Ба касе пӯшида нест, ки имрӯз олами исломро як идда ҳаракату равияҳои ифротӣ ва даҳшатафкан ноором сохтаанд. Баъзан дар адабиётҳои оммавӣ андешаҳое вомехӯранд, ки онҳо барои тамоми ҷомеаи башар хатарнок ва музиранд. Аммо ин андеша он қадар саҳеҳ нест, зеро ин ҳаракату гуруҳҳои ифротӣ аз тарафи доираҳои махсуси зиддисломӣ ташкил мешаванд ва фаъолияти онҳо зери назорат буда, пайваста ба танзим дароварда мешаванд. Аз ин рӯ, онҳо барои ҷомеаҳое, ки мусулмон нестанд, аслан хатаре эҷод намекунанд ва барои эҷоди хатар замина ва неруи кофӣ ҳам надоранд. Бинобар ин, тамоми фаъолияти онҳо ба олами ислом нигаронида шудааст ва ҳадаф ҳам аслан яктост – бояд пеши роҳи рушди олами ислом гирифта шавад. Доираҳои хориҷӣ аз таърихи рушди олами ислом хуб бохабар буда, нағз медонанд, ки дин ҳамчун ҷаҳонбинии ғайриилмӣ дар тули таърих вазифаи садгузориро барои пешрафти ҷомеа хеле нағз адо кардааст ва имрӯз ин вазифаро ҳаракату равияҳои ифротӣ бо ҳадафҳои бунёди ҷомеаи исломӣ, исломи ноб, исломи суннатӣ, пайравӣ ба суннати пайғамбар муттасил пайгирӣ карда истодаанд. Ҳадафҳои номбаршуда, ки ҳамагӣ сунъӣ, сохташуда буда, ҳеҷ рабте бо таърихи воқеии ислом надоранд, барои роҳандозӣ намудани ҳадафҳои геосиёсии хоҷагони хориҷии ҳаракату равиҳои ифротии фавқуззиккр хеле мувофиқанд. Зеро ҳадафҳои номбаршуда танҳо утопия, яъне силсилахаёлҳои беохири татбиқнашаванда буда, ҳадафи асосӣ ноором сохтани ҷомеаҳои исломии аз хондан дарканорафтода ва бад-ин васила гирифтани пеши роҳи рушди онҳо, ғорат намудани сарватҳои табиияшон ва роҳбар-роботи банда (ғулом)-ро бар сари ин халќњои мусулмон гузоштан аст.
Чуноне ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҳадафҳои баёншударо ҷараёни ифротии салафия дар муқоиса бо дигар ҳаракату равияҳо беҳтар амалӣ менамояд. Дар аксари кишварҳои мусулмоннишине, ки дар ибтидои қарни XXI таҳаввулотҳои сиёсӣ сурат гирифту ба ҷойи ҷомеаҳои орому рушдкунанда ҷомеаҳои тафриқашуда, низоъкунанда ва пуркинаю пурадоват бунёд ёфт, салафиҳо даст доштанд. Яъне, салафиҳо чунин як умумияти динӣ-сиёсие мебошанд, ки онҳо дар тамоми олами ислом паҳн шудаанд ва хоҷагони хориҷияшон дар куҷое, ки хоҳанд онҳоро чун аскари қаторӣ истифода мебаранд. Барои ноором сохтани ҳар кишвар шумораи ками онҳо низ кифоя аст. Чун хоҷагони хориҷияшон зарур шумориданд, ҳаммаслакони гумроҳашонро аз дигар манотиқ барои кӯмаки онҳо мефиристанд. Онҳо гумон мекунанд, ки ҳаммаслаконашон дар ҳолатҳои тангӣ тибқи таълимоти ислом ба мадади онҳо меоянд, бехабар аз он ки онҳо пиёдакунандагони сиёсати душманони исломанд. Мисоли равшани ҳақиқати мазкур ҳодисаҳои Ливия аст. Мардуми ин кишвар то дахолати салафиҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷияшон дар кадом шароит мезистанду ин муборизони «исломи ноб» барои аҳли Ливия кадом шароитро бунёд карданд.
Акнун саволе пайдо мешавад, ки салафиҳо чӣ гуна ашхосанд, ки онҳо то ба ин сатҳ ба мардуми мусулмон хатарноканд? Агар гӯем, ки онҳо пайравони Ибни Таймия мебошанд, ҷавоб пурра саҳеҳ нахоҳад буд. Зеро Ибни Таймия ҳамчун донишманди исломӣ дар шароити ҳукмронии муғулҳо зисту шароити нав дар зеҳни ӯ тасаввуроти хосро доир ба ислом эҷод намуд. Ҳам Ибни Таймия худаш аз тарафи имомони мазҳабҳои маъмул маҳкум шуда буд ва ҳам таълимоташ дар тули асрҳои зиёд мавриди пайравӣ қарор намегирифт. Дуруст аст, ки таълимоташ дар шароити нав, шароите, ки муғулҳои мусулмон тибқи қонуни Чингиз зиндагӣ мекарданд, эҷод шуда буд. Аммо таълимоти ў ногузирии тағйиротҳои иҷтимоиро ба инобат намегирифт, аз ин рӯ, иртиҷоӣ ва номуваффақ маҳсуб меёбад.
Маҳз ба хотири хусусиятҳои иртиҷоияш душманони хориҷии ислом таълимоти Ибни Таймияро ҳамчун таълимоти муқовиматкунанда ба тағйироту рушд хеле мувофиқ маҳсуб дониста, онро ҳадафмандона истифода бурда истодаанд. Ба қавли дигар, барои ҷаҳони пешрафта пайдо шудани олами исломи рушдкунанда њамчун рақиб лозим нест. Барои онҳо манфиатовар он аст, ки олами ислом чун бозори ашёи хом боқӣ монаду пайваста мавриди истисмору таҳқир қарор гирад. Барои роҳандозӣ намудани сиёсати мазкур онҳо таълимоти Ибни Таймияро заминаи ғоявии салафия қарор доданд. Ба қавли дигар, хоҷагони хориҷии салафия таълимоти Ибни Таймияро бо дасти салафиҳо барои гирифтани пеши роҳи рушди илму техника мақсаднок истифода бурда истодаанд.
Ҳамчунин салафиҳоро пайравони Абдулваҳҳоб номидан низ пурра дуруст нест. Зеро тасаввуроти салафиҳо дар бораи қабрҳо ё ба шакли хос хондани намоз василае беш нест. Худи Абдулваҳҳоб бо роҳнамоию кумаки бевоситаи хориҷиҳо ба сари қудрат омада буд. Хориҷиҳо ӯро маҳз барои ҳадафҳои муайяни геосиёсияшон ба сари қудрат оварда буданд, вагарна баврои як хориҷии ғайримусулмон чӣ фарқ дорад, ки мусулмон чӣ тавр намоз мегузорад ё барои хориҷӣ ба сари қабр рафтани мусулмон чӣ аҳамияте дорад? Унсурҳои зикршуда танҳо барои ташкили як умумияти хоси сиёсӣ-динӣ ва тафриқа дар олами ислом заруранду халос. Зеро салафиҳо аз маънои ояти 18 аз сураи «Фотир» «Ва ҳеҷ бардорандае бори дигареро намебардорад» ба хубӣ огаҳанд. Дар ин маврид мардум низ мегӯянд: «Гӯри ту ҷудо асту гӯри ӯ ҷудо». Аммо асл ин ҷо ҳадафи ҳоҷагони хориҷӣ таъиннамуда аст, на унсурҳои алоҳидаи динӣ.
Ҳамчунин мавқеи Албонӣ низ, ки онҳоро пайрави саҳобаҳои аввал – салафи солеҳ мешуморад ва чунин мавқеъро худи онҳо низ пуштибонӣ мекунанд, асос надорад. Мафҳуми «салафи солеҳ», ки дар баъзе адабиётҳои динӣ дучор меояд, мафҳуми бофташуда аст. Ибтидои таърихи ислом пур аз низою муноқиша мебошад. Ҷанги Ҷамал бо иғвои Талҳаю Зубайр (Ёрони биҳиштӣ) рух додааст. Дар ҷанги Сиффин низ, ки байни Алӣ ва Муовия рух доду 70 000 нафар кушта шуд, барои ҳокимиятталабӣ ба вуқуъ пайваста буд. Дар ҷанги мазкур бо тавсияи Амр ибни Ос, яке аз саҳобаҳои маъруф барои фиреб намудани душманон – саҳобаҳои дигар Қуръонро болои найзаҳо гирифта буданд. Тасаввур намоед, ки имрӯз чӣ касе ҷуръат намуда, Қуръонро сари найза мегирад? Халифаи сеюм- Усмонро барои беадолатиҳояш дар тақсими сарват ва мансабҳо кушта буданд. Чунин ҳолатҳои шигифтангез дар таърихи ислом хеле зиёданд. Аз ин рӯ, ибораи «Салафи солеҳ» танҳо барои фиреби мусулмонони аз таърих ва моҳияти дини ислом ноогоҳ сохта шудааст. Дар асоси далоили баёнгардида салафиҳоро пайравони салафи солеҳ номидан бар дурӯғ дурӯғи дигареро зам кардан аст.
Барои воқеъбинона, дуруст ва ба таври боварибахш боз намудани табиати аслии салафиҳо зарур аст, ки онҳоро ба ду гурӯҳ бояд ҷудо намуд: салафиҳои қаторӣ ва салафиҳои боломақом ё сатҳи баланди роҳбарӣ. Дар байни ин ду гурӯҳ агарчанде умумиятҳои зиёде вуҷуд доранд, ба ҳамон миқдор дар байни онҳо тафовут низ дида мешавад. Аввалин умумияти онҳо дар он ифода меёбад, ки ҳамаи онҳо салафӣ номида мешаванд ва бо ин ном ифтихор ҳам мекунанд. Сониян, ҳамаи онҳо аз рӯи эътиқод аз ҷумлаи мусулмонон маҳсуб дониста мешаванд, ҳадди ақал онҳо худро мусулмон меноманд. Нишонами сеюми умумияти байни онҳо дар он ифода меёбад, ки онҳо аз дигар мусулмонон бо баъзе аъмоли ибодатӣ ва баъзе тасаввуротҳои сохтаи ақидавӣ фарқ менамоянд.
Аввалин тафовути салафиҳои қаторӣ аз салафиҳои боломақом дар он ифода меёбад, ки онҳо аксаран пайрави кӯр-кӯронаи ҳаракати мазкур маҳсуб меёбанд. Агар ба гуфтугӯи байниҳамдигарии онҳо тавассути расонаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки онҳо аксаран бесаводанд. Калимаҳоро бехато навишта наметавонанд. Андешаҳояшон низ хеле содда ва бемаъно аст. Онҳо ба сабаби дур мондан аз таҳсил ва ё ниёзмандии иҷтимоӣ иштибоҳан ба чунин гурӯҳҳо пайвастаанд. Ба қавли дигар онҳо гумроҳоне беш нестанд.
Дар зеҳни онҳо чунин тасаввуротро ҷой намудаанд, ки онҳо мусулмонони ҳақиқӣ мебошанд ва тоату ибодати исломиро танҳо онҳо дуруст иҷро менамоянд. Аммо ин тасаввуроти онҳо хаёле беш нест. Агар чунин тасаввуроти онҳо танҳо хаёл набошад, пас, чаро онҳо фарзро мехонанду суннатро тарк менамоянд, дар ҳоле, ки онҳо худро пайравони воқеии суннати пайғамбар меҳисобанд. Гузашта аз ин, Қуръон мефармояд: Эй, муъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед» (Аҳзоб, 33:41). Тоифаи мазкур худро пайрави пайғамбар меноманд, лекин ду ракъат ё чор ракъати намози суннат, ки ҳанафиҳо мехонанд, онҳо намоишкорона тарк мекунанд. Магар онҳо намедонанд, ки хондани суннат низ ибодат аст? Онҳо инро медонанд, лекин ақлу фаросаташон аз берун барномарезишуда аст. Барои онҳо на худи ибодат, балки мансубияташон ба ҳаракати салафия муҳимтар аст. Гузашта аз ин, ба зикри Худо, чуноне, ки ёдовар шудем, Қуръон амр додааст. Аммо ин барои онҳо аҳамияте надорад. Зеро ақлҳои онҳо озод нест, зеро онҳо аскарҳои қаторие мебошанд, ки пиёдакунандаи амрҳои хориҷиянд. Ба қавли дигар, онҳо манқуртҳое ҳастанд, ки дар зеҳнашон чунин мусулмонии сохтаро идеологҳояшон ҷой кардаанд. Онҳо дарк намекунанд, ки тамоми ибодатҳои зоҳирияшон танҳо барои ташкили умумияти зоҳиран динии хос буда, ҳадафи асосӣ роҳандозӣ намудани сиёсати хоҷагони хоричӣ мебошад.
Пурсида мешавад: магар ҳамаи онҳо ҷоҳилу гумроҳ ҳастанд? Албатта, не! Ҳамаи онҳоро гумроҳ метавон номид, аммо ҷоҳил не, зеро дар байни онҳо шахсони босаводу соҳибмаълумот низ кам нестанд. Тоифаи мазкур ба сабаби ё гумроҳӣ ё ниёзмандие ба доми роҳбарони салафӣ афтодаанд ва ба хотири пайсаи ночизе аз онҳо вобаста шудаанд. Ин вобастагӣ дасту поё ақлҳои онҳоро чунон печонидааст, ки онњо барои раҳоӣ қудрати зарурӣ надоранд.
Он чӣ гуфтем, портрети аскари қаторист. Аммо салафии боломақом аз онҳо фарқ менамояд. Барои салафии боломақом на ибодат, балки сиёсат муҳимтар аст. Вазифаи онҳо ташкил намудани умумияти динӣ-сиёсии ифротӣ, барангехтани онҳо ба муқобили давлат ё низоми сиёсӣ маҳсуб меёбад. Тоифаи мазкур бесавод набуда, баръакс соҳибмаълумот мебошанд. Онҳо бояд ҳар чӣ бештар мардуми бесаводро ҷамъ намуда, барои бетартибию бенизомӣ замина гузоранд. Онҳо ҳам аз дин ва ҳам сиёсат хеле хуб бохабаранд. Аммо барои ба даст овардани музди бузурги хоҷагони хориҷии худ онҳо ба ҳар гуна бешарафӣ омодаанд. Фурӯхтани шаъну шараф ва қудрати миллату давлаташон барои онҳо арзише надорад. Дар зери ниқоби ислом ва фармудаи Худою расул ҳаёти миллионҳо мусулмонро қурбон мекунанд. Онҳо барои ноил шудан ба таҳсини хоҷагони хориҷии худ омодаанд, ки аз таърихи чандҳазорсолаи халқи худ, арзишҳои фарҳангии аҷдодони худ, ҳувияти миллию истиқлоли давлатии худ гузашт кунанд. Хеле тааҷҷубовар аст, ки онҳо ҳамаи ин бешарафиро огоҳона анҷом медиҳанд ва онро ба салафиҳои қаторӣ таҳмил менамоянд.
Ҳамин тариқ, ҳам салафиҳои қаторӣ ва ҳам салафиҳои боломақом дар зери ниқоби ҳифзи таълимоти ислом огоҳонаю ноогоҳона бо аъмолу фаъолияти зиддиинсонӣ, зиддимиллӣ ва хоинона машғул буда, мусулмонони бесаводро шарики худ мегардонанд. Фаъолияти онҳо зиддиинсонист, зеро дар тамоми бадбахтиҳои имрӯзаи мусулмонон – на танҳо қатлу куштор, балки гузоштани монеа ба пешрафти илму фарҳанг маҳз онҳо гунаҳгоранд. Аз соли 1979 то майи соли 2021 онҳо 48035 амали ҷиҳодӣ намудаанд, ки дар натиҷа 210138 нафар фавтидаанд. (Сарчашма: ru/Wikipedia.oru/wiki/Терроризм#Религиозный терроризм. Санаи муроҷиат: 29.10.2025). Аъмоли онҳо зиддимиллист, зеро бо таҳрифи таълимоти ислом тамоми фарҳанги миллиро нобуд месозанд. Аъмолу фаъолияти онҳо хоинона аст, зеро барои пиёда сохтани аҳдофи хоҷагони хориҷияшон шарафу номуси миллат ва истиқлоли давлаташонро мефурӯшанд.
Бинобар ин, аз ҷавонони кишвар даъват ба амал меоварем, ки аз доми ин гурӯҳи хиёнатпеша худро эҳтиёт намоед, аз ваъдаҳои дурӯғини онҳо ҳазар намуда, номуси худу авлоди худро аз поймол шудан ба дасти дигарон ҳифз намоед.
Абдухалилзода К.А. д.и.ф.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон