар зинаҳои муайян таъсири манфӣ ва таҳдидҳои муайянро аз он сифатҳое, ки назарияҳо пешбинӣ карда буданд, ба қадри лозима дар худ эҳсос намуд. Чунин таъсиррасонӣ танҳо ба сифати нақши фаъоли инсон дар раванди шаклгирии таърихи нав сурат гирифт. Тартиботи ноадолатонаи ҷаҳон, таҳмил ва содироти арзишҳои башарӣ, ташкили инқилобҳои сунъӣ ва бо роҳи зӯрӣ паҳн намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон натиҷаи амалигардии ҳамон ояндабинии олимон буд.

Ниҳоят, дар таърихи 24 феврали соли 2022 тавсеаи паҳнои ҷойгиршавии геополитикии қудрати НАТО дар сарҳади Россия ва вусъатёбии миллатгароии тунди украинӣ дар Донбас ва Лугански Украина дар муқобили русҳои ин минтақа, ба қавли ғолиб, Федератсияи Россияро ба ҷанги зидди Украина тела дод. Ҷанг ба сони амалиёти махсус оғоз шуд. Пешгӯӣ ва ояндабиниҳо нисбат ба сабабу оқибатҳои ин ҷанг, пасманзари он ва таъсири он ба шаклгирии сиёсати ҷаҳонӣ дар паҳнои тақсимшавии олам ба ҷонибдорони Россия ва Украина ҳолати оламро ба маротиб вазнин намуда, инсониятро дар остонаи ҷанги сеюми ҷаҳонӣ қарор дод. Ҷанги иттилоотии онҳо бо ҷалби ҷонибдорону мухолифонашон, суиистифодаи интернету васоити ахбори омма бо тамоюли санксия-таҳримҳои молию моддии Ғарб ба муқобили Россия (тибқи иттилооти расмии Россия теъдоди онҳо ҳанӯз дар таърихи 9 марти соли 2022 аз 6 ҳазор гузашта буд), маҳдуд кардани парвози тайёраҳо, фаъолияти ширкатҳо, ҳатто рондани донишҷӯёни рус аз донишгоҳҳои Аврупо саҳифаи нави муқовимати давлатҳои миллиро дар замони нав рӯйи кор овард.

Саҳифаи вазнинтар аз он ошкор шудани лабораторияҳои биологии неруҳои ҳарбии Амрико рӯзи 12-уми ҷанг дар шаҳру ноҳияҳои Украина аз ҷониби ҳарбиёни рус буд. Маълум шуд, ки теъдоди онҳо 36 адад будааст, доир ба мавҷудият ва фаъолияти онҳо дар Украина муовини Котиби давлатии ИМА Виктория Нуланд дар назди сенаторҳои Конгресс таърихи 10 марти[24] соли 2022 иттилоъ дод. Бино ба иттилои расмии Россия, дар ин лабораторияҳо усулҳои заҳролудшавии ҳайвоноту паррандаҳо ва тавассути онҳо гузаронидани беморӣ бо ҳолати табиӣ ба одамон ба нақша гирифта шудааст. Тибқи иттилои расми мақоми баландпояи Неруҳои мусаллаҳи Россия мутобиқ ба ҳуҷҷатҳои дастрасгардида дар ин лабора­торияҳо бештар аз 160 намуди паррандаю хазандаҳои инкубаторшавандаи вирусҳо ташхис шуда, ду намуди он, ки аз вилоятҳои Россия муҳоҷират мекунанд, интихоб шудаанд. Дар ин иттилоъ нуктаи муҳим он буд, ки давлатҳои бузурги миллии ғарбӣ ҷиҳати маҳви рақиби худ ин навъи яроқи бактеорологӣ – вирусҳоро тарзе эҷод кардаанд, ки он гӯё танҳо ба «этноси муайян» (таваҷҷуҳ фармоед, ба сифати «этноси муайян» дар ин ҷо славянҳо дар назар дошта шудааст) нигаронида шудааст. Пас аз пандемияи Ковид 19, ки тайи беш аз 4 сол мешавад, ки инсоният ором шуда наметавонад ва насли сеюми ин вирус дар навъи «омикрон» ҷаҳонро ба ларза овард, паҳн шудани ин амалкардҳои ҳарбии бактеорологӣ ва вирусологӣ хашми рӯзноманигорон ва давлатҳои оламро болотар кард. Россия ва Чин аз Амрико шарҳ ва тавзеҳи ин ҳолатро хостгор шуданд.

Албатта, ин ҳангома ва ҳукмҳо то кадом дараҷа воқеият доранд ё не, дар паҳнои ҷанги иттилоотӣ барои мо шунавандагону хонандагони иттилооти печидаи имрӯз мушкилфаҳм аст. Аммо тасдиқи вуҷуди ин навъи лабораторияҳо дар кишварҳои сеюм ба мисли Украина, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ аз ҷониби мақоми баландпояи амрикоӣ ва дигар факту рақамҳои расмӣ моро ба андеша водор менамояд. Ҳолате, ки ба хотири ҳифзи саломатии шаҳрвандони кишвар собиқ Президенти Амрико Б. Обама ташкили чунин лабораторияҳои озмоиширо дар худи Амрико манъ карда буд, саволҳои мухталифро ба сиёсати ҷаҳонии ИМА матраҳ сохт.

Маҳз аз ҳамин хотир ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои бузурге мисли Чин, Россия ва созмонҳои байналмилалӣ хостори фаҳми табиати ин лабораторияҳои биологӣ, таъинот, вазифаҳо ва ҳадафҳои онро аз ИМА намуданд. Дар ҷаҳон, тибқи иттилои расонаҳо, ИМА беш аз 300 адад чунин лабораторияҳоро дар хориҷ доштааст.

Давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳони ороми яксамта дар асл ба ҳолати дӯстии ҷовидона ворид нашуда, даврони нави якполярӣ зинаи интиҳои таърих низ нагардид. Баръакс, кишварҳо дар ин олами якқутба на дӯсти якдигар, балки ба зинаи наву вазнинтари ҷанги доимии манфиатҳо ворид шуданианд, ки баъзе аз қирраҳои то ҳанӯз эътирофнашудаи он, тимсоли истеҳсоли яроқи биологӣ, ба маротиб аз яроқҳои атомӣ вазнинтар ва харобиовартар вонамуд мегардад. Олам дар назари умум ором будааст, дар асл зери ин оромӣ ҷанг ва муҳориба бо бадтарин аслҳо мувофиқи ғояи Т. Гоббс барои худ роҳ меҷӯяд.

Яке аз чунин таҳдидҳои дар ин замина эҳтимол тавлидшуда бемории сироятии Ковид 19 аст. Дар таърихи 11 марти соли 2022 теъдоди гирифторон ба ин беморӣ аз 453 миллиону 961 ҳазору 764 гузашта, фавтидагон ба 6 миллиону 52 ҳазору 852 нафар, табобатёфтагон ба 388 миллиону 248 ҳазору 430 нафар ва нафарони бемор 59 миллиону 660 ҳазору 482 нафарро ташкил додааст. Асрори ин беморӣ назди ақли инсонӣ ва илми ҷаҳонӣ то ҳанӯз печида аст. Мусаллам он аст, ки давлатҳои нави миллӣ дар шароити бениҳоят вазнини ҷанги манфиатҳо ва муқовимати сахти мафкуравӣ қарор доранд.

Ҷаҳон дар остонаи асри ХХI бемории маънавии тамаддунҳоро собит сохт. Арзишҳо ба майдони сиёсӣ дунболи манфиат ба ҷанг баромаданд. Табдили ғоя ва арзишҳо дар ченакҳои нав низому устувории кишварҳоро ларзонд ва инсониятро ҳамчун барандаи томи маданияту фарҳангҳо бемор муаррифӣ кард. Шоирону муфассирони ахлоқи башарӣ, ба мисли орифи донишманди тоҷик Ҳоҷӣ Ҳусайни Мусозода, ин берабтию бенизомиро ҳамчун қонунияти рушди инсони муосир ва ҳолати бемории инсону фарҳангҳо қабул намуда, асари манфии онро ба бовару эътиқод дарк карда, ҷаҳони нооромро дар суистифодаи неъматҳо шинохтанд:

 

Низоми ин ҳаётро курраи даввор мебинам,

Ба шохаш садҳазорон гул, ба ҳар гул хор мебинам.

Ироқу Шом дар ин айём харобу лолу ҳам вайрон,

Мусулмонони дунёро тани бемор мебинам.

Ибодатгоҳи мардумро ба мисли лолаи бегул,

Аёниро зи далқу хирқаву зуннор мебинам[25].

Дар чунин шароит рӯйи кор омадани ғояи ҷомеаи давраи гузариш, ҳодисаи «баъдӣ» – иҷтимоӣ ва зуҳуроти «нави сиё­сӣ» аз бисёр ҷиҳат носаҳеҳ ва номувофиқ буда, ба инъикоси воқеият мусоидат накард. Дар маҷмуъ, олами башарии сарпеч аз назари умум ба назорат ва мушоҳида сар намефаровард. Вале ғояҳо ва арзишҳои олии инсонӣ чун адолат, баро­барӣ, ҳамкорӣ, муколама, ягонагӣ, якдигарфаҳмӣ, таҳам­мулгароӣ, худмуаяйян­кунӣ, худшиносӣ ва амсоли инҳо, ки дар умқи қалби инсонҳо мавҷуд буданд, бо ин ҳама хорию зориҳо ва фишорҳои рӯзгор бо кадом як роҳ­ҳои нофаҳмо ва гуногун, бо сабабҳои ҳанӯз барои мо номаълум, бо неруи муайян дар лаҳзаҳои лозим ва зарурӣ дар нуктаҳои гирдгардони таърихӣ ҷой гирифта, инсониятро бидуни ягон қонунияти даркшаванда муттаҳид сохта, намегузоштанд, ки ақидаҳои навмедӣ ва зуҳуроти манфӣ дар олам ба пуррагӣ тантана кунанд. Ин буд, ки амалҳои зишту бади давлатҳои нави миллии ҷаҳонхоҳ зери кадом як қонуниятҳои ғайричашмдошт дар назари умум расонаӣ ва маҳкум мегаштанд. Бо вуҷуди нофаҳмию дарк накарданҳо инсоният дар умум бо қалбаш роҳи бадӣ, зӯрӣ ва фитнаҳоро бастанӣ мешуд.

 

[1] Холиқзода А.Ғ.[1] Директори Маркази исломшиносї дар назди Президенти Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор.

[2]Содиқи Кашрудӣ, адиби шинохтаи муосир.

[3]Харари Ю.Н. 21 урок для ХХI века / Пер.с англ. Ю.Гольдберга. – Синдбад, 2020. – С. 40-51.

[4]Харари Ю.Н. 21 урок для ХХI века / Пер.с англ. Ю.Гольдберга. – Синдбад, 2020. – С. 36-37.

[5]Харари Ю.Н. 21 урок для ХХI века / Пер.с англ. Ю.Гольдберга. – Синдбад, 2020. – 416 с.

[6]Поппер К. менависад: «… ин тамаддун ҳанӯз пурра аз зарбае, ки ҳангоми таваллудаш хӯрда буд, барқарор нашудааст…» Ниг.: Попер К. Ҷомеаи кушода ва рақибони он. Тарҷума аз забони русӣ, сарсухан ва тавзеҳоти проф. Р.З. Назариев. Ҷ.1. Афсунҳои Афлотун. Душанбе, «ЭР-граф», 2020. С.34.

[7]Ниг.: Хайек Фридрих Август фон. Право, законодательство и свобода: Современное понимание либеральных принципов справедливости и политики / Фридрих Август фон Хайек; пер. с англ. Б. Пинскера и А. Кустарева под ред. А. К Куряева. – М.: ИРИСЭН, 2006. – 644 с. (Серия «Политическая наука»).

[8]Ниг.: Бжезинский З. Великая шахматная доска: господство Америки и его геостратегические императивы (перевод с англ.) – М.: Издательство АСТ, 2016. – 702 с.

[9]Ниг.: Хангтингтон С. Кто мы?: Вы­зовы американской национальной идентичности / С. Хангтингтон; Пер. с англ. А. Башкирова. – М.: ООО «Издательство» АСТ. 2004. – 635с.; Хантингтон С. Столкновение цивилизаций. Пер. с англ. Т. Велимеева, Ю. Новикова. – М., 2003. – 603 с.

[10]Ниг.: Фурс В.Н. Философия незавершенного модерна Юргена Хабермаса. – Минск, 2000. – 224 с.

[11]Харари Ю. Н. 21 урок для ХХI века / Пер.с англ. Ю. Гольдберга. – М.: Синдбад, 2020. – 416 с .; Харари Ю.Н. Homo Deus: Краткая история будушего / Пер. С англ. А. Андреева. М.: Синдбад, 2019. – 496 с.

[12]Ниг.: Нерсесянц В.С. Философия права. Учебник для вузов. – М.: Норма, 1997. – 652 с.; Нерсесянц В.С. Философия права: учебник. 2-е изд. – М.: Норма, 2011. – 848 с.; Нерсесянц В.С. Права человека в истории политико–правовой мысли // Права человека. – М., 1999. – С. 36-55; Проблемы общей теории права и государства / Под ред. В.С. Нерсесянца. – М., 2001. – 813 с.; Проблемы общей теории права и государства / Под. общ. ред. В.С. Нерсесянца. – М., 2001. – 455 с.; Нерсесянц В.С. Общая теория права и государства. – М.: Норма, 2015. – 455 с.; Нерсесянц В.С. Процессы универсализации права и государства в глобализирующемся мире // Государство и право. – 2005. №5. – С. 40-53.

[13]Ниг.: Алексеев С.С. Право: азбука – теория – философия. Опыт комплексного исследования. – М., 1999. – 712 с.; Алексеев С.С. Право на пороге нового тысячелетия: Некоторые тенденции ми­рового правового развития – надежда и драма современной эпохи. – М., 2000. – С. 225-240; Права человека: энциклопедический словарь / Отв. Ред. С.С. Алексеев. – М.: Норма, 2009. – 654 с.; Алексеев С.С. Восхождение к праву. Поиски и решения. / С.С. Алексеев. – М.: Норма, 2001. – 752 с.

[14]Ниг.: Сальников В.П., Ивашов Л.Г., Джегутанов Б.К. Философия глобализации (Методологические основы геополитической доктрины России): монография / Под общ. ред. В.П. Сальникова. – СПб.: Фонд «Университет», 2006. – 268 с.

[15]Ниг.: Поляков А.В. Общая теория права: проблемы интерпретации в контексте коммуни­кативного подхода. – СПб., 2004. – 863 с.; Поляков А.В. Петербургская школа философии права и задачи совре­менного правоведения // Правоведение. – 2000. №2. – С. 5-30.

[16]Ниг.: Марченко М.Н. Проблемы теории государства и права. – М., 2001. – 760 с.; Марченко М.Н. Глобализация и ее воздействие на современное национальное государство (методологический аспект). // Теоретико–методологические проблемы права. – М.: Зерцало–М, 2007. Вып. 2. – С. 53-88; Марченко М.Н. Государство и право в условиях глобализации. – М., 2011. – 400 с.; Марченко М.Н. Тенденции развития права в современном мире: учебное пособие. – М., 2015. – 280 с.; Марченко М.Н. Сравнительное правоведение. Общая часть. – М., 2001. – 560 с.; Марченко М.Н. Курс сравнительного правоведения. – М., 2002. – 1068 с.

[17]Права человека / Под ред. Лукашевой Е.А. – М., 1999. – 573 с.; Права человека. Учебник для вузов / Под ред. Е.А. Лукашевой. – М., 2009. – 560 с.; Лукашева Е.А. Права человека в контексте конфликта культур // Вестник Российской Академии наук. – 2007. – №2. Т.77. – С. 115-120; Лукашева Е.А. Человек, право, цивилизации: нормативно-ценностное измерение. – М., 2011. – 384 с.; Общая теория прав человека. Руководитель авторского коллектива и ответственный редактор доктор юридических наук Е.А. Лукашева. – М.: Норма, 1996. – 520 с.; Права человека: итоги века, тенденции, перспективы / Под общ. ред. Е.А.Лукашевой. – М., 2002. – 420 с.; Лукашева Е.А. Права человека: конфликт культур // Наш трудный путь к праву. Материалы философско–правовых чтений памяти академика В.С.Нерсесянца. – М., 2006. – С. 241-255.

[18]Сырых В.М. История и методология юридической науки. – М., 2012. – 464 с.

[19]Муромцев Г.И. О некоторых методологических проблемах современной российской юридической науки // Право и государство в изменяющемся мире: материалы Всероссийской конференции, посвященной памяти профессора О. А. Жидкова. – М., 2007. – С. 17-30.

[20]Сюкияйнен Л.Р. Мусульманское право. – М., 1986. – 238 с.; Сюкияйнен Л.Р. Исламская концепция прав человека: Теоретические основы, тенденции и перспективы развития // Права человека, итоги века, тенденции, перспективы / Под общ. ред. чл. корр. РАН Е.А. Лукашевой. – М., 2002. – С. 289-300; Сюкияйнен Л.Р. Права человека в диалоге исламской и западной правовых культур. // Ишрак: ежегодник исламской философии. – 2011. №2. – С. 266-289.

[21]Глухарева Л.И. Права человека в системе теории права и государства: общетеоретические, философско–правовые и методологические проблемы: дис. … д-ра. юрид. наук. – М., 2004. – 417 с.; Глухарева Л.И. Права человека. Гуманитарный курс. – М., 2002. – 215 с.; Глухарева Л.И. Права человека в современном мире (социально–философские основы и госу­дарственно–правовое регулирование). – М., 2003. – 225 с.; Глухарева Л.И. Универсальность и социокультурный релятивизм прав человека // Право и права человека. Сборник научных трудов юридического факультета МГПУ. Кн. 5. – М., 2003. – С. 24-38.

[22]Теория государства и права: курс лекции / Под ред. Н.И. Матузова, А.В. Малько. – М., 2006. – 480 с.; Малько А.В. «Правовая жизнь» как важнейшая категория юриспруденции // Ежегодник российского права. – 2000. – С. 139-155.

[23]Авакьян С.А. Конституционное право России. В 2-х т. – М., 2006. – Т.1. – 800 с.

[24]Ин иттилоъ дар таърихи ҳамон рӯз тавассути ВАО расонаӣ шуд.

[25]Ҳоҷӣ Ҳусайни Мӯсозода. Гулчини ашъор. Китоби дуюм. – Хуҷанд: Нашриёти муосир, 2022. – С. 236.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх