ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗ ДАР ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ 700-СОЛАГИИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

 

Имрӯз, 19.09.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-713 аз 02.01.2025 ҷиҳати баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 ва ба ифтихори 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷумҳуриявии ҷашнӣ таҳти унвони “Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик” ифтитоҳ гардид, ки кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он фаъолона иштирок намуданд.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Панҷшанбезода Муҳиддин, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммадовуд, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, директори Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатов Раҳматкарим, мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Юсуфов Амриддин, сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмад иштирок намуда, роҷеъ ба мақому манзалат ва саҳми мондагори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар рушди адабиёти оламшумули форсу тоҷик суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ ходимони илмии Осорхонаи миллӣ аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ шеъру ғазалҳо қироат намуданд.
Сипас, бо буридани лентаи рамзӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он аз фонди тиллоии Осорхона маҷмӯи осори таърихию фарҳангие, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмию адабии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мебошанд, ба монанди нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии девонҳо, куллиёт ва баёзҳои Ҳофизи Шерозӣ, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори шоир, асари санъати рассомӣ бо тасвири симои Ҳофиз, аксҳо аз ҷараёни баргузории намоиши байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз” дар қароргоҳи ЮНЕСКО, осори нодири мисӣ, биринҷӣ, сангӣ ва чӯбии катибадор, лавҳаҳои хушнависӣ бо хатҳои зебои настаълиқ ва куфӣ, сӯзаниҳои катибадор, асарҳои илмии тозанашри олимону ҳофизшиносони ватаниву хориҷӣ роҷеъ ба ҳаёту рӯзгори Ҳофизи Шерозӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Намоиши “Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик” то 01.10.2025 идома меёбад.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх