Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату миллат ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад.
Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар фазои ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Ҳарчанд мо дар солҳои воқеаҳои сиёсии Тоҷикистон (ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997) хеле хурд будем, аммо тавассути оинаи нилгун, матбуоти даврӣ, асару мақолаҳои адибону рӯзноманигорон ва олимон аз инъикоси воқеаҳои солҳои 90-уми қарни ХХ бохабар мегардем ва шукргузорӣ аз қарорҳои қабулкардаи Иҷлосияи таърихии тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олӣ ва заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат менамоем.
Доир ба ҳамин Иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буд, ки “…бо тақозои таърих, на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”.
34 – сол дар назди таърих муддати чандон тӯлонӣ нест, вале дар ин давра кишвари мо ба як давлати озоду обод ва рӯ ба тараққӣ табдил ёфта, истиқлолияти худро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ комил гардонида тавонист.
Хушбахтона, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Баробари ба имзо расидани ин созишнома мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд.
Ашки шодӣ дар чашмони азизон ҳувайдо буд, зеро тайи ин солҳо он қадар мушкилот, нофаҳмиҳо ва гирифториҳову хунҷигариҳо ба ҳам печидагӣ дошт, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд.
Бернард Шоу, донишманди ҳикматшиноси аврупоӣ, ки бештари умри хешро сарфи тадрис кардааст, дар хусуси шинохти миллат чунин меорад: “Симои миллатро олими беҳамто, варзишгари ногузир ва сиёсатмадори вораста муаррифӣ мекунад”.
Бо лутфи илоҳӣ ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯи ваҳдат дар кишвари мо алайҳи ҷудоӣ имконе фароҳам овард, то рӯзгори хуш боз нафаси тоза бигирад, андӯҳ аз диёр по кашад, ба бӯстони зиндагии баҳори нозанин рангорангӣ ато намояд ва ғунчаҳои ханда дар лабони мардум гул кунад.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуда буданд, ки “Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокатҳо муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар як хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад”.
Тарбияи шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, дар шуури наврасону ҷавонон ҷой додани аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди ватандору ватандӯст ба шумор меравад.
Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвару миллати моро ҷавонони созанда бо дастовардҳои назаррас дар байни дигар мамлакатҳои ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.
Мо насли созандаи ин миллат, ба Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва давлату миллати хеш ифтихор мекунем ва шукрона менамоем, ки мардуми соҳибватану соҳибистиқлолем.
Абдуллоҳи Қодирӣ
– сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ