Бегонапараст, бингар, ки бегона туро кӣ мешиносад!

(Дар ҳошияи ҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъд мусулмон»)
Имрӯзҳо дар фазои маънавии ҷомеа перомуни ҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъд мусулмон» андешаҳои гуногун сурат гирифта истодаанд.
Бояд эътироф намуд, ки ҳикмати баённамудаи Пешвои миллат воқеан ҳам маънои амиқ ва васеъ дошта, шарҳталаб мебошад, зеро мардуми кишвар аксаран тоҷик буда, ҳамзамон мусулмон мебошанд. Аз ин рӯ, муайян намудани мавқеи дақиқ зимни арҷгузорӣ ба ду навъи умумияти иҷтимоӣ – миллӣ ва динӣ ва вобаста ба ин, роҳ надодан ба бегонапарастию бемавқеӣ дар шоҳроҳи интихоби арзишҳои муқаддамтар, авлотар, муқаддастар, тақдирсозтар барои ҳар фарди ҷомеа хеле муҳим мебошад. Бояд таъкид намуд, ки дар шароити муборизаҳои геосиёсии абарқудратҳо барои тавсеа бахшидан ба нуфузи минтақавию ҷаҳонии худ ва зимни ин сиёсат истифода шудани дин ва қишри дингарои ҷомеа, ва ҳамзамон нерӯ гирифтани раванди дингароӣ дар кишвари тоза истиқлоли мо муҳимияти мавзӯи мазкур даҳчанд меафзояд.
Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар фаҳмиши дурусту шарҳи дақиқи ҳикмати баённамудаи Пешвои фарҳангдӯсти миллат фикру андешаҳои гуногун садо медиҳанд. Баъзе шахсиятҳо дар зери таъсири ҷаҳонбинии ирратсионалии худ зимни маънидод намудани ҳикмати зикршуда аз хати росту равшан баромада, ба таҳрифи маъно роҳ медиҳанд.
Масъулияти касбӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди тақдири ояндаи миллат моро водор намуд, ки дар ҳудуди дониш ва қудрати худ бо изҳори узр барои иштибоҳ андешаҳои худро перомуни ҳикмати хеле муфид ва саривақтии Пешвои миллат иброз намоем.
Аз нигоҳи ин ҷониб барои фаҳмиши дурусти маънои нуҳуфта ҳикмати баёншударо мо бояд мавриди таҳлили луғавӣ қарор диҳем. Дар ҷумлаи «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон» маънои мавриди таваҷҷуҳ тавассути вожаи «аввал» оғоз мегардад. Вожаи мазкур арабӣ буда, ба муқаддам, яъне нахустин будани будани чизе, ҳодисае, ҳолате ва ё раванде ишора менамояд. Ин маънои онро дорад, ки ҳодисаю равандҳое дар муқоиса бо чизи дигар, ҳодисаи дигар, раванди дигар, ҳолати дигар бидуни он, ки дар ҳастии онҳо шак оварда шавад ё ҳастии онҳо инкор карда шавад, бартарият доранд, мақоми нисбатан болотарро соҳибанд, дар ҳолати интихоб онҳо соҳибимтиёзанд, гузароянд. Вожаи «аввал» зимни ифода бо рақам бо шумораи «як» ифода карда мешавад, ки он аз шумораҳои «ду», «се», «чор» ва амсоли онҳо муқаддамтар буда, зимни ҳисоб ва тартиб нахустгом аст. Муродифи вожаи «аввал» дар забони тоҷикӣ вожаи «нахуст», «нахустин» аст, ки маънои «муқаддам будан, дар оғоз ё ибтидои чизе, ҳолате, раванде қарор доштан»-ро ифода менамояд.
Аз ин нигоҳ, ҷумлаи «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон» бидуни инкори мансубияти динӣ бартарият, афзалияти мансубияти этникиро ифода менамояд. Ба қавли дигар, аз ҷумлаи мазкур бояд чунин бардошт намуд, ки агар барои ман арзишҳои динӣ муҳим ва муқаддас мебошанд, пас арзишҳои миллӣ муҳимтар ва муқаддастар мебошанд. Агар матлабро соддатар баён намоем, пас, зимни муайян намудани таносуб байни ду навъи арзишҳои баёнгардида ақрабаки тарозу ба сӯйи арзишҳои миллӣ майл менамоянд.
Бояд эътироф намуд, ки ҳикмати баённамудаи Пешвои миллат дар муқаддам доштани арзишҳои миллӣ бар арзишҳои динӣ асоси таърихӣ дошта бо зарурат ва ногузирияш дар воқеияти иҷтимоии имрӯза собит мегардад. Асоси таърихии ҳикмати баёнгардида дар он ифода меёбад, ки соҳибони аслии дин муқаддам будани арзишҳои миллиро дар муқоиса бо арзишҳои динӣ дар тули таърих борҳо ба маъраз гузоштаанд ва имрӯз низ гузошта истодаанд. Ба таври мисол, Қуръон борҳо бо навъҳои гуногун маҳз дар заминаи дин ва фармудаҳои Қуръон муттаҳид гардидани мусулмонон ва дар заминаи мансубияти динӣ бародар ва баробарҳуқуқ будани мусулмононро таъкид намудааст. Аз ҷумла: «Ҷуз ин нест, ки муъминон бародари якдигаранд…» (Ҳуҷурот, 49:10); «Ҳароина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст» (Ҳуҷурот, 49:13); «Ва шумо ҳама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед» (Оли Имрон, 3:103) ва ғайра.
Аз мундариҷаи оятҳои овардашуда баробарию бародарии мусулмонон дар заминаи умумияти динӣ бараъло таъкид мегардад. Аммо чун ба таърихи рушди ислом таваҷҷуҳ менамоем, ба осонӣ пайхас менамоем, ки барои соҳибони аслии дин ҳамеша арзишҳои миллӣ бар арзишҳои динӣ муқаддам буданд ва дар бисёр ҳолатҳо фармудаҳои динӣ аз ҷониби соҳибони аслии дин ба хотири пайгирии ҳадаф дунявӣ дар ҳошия қарор мегирифтанд. Суханро дароз накарда, ин ҷо чанд иқтибосро аз ду китоби муътабар доир ба таърихи ислом пешкаши хонанда намуда, мехоҳем, ки хонанда худ ҳам ба мазмуну талаботи оятҳо ва ҳам ба аъмоли пешвоёни ҷомеаи исломӣ тааммул намояд:
1. «Симои дигаре аз низоми уммавӣ ихтисос додани мазоё (имтиёз) ба аъроб буд, ба истиноди ин амр, ки аъроб қавӣ ҳастанд, ки Худой ононро интихоб карда, ва пайғамбарӣ аз миёни эшон баргузида аст то авомири ӯро ба забони арабӣ ба ҳамагон таблиғ кунад» (Таърихи ислом, Пажӯҳиши донишгоҳи Кембриҷ. Тарҷимаи Аҳмади Ором, Теҳрон, 1382,
саҳ. 125).
2.«Нахустин фотеҳон парвои он надоштанд, ки мардуми сарзаминҳои мусаххаршударо ба дини ислом дароваранд» (Таърихи ислом, ҳамон ҷо, саҳ. 140-141).
3.«Абдулмалик дар таърихи тамаддуни ислом номи неке дорад, чи ки то замони ӯ дафотири исломӣ ба хат ва забони мардумони маҳаллӣ навишта мешуд, масалан мисриҳо ба қибтӣ, шомиҳо ба юнонӣ ва ироқиҳо ба форсӣ дафтарҳои давлатиро менигоштанд ва табъан мутасаддиёни дафотир ҳам мардумони маҳалӣ, яъне масеҳиёни Шом, ва қибтиёни Миср ва ирониёни Ироқ буданд. Абдулмалик ин расмро барандохт ва дафотири давлатиро аз забонҳои мухталиф ба арабӣ баргардонид ва онро ба дасти аъроб супурд ва бо ин иқдом забони арабиро забони расмии давлатӣ қарор дод ва табъан аҳолии кишварҳои исломӣ забони худро фаромӯш карда арабӣ омӯхтанд ва забони арабӣ, ки забони дин буд, забони давлат ҳам шуд ва рафта-рафта мусулмонон арабмаоб шуда нажод ва миллати худро аз даст доданд ва ҷузъи гурӯҳи аъроб даромаданд» ( Ҷ.Зайдон, Таърихи тамаддуни ислом, Теҳрон, 1382, саҳ. 66).
4.«Ҳамон тавр, ки қурайш бар соири қабилаҳо муқаддам буд, араб бар тамоми милали мусулмон ва ғайримусулмон, ки дар кишварҳои исломӣ мезистанд, бартарӣ дошт…Ва паямбар фармудааст, ки ҳар кӣ арабро душман бидорад, Худо душмани ӯст» (Ҷурҷӣ Зайдон, саҳ. 696).
5.«Арабҳо ин ҳарфҳоро (ҳарфҳои Ибни Муқаффаъро, ки арабҳоро бузург меҳисобид ва хирадмандтарин мардуми рӯйи замин мешуморид – А.К.), мешуниданд ва худро болотар аз дигарон мепиндоштанд ва ба хусус бар миллатҳои мусулмон (ғайриараб) мубоҳот мекарданд ва ононро маволӣ мехонданд…
Арабҳо аз иқтидо (дар намоз) ба маволӣ икроҳ доштанд ва агар ҳам пушти сари онон намоз мехонданд, мегуфтанд барои фурутанӣ нисбат ба Худо чунин мекунем. Арабҳо мегуфтанд: се чиз намозро дарҳам мешиканад: саг, ва улоғ (хар), мавло. Дар як саф бо онон ҳаракат намекарданд, ҳеҷ гоҳ ононро пеш намеандохтанд, дар ҳар хоне болои сари онон меистоданд. Ва агар мавлоро барои риояти син ва фазл ва тақво ба меҳмонӣ мехонданд, ӯро дар сари роҳ менишонданд то мардум бидонанд, ки ӯ араб нест. Агар касе аз арабҳо мемурд, мавло наметавонист бо дигарон бар ҷанозаи араб намоз бигзорад». Ҷ.Зайдон, саҳ. 698-699).
6.«Хулоса ин ки кори ғурур ва худписандии аъроб дар замони Бани Умайя ба ҳадди ифрот расид, зеро таъсири таълимоти исломӣ роҷеъ ба мусовоти мусулмонон аз миён рафта буд ва ва Бани Умайя дар хор шумурдани мусулмонони ғайриараб ифрот мекарданд» (Ҷ.Зайдон, саҳ. 700).
7.«Абдулмалик (Солҳои ҳукмронӣ: 685-705 – А.К.) ба қадре худраъй ва худком буд, ки барои пешрафти кори худ ба ҳар навъ қувои қаҳрия (зулму зурӣ-А.К.) мутавассил мегашт, агар чӣ бо аҳкоми дин мухолиф буд. Шояд тасаввур шавад, ки Абдулмалик ин равиши хашинро аз волии тундхӯй ва ва ситамгари хеш Ҳаҷҷоҷ омӯхт, вале ин тасаввур иштибоҳ аст, зеро Абдулмалик пеш аз он, ки халифа шавад, тазоҳур ба диндорӣ мекард ва ҳамин ки халифа шуд, пушти по ба дин зад. Мегӯянд мавқее, ки муждаи халифа шудан ба Абдулмалик расид, вай дар утоқи хеш машғули Қуръон хондан буд ва то он хабарро шунид, Қуръонро таҳ карда гуфт, баъд аз ин бо тту коре надорам ва то зиндаам аз ту ҷудо ҳастам.
Аз он рӯ, ҷойи тааҷҷуб ест, ки чунин халифае ба волии худ Ҳаҷҷоҷ дастур диҳад, ки Каъбаро бо манҷаниқ бикубад (Куфта шудани Каъба бо манҷаниқ дар китоби Таърихи ислом, саҳ. 135 низ зикр шудааст- А.К.) ва дар миёни масҷиди Каъба сари Абдуллоҳ ибни Зубайрро бибурад! Дар сурате, ки Каъба ва атрофи он ба муъҷиби қавонини ислом маҳали амнӣ аст ва куштор дар он ҳаром аст, вале сипоҳиёни Каъба се рӯзи тамом дар он ҷо куштор карданд ва хонаи Каъбаро вайрон сохта, пардаҳои онро оташ заданд ва ин амал дар таърихи ислом бесобиқа будааст. Ва ҳамин ки аз кори Каъба фориғ шуданд, ба Мадина рӯ оварданд ва мардуми онҷоро қатли оом карданд ва ҳар дареро баста диданд, оташ заданд то он ҷо, ки қибтиҳо ва набатиҳо Қуръонро лагадмол карда, шамшер ба душ бар занони Қурайш тохтанд, мақнаи онҳоро аз сарашон кашиданд, ва халхол аз пояшон дароварданд (Ба ҷилди дувуми Ибни Халиқон, саҳ. 274 муроҷиа шавад)» (Ҷ.Зайдон, саҳ. 721).
Далелҳои овардашуда ба пуррагӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки аллакай дар марҳилаҳои ибтидоии хилофати исломӣ миллият аз диният муқаддам буд. Имрӯз низ дар аксари кишварҳои арабӣ манофеи инсон, мақом ва мартабаи шахс на аз рӯи мансубияти динӣ, балки аз рӯи мансубияти миллӣ муайян мегардад ва тибқи меъёри зикршуда муносибат ба роҳ монда мешавад. Яъне, миллият дар ҳамаи ҳолатҳои зиндагӣ аз диният авлотар, афзалтар ва муайянкунандатар мебошад.
Дар робита ба чунин андешае, ки «Дин ҳамеша буд, ҳаст ва мемонад» ҳаминро бояд гуфт, ки андешаи мазкур беасос аст. Дар муқобили андешаи мазкур мо гуфтанием, ки дин ҳамеша набуд, имрӯз низ қисман ҳаст ва дар оянда нахоҳад монд. Таърихан собит шудааст, ки дин танҳо бо пайдоиши инсони неандертал пайдо шудааст. То пайдоиши инсон аз дин дарак набуд. Дин вокуниши инсон ба мушкилоти мухталифи иҷтимоию маънавии инсон аст. Дар дунёе, ки инсон вуҷуд надошта бошад, дин чӣ гуна метавонад, ки вуҷуд дошта бошад.
Имрӯз низ дин қисман вуҷуд дорад. Аввалан кишварҳои аз лиҳози илмӣ пешрафтаи Аврупою Амрикою Осиё аллакай динро бо илм ҷойгузин намуда, онро дар гушаи осорхона ҷой додаанд. Сониян, диндории мо низ аз он диндорие, ки дар оғози пайдоиши ҷомеаи инсонӣ буд, куллан фарқ менамояд. Ҳатто бидуни шубҳа метавон қайд кард, ки диндории имрӯзаи мардум аз диндории аҷдодони сад-дусад сол пеши худ аз рӯи иҷрои ибодат, тарс аз Худо, масъулияти динӣ, тарзи тафаккуру ҷаҳонбинии худ фарқ менамояд. Пешвои дини мо имрӯз нимдинию нимдунявӣ аст ва дар ҳолати зарурӣ, яъне пеш омадани манфиати дунявӣ арзиши диниро дар мақоми дуюм қарор медиҳад.
Дин дар оянда мақоми худро пурра ба илм медиҳад, зеро ҷомеаи башарӣ тибқи қонунҳои худ, ки ба талаботу манфиат асос меёбад, ҳатман пешрафт намуда, авлавияти ҳукми ақлро бар нақл ба маъраз мегузорад. Ин авлавиятро ҳатто имрӯз низ мо дар кишварҳои мусулмоннишин пурра мушоҳида мекнамоем.
Сониян, таърихи рушди фарҳанги инсонӣ, аз як нигоҳ, муборизаи дину илмро мемонад. Дар оғоз илм набуд, дин дар шакли хеле дағал ва мудҳиш вуҷуд дошт. Тадриҷан бо рушди ақлу фаросат ва пайдоиши илм дин низ зоҳиран комил гардид ва то андозае ба ҳисси кунҷковии инсон ҷавобгӯ гардид. Дар асрҳои миёна дин хатарро аз ҷониби илм эҳсос намуда, онро саркӯб намуд. Аммо дар Ғарб илм аз домани дин раҳо гардида, тадриҷан мустақил шуд ва қадам ба қадам фазои динро маҳдуд намудан гирифт. Инқилоби илмӣ-техникӣ ва хосияти фарогир ва татбиқӣ пайдо намудани илм динро ба гӯшаи осорхона бурда шинонд.
Ҷойи шубҳае нест, ки дар тамоми кишварҳои мусулмонннишин низ новобаста аз фишангҳои боздорандаи дохилию маблағҳои молии зиёд аз хориҷ ба хотири гирифтани пеши роҳи рушд раванди фавқуззикри ғарбӣ ҳатман сурат хоҳад гирифт, зеро аввалан рушди ҷомеа, дар ҳар шакле набошад, ногузир аст. Сониян, таъсири он пешрафтро мо аллакай имрӯз ҳис мекунем. Ахиран, нишонаҳои ба осорхона рафтани дин бо чунин далел собит мегардад, ки унсури асосӣ ва марказии дин – тарс аз Худо дар рафтору кирдори пешвои дин мушоҳида намегардад, дар хусуси диндори одӣ ҳоҷати гап ҳам нест!
Дар баробари коста гардидани нақш ва мақоми дин ҳамчун умумияти эътиқодӣ дар пешбурди ҳаёти инфиродӣ ва ҷамъиятии одамон мустаҳкам гардидану неру гирифтани нақш ва мақоми миллатро ҳамчун умумияти этникӣ дар пешбурди фарҳанги башарӣ мушоҳида менамоем. Пайваста ба назар мерасад, ки солҳои охир чӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ ва чӣ илмӣ шахсиятҳои муваффақ бо мансубияти этникии худ меболанд ва мудом баҳри баланд бардоштани шаъну шарафи миллати худ талош меварзанд. Ҷойи пӯшида нест, ки агарчанде мусобиқаҳои мухталиф дар байни намояндагони кишварҳои гуногун сурат мегиранд, лек дар асл ҳар намоянда муаррифгари миллати хосе мебошад. Аз ин рӯ, маҳз мансубияти этникӣ таҳрикдиҳандаи қавӣ барои дастоварду комёбиҳо буда, мояи асосии ифтихори тамоми намояндагони миллат маҳсуб меёбад.
Ҳамаи далоили таърихӣ, илмӣ ва мантиқӣ ба таври муътамад авлавияти арзиши миллиро дар муқоиса ба арзиши динӣ ба маъраз гузошта, ба роҳбарӣ гирифтани онро аз ҳар фарди фаҳангдӯсту меҳанпараст тақозо менамояд.
Абдухалилзода К.А. д.и.ф. 
Муовини директори Маркази исломшиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх