Нақши фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ИМОМ БУХОРӢ дар рушди фарҳанги исломӣ

Таърих дар гузашти айём исбот кардааст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик шахсиятҳои маъруфро ба майдони илму адаб овардааст, ки онҳо дар рушди илм ва фарҳанги умумибашарӣ хидматҳои шоёне кардаанд. Мо тоҷикон бо олимони милат: ба монанди Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит, Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, Имом Абӯисо ат-Тирмизӣ, Имом Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ ва ғайраҳо, ки қуллаҳои баланди фарҳанги исломро тай кардаанд, ифтихор дорем.
Имом Бухорӣ 11 шавволи соли 194 ҳиҷрии қамарӣ мувофиқ ба 21 июли 810 милодӣ дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Агар зиндагонии ӯро аз овони кӯдакӣ мавриди таҳқиқ қарор диҳем, басо ҳайратангез аст. Ӯ аз синни даҳсолагӣ ба ҳифзи исноди аҳодиси набавӣ пардохтааст, то ҷое, ки устодаш ба раъйи ӯ руҷӯъ мекард. Имом Бухорӣ дар назди уламои бузурги Бухоро ба монанди Муҳаммад ибни Юсуфи Байкандӣ, Абдуллоҳ ибни Аҳмади Маснавӣ ва бисёри дигарон дарс омӯхтааст. Худи ӯ менависад, «Вақте ба сини 16 солагӣ расидам, китобҳои Ибни Муборак ва Вақеъро аз бар кардам ва ба каломи асҳоби раъй сарфаҳм рафтам. Баъди он ҳамроҳи модару бародарам ба сафари ҳаҷ баромадам». Баъд аз адои маносики ҳаҷ модару бародараш ба ватан баргаштанд ва худи ӯ барои давом додани таҳсили илм дар он ҷо боқӣ монд. Ӯ дар Макка дар назди бузргтарин донишмандони илми ҳадис чун Имом Абулвалид Аҳмад ибни Муҳаммади Арзақӣ, Абдуллоҳ ибни Язид, Исмоил ибни Солим ас-Соиғ, Аллома Алҳумайдӣ ва дигар ҳофизони ҳадис ба омӯзиш шурӯъ намуда, аз онҳо дар ин бахш ҳар он чӣ медонистанд, аз худ кардааст. Вай дар Макка ба тарҳрезии китоби “ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ” оғоз кардааст. Аллома Ҷалолуддин ас-Суютӣ сабаби онро дар китобаш «Тадриб ар-ровӣ» аз Иброҳим ибни Маъқили Насафӣ ривоят кардааст, ки рӯзе мо дар назди устодамон Имом Исҳоқ ибни Роҳавайҳ, ки лақаби “Амир-ул-муъминин фӣ-л-ҳадис”-ро соҳиб шуда буд, нишаста будем, ӯ бо таассуф гуфт: “Кош китоби мухтасаре аз саҳеҳи суннати Пайғамбари Худо (с) ҷамъ мекардед”. Ин сухан дар қалби Имом Бухорӣ таъсир карда, ӯ барои иҷрои ин амал тасмим гирифт. Ҳамчунин аз худи Имом Бухорӣ ривоят аст, ки Пайғамбари Худоро (с) дар хоб дидам, ки ман дар рӯбарӯяш рост истодаам ва дар дастам бодбезак аст ва бо он ӯро ҳимоя мекунам. Пас аз муаббирон дар бобати хобам пурсидам. Гуфтанд: “Ту Ӯро аз кизбу дурӯғ ҳимоят хоҳӣ кард”. Сипас, ин амр маро барои ҷамъоварии китоби “ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ” водор гардонид, ки онро дар муддати 16 сол таълиф намудам.
Баъд аз он дар синни 18-солагӣ ба Мадина раҳсипор шуда, дар назди Иброҳим ибни ал-Мунзир, Мутарраф ибни Абдуллоҳ, Иброҳим ибни Ҳамза, Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Алувайсӣ ва дигарон илмашро такмил дода, дар ҳамин ҷо китоби “Таърихи кабир”-ро, ки иборат аст аз тароҷуми риҷоли ҳадис аз даврони саҳобагон, то замони Имом Бухорӣ ва баёни илали ҳадис ва ҷарҳу таъдил, таълиф кардааст. Имом Бухорӣ дар ин китобаш доир ба зиндагӣ ва тарҷумаи ҳоли чил ҳазор ровӣ ва шахсиятҳои машҳур маълумот додааст. Ҳангоме, ки Имом Исҳоқ ибни Роҳавайҳ ин китобро мебинад, бисёр хурсанд мешавад ва онро ба назди Амир Абдуллоҳ ибни Тоҳири Хуросонӣ бурда, аз ҳайрати шадид мегуяд: “Оё барои ту сеҳрро нишон бидиҳам”. Имом Бухорӣ пас аз як соли иқомат дар Мадина ба ҷониби Басра сафар мекунад, то ҳадисҳоеро, ки дар ин шаҳр назди муҳаддисон вуҷуд дошт, ҳифз намояд. Дар ин роҳ, ҳама ранҷу машаққатҳоро таҳаммул мекард. Ӯ дар Басра мардумро дар ҳаёҷон овард. Мардум дар атрофаш ҷамъ шуда, аз ӯ ҳадис гӯш мекарданд. Баъди чанд муддате вориди шаҳри Бағдод гардид. Дар он ҷо аз як имтиҳони басо сангин, ки донишмандони он ҷо ташкил карда буданд, сарбаландона мегузарад, ки боиси таваҷҷуҳ ва ҳайрати мардум мегардад. Чи тавре, ки худи Имом Бухорӣ мегӯяд, вай ҳангоме, ки ба Бағдод меояд, муҳаддисон барои озмудани дараҷаи дониши вай сад ҳадисро ба даҳ нафар толибилм бо матну исноди омехта меомӯзанд. Ҳар толибилм аз Бухорӣ дар бораи дурустӣ ё нодурустии даҳ ҳадис суол мекунад, аммо дар посух ҷавоби «لاأعرفه» «намешиносам»-ро мешунавад. Ҳангоме, ки суолкунандагон аз пурсиш фориғ мешаванд, имом Бухорӣ ҳар як матну ҳадиси омехтаро бо матну исноди аслиаш ба онҳо ривоят мекунад. Аллома Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар ин маврид гуфтааст: «Шигифтӣ ва тааҷҷуб дар он аст, ки бо як бор шунидан дар як маҷлис Имом Бухорӣ сад ҳадисро аз бар намуд ва онро дар посухи онҳо такрор намуд. Аҳли Бағдод бо ин амали Имом Бухорӣ аз ҳофизи ҳадис буданаш иқрор мекунанд. Дар он ҷо бо Абуабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳанбал яке аз пешвоёни фиқҳии мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат аз наздик шинос мешавад.
Сипас Имом Бухорӣ ба сарзамини Шом ва Миср сафар карда, дар назди олимони бузурги ин минтақа, аз ҷумла Усмон ас-Соиғ, Саъд ибни Абумарям, Абдуллоҳ ибни Букайр, Аҳмад ибни Шабиб ва Асбағ ибни ал-Фараҷ ба омӯзиши илмҳо ба хусус илми ҳадис машғул мегардад. Читавре ки худи ӯ мегӯяд, «Ман бо беш аз ҳазор нафар аз мардуми Ҳиҷоз, Ироқ, Шом ва Миср мулоқот кардаам. Ду маротиба бо шайхони Шом ва Ҷазира, чаҳор маротиба бо аҳли Басра, шаш сол бо шайхони Ҳиҷоз дидор ва мулоқот кардаам, адади дафъаҳоеро, ки ҳамроҳ бо муҳаддисони Хуросон вориди Куфа ва Бағдод шудаам намедонам. Зиёда аз ҳазор шайх ҳадис навиштаам, аз ҳар як нафари онҳо даҳ ҳазор ҳадис навиштаам. Ҳадисе дар назди ман вуҷуд надорад, ки санадашро зикр накарда бошам. Вай мегӯяд: Ҳар ҳадисеро, ки аз саҳобагон ва тобеин ривоят кардаам, замон ва макони таваллуд ва вафоти аксарашонро медонам.
Имом Бухорӣ аз худ осори гаронбаҳо ва ганҷинаҳои бузурге ба ёдгор гузоштааст. Тибқи ақидаи муҳаққиқони осори Имом Бухорӣ миқдори онҳо ба сӣ адад мерасад, ки қисме аз онҳо то баҳол боқӣ намондааст.
Имом Бухорӣ таълифот ва осорашро дар марҳилаҳои гуногуни зиндагии худ навиштааст, ки онҳо аз нигоҳи мазмун, мундариҷа ва моҳияти хеш гуногун буда, ҳар кадом мавқеъ ва манзалати хоссае доро мебошанд. Сарфи назар аз он ки ин осори номбурда дар бахши илми ҳадис ва таърихи он таълиф ёфтаанд, лекин дар онҳо бисёр масъалаҳои фиқҳӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва эътиқодӣ инъикоси хешро ёфтаанд. Дар осори номбурда доир ба масъалаҳои ҳадисҳои саҳеҳ, ҳасан ва заиф, тарҷумаи ҳоли муҳаддисон, ради рофизиён, мӯътазилия, қадария, ҷаҳмия, муаттила, мурҷиия, каломи Худованд ва ғайри махлуқ будани Қуръон, ровиёни ҳадис ва рад намудани ривоёти ровиён ва ғайраҳо матраҳ кардааст.
Дар байни таълифоти Имом Бухорӣ “ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ” бузургтарин асар буда, барои рушду такомули илму фарҳанги мусулмонон таъсири бузурге гузоштааст.
Имом Бухорӣ дар бобати таълифи ин асар таъкид намудааст, ки «Ман китоби «Саҳеҳ»-ро дар муддати шонздаҳ сол таълиф кардаам ва то онро байни худ ва Худованд ҳуҷҷате қарор диҳам». Воқеан ҳам ӯ дар муддати 16 соли ҳаёти худ дар ҷӯстуҷӯи ҳадисҳои Пайғамбари Ислом ба тамоми кишварҳои исломӣ сафар намуда, аз ровиён ҳадисҳои зиёдро ҷамъ намудааст. Чи тавре ки худи Имом Бухорӣ мегӯяд, сад ҳазор ҳадиси саҳеҳ ва дусад ҳазор ҳадиси ғайри саҳеҳ ҳифз медонам.
Дар ҳудуди чаҳордаҳ аср аст, ки замири мусулмонон саршор аз оёти Қуръон ва аҳодиси набавӣ гардида, дар арсаи пурбаракати ин ду сарчашмаи маърифат таълиму тарбия ва парвариш ёфта, аз маърифати динӣ мавқеи инсон дар ҷомеа ва ахлоқи ҳамида баҳраманд гардидааст. Аҳодиси набавӣ дуюмин масдари асосӣ баъд аз Қуръони карим маҳсуб мегардад ва ба қавли пири мазҳаб Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит «Агар суннат намебуд, касе аз мо Қуръонро намедонист».
Имом Бухорӣ бо ҳадафи ҷамъоварии ҳадисҳои Пайғамбари ислом (с), ҳамчунин барои паҳн кардани онҳо дар байни ҷомеаи исломӣ кӯшишҳои зиёде анҷом додааст. Вай ҳадисҳои саҳеҳ ва дурустро дар байни нақлу ривоятҳои саҳоба ва тобеин дар асоси як тарзу усули хос ҷудо сохта, онҳоро аз байни ҳадисҳои сохтаву ҷаълӣ ҷудо кардааст.
Бо ин кораш кореро анҷом дод, ки ҳеҷ муҳаддисе қабл аз вай амалӣ накардааст ва баъд аз зиндагии ӯ низ то имрӯз касе анҷом надодааст. Ба қавли Имом Ҳоким Абӯаҳмад тамоми муҳаддисоне, ки баъд аз Имом Бухорӣ даст ба навиштани «Саҳеҳ» заданд, ҳама пайравони мактаби вай мебошанд.
Наҷотзода Мутеъуллоҳ
корманди Маркази исломшиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх