Санаи 29-уми октябри соли 2025 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радиои «Ватан» барномаи таҳлилӣ таҳти унвони «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!» баргузор гардид.
Барномаи мазкур дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар он ҳамзамон масълаҳои муқовимат ба ифротгароӣ, бахусус усулҳои муқовимат бо паҳншавии салафияи тундгаро баррасӣ гардиданд.