Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои иттилоотӣ босуръат рушд доранд, шуури динии ҷомеа низ таҳти таъсири васоити ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва манбаъҳои электронии иттилоот қарор дорад. Агар дар гузашта ташаккули шуури динӣ асосан тавассути муассисаҳои динӣ, оила ва муҳити маҳаллӣ сурат мегирифт, имрӯз интернет, телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба манбаи асосии ташаккули дидгоҳи инсон табдил ёфтаанд.
Бояд қайд намуд, ки мафҳум ва моҳияти шуури диниро чунин шарҳ дод: Маҷмӯи ақидаҳо, эҳсосот ва арзишҳои инсон нисбат ба воқеияти илоҳӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки дар асоси эътиқод ташаккул меёбад. Он як ҷузъи муҳими шуури иҷтимоӣ буда, дар тарбияи маънавӣ ва рафтори инсон нақши калидӣ мебозад. Ташаккули шуури динӣ аз омилҳои зерин вобаста аст: муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; сатҳи маърифати динӣ; сиёсат ва қонунгузории давлатӣ дар соҳаи дин; дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотӣ.
Аммо дар мавзуи фазои иттилоотӣ ва нақши он дар ташаккули шуури динӣ чунин метавон гуфт, ки фазои иттилоотӣ имрӯз на танҳо воситаи паҳнкунии ахбор, балки муҳити таъсиррасон ба шуури инсон шудааст. Дар ин фазо усулҳои гуногуни ташаккули шуури динӣ дида мешаванд: аз ҷумла усули маърифатӣ, ки ба пешбурди барномаҳои омӯзишӣ, лексияҳо, подкастҳо ва курсҳои онлайн оид ба таълимоти динӣ, ки ба боло бурдани сатҳи маърифати динӣ равона шудаанд. Ҳамчунин усули иттилоотӣ-иртиботӣ, ки ин усули истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, YouTube, TikTok ва ғ.) барои таблиғи арзишҳои динӣ ва мубодилаи фикр миёни уламову ҷавонон. Боз усули фарҳангӣ-эстетикӣ, ки Инъикоси арзишҳои динӣ дар филмҳо, адабиёт, мусиқӣ ва санъат, ки ба эҳсосоти инсон таъсир мерасонанд ва муҳити мусоид барои таҳкими маънавият фароҳам меоранд. Инчунин усули таҳлилӣ ва танқидӣ, ки таҳлили илмии матлабҳои динӣ дар расонаҳо, ки ба таври оқилона аз ифрот ва таассуб ҷилавгирӣ менамояд ва шуури мутавозини динӣ ба вуҷуд меорад.
Мавриди зикр аст, ки мушкилиҳои ҳамоиши арзишҳои динӣ бо арзишҳои миллӣ яке аз масъалаҳои ҳассоси ҷомеаи муосир гардидааст, ки ин мутобиқ сохтани арзишҳои динӣ бо арзишҳои миллӣ мебошад. Ҳарчанд дин ва миллат ҳар ду ҷузъҳои муҳими ҳувияти инсонанд, дар баъзе мавридҳо байни онҳо ихтилофоти назариявӣ ва амалия ба вуҷуд меояд. Аз ин хотир метавон гуфт, ки мушкилоти асосӣ чунинанд: Фаҳмиши нодурусти дин, ва паҳншавии тафсирҳои ифротгароёна дар фазои иттилоотӣ боиси дуршавӣ аз арзишҳои миллӣ мегардад. Ҳамчунин бегонашавии фарҳангӣ, тақлид ба фарҳангҳои хориҷӣ бо ниқоби «исломӣ» метавонад арзишҳои миллиро заиф гардонад. Боз метавон гуфт набуди саводи иттилоотӣ ва динӣ, ки ҷавонон на ҳамеша қодир ба фарқ кардани манбаъҳои боэътимод аз иттилооти бардурӯғ ҳастанд.
Инчунин метавон гуфт, ки яке аз мушкилиҳои ҳамоиши арзишҳои динӣ бо арзишҳои миллӣ Масоили сиёсӣ ва идеологӣ мебошад. Гоҳе гуруҳҳои манфиатҷӯ арзишҳои динӣ ва миллиро барои ҳадафҳои сиёсӣ истифода мебаранд.
Мавриди таъкид аст, ки барои роҳҳои ҳалли ин мушкилот ва барои ҳамоиши муваффақи арзишҳои динӣ ва миллӣ бояд системаи маърифати динии илмӣ таҳким ёбад, ҳамчунин воситаҳои иттилоотӣ барои пешбурди фарҳанги таҳаммул ва ватандӯстӣ истифода шаванд, уламои динӣ ва мутахассисони фарҳангӣ ҳамкорӣ кунанд, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва иттилоот дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ роҳандозӣ гардад.
Дар маҷмуъ гуфтан мумкин аст, ки шуури динии ҷомеа дар фазои иттилоотӣ наметавонад аз муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷудо бошад. Барои устувории он, мутобиқати арзишҳои динӣ бо арзишҳои миллӣ зарур аст. Танҳо дар шароите ки дин ва миллат якдигарро пурра ва такмил мекунанд, метавон ҷомеаи боэътиқод, маърифатнок ва мутамаддинро, ки ба арзишҳои миллӣ ва пойдории давлат замина мешавад, бунёд кард.
Исоев Насимҷон – сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон