Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар н. Лахш

29 – уми октябри соли 2025 вохӯри гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Марказ Абдуллоҳи Қодирӣ, Мирзозода Азизулло Файз – мушовири директори Марказ ва Санавбар Шарипова – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия, хизматчиёни давлатӣ, масъулини танзими ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа суҳбату мулоқоти судманд баргузор гардид.
Маърузачиён дар атрофи мавзуъҳои муҳимми рӯз, аз қабили риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъадор”, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан суханронӣ намуданд, ки чунин мулоқоти самимӣ мақбули сокинони меҳнатқарини ноҳия Лахш гардид.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни мулоқот табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх