Илм ҷавҳари рӯшноист ва инсонҳо ҳамеша ба он эҳтиёҷ доранд. Ба ибораи дигар илм – нурест, ки инсон маҳз тавассути ин нур роҳи худро возеҳу равшан месозад ва худро аз ҳама гуна хатарҳо эмин нигоҳ медорад. Илм аст, ки инсонро ба пайроҳаҳои саодатмандӣ, хушбахтӣ, некномӣ мебарад.
Таърих гувоҳ аст, ки ҷомеаи башарӣ барои баёни андеша, шинохти асрори табиат ва дар иртибот қарор гирифтан ба омӯзиш ва парвариш шуруъ аз оғози пайдоиши оламу одам руҷуъ кардаанд. Маҳз, омӯзиши илм ба ҷомеаи башарӣ имкон дод инсон ба шинохти табиат ва ифшои асрори он дастрасӣ пайдо кунад ва тавассути баёни андеша дар иртиботи гурӯҳӣ қарор гирад.
Агар ба таърихи башарият руҷуъ шавад, возеҳу равшан мегардад, ки маҳз илм инсонро аз ибтидои офариниш то имрӯз ба зинаҳои баланди рушд расонидааст. Аҳамият ва нақши калидии илм буд, ки ҳам дар динҳои тавҳидӣ ва ҳам дар баёнияҳои башарӣ ба омӯзиш ва парвариши он диққати махсус дода шудааст. Илмомӯзӣ дар динҳои тавҳидӣ дар мадди аввал қарор гирифта, таъкиду тавсияҳо дода шудааст. Ба вижа, омӯзиши илм ва густариши он дар дини ислом ҷойгоҳи хос дошта, дар Қуръони карим, аҳодиси набавӣ ва дигар сарчашмаҳои исломӣ борҳо таъкид шудааст.
Агар ҷойгоҳи илмро дар Қуръони карим бинем, аввалин сураеро, ки Худованд нозил кардааст, бо амри “اقرأْ” (Бихон) фиристодааст ва ҳамчунин дар бештари ояҳо бандагонашро ба омӯзиши илму дониш ба шакли “اِعلموا” (Илм омӯзед!) амр кардааст. Ҳамчунин, дар Қуръони карим ба кашфи асрори табиат сураҳое чун: Наҷм, Қамар, Зориёт, Мурсалот, Буруҷ, Фаҷр, Шамс, Лайл, Зуҳо, Зилзол, Аср ва зиёд ояҳо сатр гардидаанд, ки ба омӯзишу пажӯҳиш далолат мекунанд. Сураи дигаре, ки аз авлавияту қудсияти илм дарак медиҳад, сураи Қалам аст, ки Худованд ба он қасам мехӯрад. Дар сураи Ғофир, ояи 58 донишу нодониро баробар надониста, имлро биноӣ ва ҷаҳлро кӯрӣ донистааст, “وَمَا يَسْتَوِي الْأَعْمَى وَالْبَصِيرُ” (Ва нобинову бино баробар нестанд). Ҳамзамон, ин китоби муқаддаси мусулмонон ба олимон низ мақоми баланд дода, дарк ва шинохти асрори табиатро хоси онҳо медонад, аз ҷумла, дар сураи Анкабут, ояи 43 мефармояд: “وَتِلۡكَ ٱلۡأَمۡثَٰلُ نَضۡرِبُهَا لِلنَّاسِۖ وَمَا يَعۡقِلُهَآ إِلَّا ٱلۡعَٰلِمُونَ” (Ин мисолҳоро (достонҳо) барои мардум баён мекунем ва онро ба ҷуз олимон дарк намекунанд).
Дар фарҳанги исломӣ илм ва дониш ҳидоятгари инсонҳо, роҳнамои миллатҳо ва таъминкунандаи хушбахтиҳо шинохта шудааст. Чунин вижагиҳои илм аст, ки олимону донишмандонро Паёмбари ислом (с) ворисони худ донистаанд. Тибқи ривоятҳои исломӣ дар рӯзи қиёмат се гурӯҳи шафоаткунанда аст: паёмбарон, шаҳидон ва олимон. Маҳз, дарку шинохти олимон буд, ки илму дониш рушд кард ва заминаи саодату пешрафти инсонҳо гардид. Бо чунин вижагиҳо “илм – рушноӣ ва ҷаҳл – торикӣ” шинохта шудааст.
Яқин аст, ки ҷомеаи имрӯза маҳз, дар пояи илму дониш ба пешравиҳое чун тамаддунофарию фанноварии технологӣ комёб гаштаанд.
Одинаева Ш.
– сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии