Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ соли 1325 дар шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ӯ аз падар ятим монда, бо модараш умр ба сар мебарад. Шоири машҳур ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ба таҳсилу илмомӯзи шавқу рағбати зиёд дошт, вале мутаасифона дар мактабҳои он замон танҳо нафарони пулдор метавонистанд таҳсил намоянду халос. Ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, Шамсуддини хурдсол барои таҳсил намудан дар мактаб саъй мекунад ва ба нонпазхона ба кор оғоз мекунад то музде ба даст орад. Ӯ баъд аз музд гирифтан онро ба се қисм ҷудо мекунад: як қисм барои модараш, як қисм барои таҳсилаш ва қисми дигар барои худаш. Дар як вақт ҳам кору меҳнат ва ҳам таҳсилу илмомӯзи барояш мушкил буда, ба ин ҳама сабру таҳаммулро пеша мекунад. Дар як мудати кӯтоҳ ӯ аз ҳаммактабони худ пеш гузашта ба шеърнависӣ оғоз мекунад ва Қуръонро низ аз ёд мекунад ва ба ин хотир ба ӯ лақаби “Ҳофиз” додаанд.
Ҳофизи Шерозӣ яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои адабиёти классикии форсу тоҷик буда, на танҳо миёни миллати худ, балки миёни халқҳои ҷаҳон шуҳрат ёфтааст. Осори адабии шоир хеле бою рангоранг буда, асари машҳури ӯ “Девони Ҳофиз” мебошад, ки аз ғазалҳо, қасидаҳо ва рубоиёту қитъаҳо иборат мебошад. Дар ашъори Ҳофиз бештар мавзӯҳои фалсафию ахлоқӣ, ишқи илоҳӣ ва заминӣ, зебогии табиату ҳаёт, нақди риёкорь ва зоҳирпарастӣ дида мешавад.
Ҳифзи ватану дӯст доштани он дар ашъори Ҳофиз мавқеъи марказӣ дошта, инро дар мисоли ғазали худи шоир, ки муҳаббати худро нисбат ба хоки диёраш хеле самимӣ ба қалам додаст метавон дарёфт:
Хушо Шерозу вазъи бемисолаш,
Худовандо нигаҳ дор аз заволаш.
Зи Рукнободи мо сад лавҳашаллоҳ,
Ки умри Хизр мебахшад зулолаш.
Саросар тамоми эҷодиёти Хоҷа Ҳофизро панду андарзҳо ғояҳои адлу инсоф, меҳнати ҳалол кардан, меҳру муҳаббат доштан, сабру наҳаммул намудан фаро мегирад, чунончӣ:
Панди ҳаким маҳзи савоб асту айни хайр,
Фархунда он касе, ки ба самъи ризо кушид.
Насиҳате кунамат, бишнаву баҳона магир,
Ҳар он чи носиҳи мушфиқ бигӯядат бипазир.
Аз гуфтаҳои боло чунин бар меояд, ки инсон ҳамеша ба панду андарз ниёз дорад. Фархундаву хушбахт он аст, ки панду андарзро шунаваду писандад ва дар ҳаёти ҳарӯзаи хеш аз он истифода намояд.
Дар замони зиндагии Ҳофиз вазъи иҷтимоии атроф он қадар хуб набуд. Бисёр нафарони бехирад худро суфию оқил шумурда, ба мардумфиребӣ ва риёкорӣ даст мезаданд. Ҳофиз аз чунин вазъ маъюсу ғамгин гардида, андешаи худро чунин баён мекунад.
Ҳофизо май хӯру риндӣ куну хуш бош вале,
Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.
Шоири машҳуру маъруф Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо эҷодиёти пурмазмунаш дар фарҳангу таммадуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб гаштааст. Осори ӯ бо забонҳои дигар низ тарҷума шудааст. Шоирону мутафаккирони Ғарб аз эҷодиёти ӯ илҳом гирифта, бисёр васфаш кардаанд. Аз ҷумла донишманди машҳури олмонӣ Гёте таҳти таъсири илҳомбахши “Девон”-и Ҳофиз маҷмӯаи ашъори худро бо номи “Девони ғарбӣ” эҷод кардааст.
Шеъру ғазалҳои эҷоднамудаи Ҳофизи Шерозӣ ҳодисаву воқеаҳои пурпечутоби замонашро ба таври бадеӣ инъикос намуда, ҳамчун маводи тарбиявӣ дар тарбияи насли имрӯзу фардо бисёр арзишманд мебошанд. Девони Ҳофиз дар хонадони ҳар як мардуми форсу тоҷик ҳамчун як китоби муқаддас ҷой доштааст ва дорад. Шеъру ғазалҳои Ҳофиз имрӯз низ дар байни мардумони форсизабон, аз ҷумла тоҷикон хеле маъмул буда, кулли мардуми донишманду оддӣ, зиёию руҳонӣ ва олимону унвонҷӯён аз он васеъ истифода мебаранд.
Шоири маъруфу шинохта соли 1390 дар шаҳри Шероз аз дунё мегузарад ва оромгоҳаш дар он ҷо мебошад, ки мардуми ҷаҳон аз он зиёрат намуда номи неку осори гаронарзишаш ҳамеша зинда хоҳад монд.
Шарифова Санавбар сармутахассиси шуъбаи
пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ