Баъд аз Истиқлолияти давлатӣ мақомоти қонунгузори кишвар бо дарназардошти эътиқоди динии шаҳрвандон ва таъмини шароити арзандаи ҳаёти онҳо як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиеро қабул кард, ки дар баланд бардоштану нақш гузоштани арзишҳои динӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии шаҳрвандони кишвар замина гузоштаанд.
Яке аз чунин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҚҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст, ки ҳамагуна анъанаву маросимҳои милливу диниро бо дарназардошти меъёрҳои шаръӣ ба танзим медарорад. Яке аз чунин маросим ин адои ҳаҷ ва умра аст, ки дар моддаи 13 қонуни мазкур ба таври возеҳу равшан баён гардидааст. Аммо, дар анҷоми ин маросим баъзе зиёдаравию хурофотпарастиҳо дида мешавад, ки аз доираи меъёри шаръӣ берун мемонад.
Бояд қайд кард, ки дар ҷомеаи имрӯза, дар самти анҷоми яке аз рукнҳои дини ислом, зиёрати Каъбатуллоҳ, ки ба хотири ба ҷо овардани фарзи илоҳӣ анҷом дода мешавад ва танҳо барои онҳоест, ки шароити молиявӣ доранд, мутаассифона зиёдаравию худнамоишдиҳӣ ва таассубу исрофкорӣ ба назар мерасад.
Худ шоҳидем, ки имрӯзҳо теъдоди умракунандагон зиёд гашта, баъд аз баргашт ба ватан харҷи зиёди пулию молӣ мекунанд, ки албатта ин амал аз доираи меъёрҳои шаръӣ ва меъёрҳои қонунгузории миллӣ берун мондааст. Чун мусулмонем ва пайрав ба суннату оини исломӣ дорем, бояд донем, ки зиёдаравию исрофкорӣ дар шариати исломӣ шадидан маҳкум шудааст ва мо бояд зидди ингуна ҷаҳолат, ки танҳо аз худ фақру тангдастӣ ва шӯҳратталабию ақидаи нодурустро мемонад, мубориза барем.
Агар, таълимоти исломии зиёрати Каъбатуллоҳро бинем, албатта анҷоми он аз шатрҳое иборат аст, ки ба анҷом додани амалҳои хайру савоб нигаронида шудааст.
Монанди ин ки пеш аз сафари ҳаҷ, бояд аз аҳвол ва шароити пайвандону ҳамсоягон, ятимону маъюбон барҷомондагону камбизоатон огаҳ бошем, зеро шод кардани дили ҳар бандае аз аҳкоми илоҳист.
Албатта, зиёрати Каъбатуллоҳ аз фароизи дини ислом барои шахсони тавонманд аст. Вале, ин ҷо амали зиште, ки дар байни ҷомеаи имрӯзаи мо ба назар мерасад, ин аст, ки ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, ки на ба меъёри шаръӣ ва на ба қонунгузории миллӣ рост намеояд, ба ҳукми анъана даромадааст, дар ҳоле, ки мо худро мусулмон медонем ва дар кишвар ҚҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро мавриди амал қарор додаем.
Тавре ки аз мушоҳидаҳо аён аст, дар ин самт дар бештар маврид камбудӣ сари мардуми ом аст, зеро худ ба буҷаи оила ва шароити зиндагӣ зарба мезананд. Вале, масъулонро низ зарур аст, ки сари пешгирии ҳаргуна хурофоту ҷаҳолат тадбирҳои мушаххас андешанд, зеро ҳаргуна падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ рафта-рафта ба анъана табдил меёбад.
Заминаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии хурофот нишон медиҳад, ки хурофот чизи ғайри табиӣ ва аҷиб нест, ин падидаи зишт ба шеваҳои бунёдии тафаккур ва эҳсосот ва умуман бо вокуниши инсонҳо алоқамандии зич дорад. Бархе аз хурофот шояд як бахше аз низоми васеътари афкор ва эътиқодро ташкил диҳанд, аммо ҳоло онҳо унсурҳои ҷудогона ва фардӣ ҳастанд, ки тавассути анъана ба мо расидаанд ва то ҳол худро нигоҳ медоранд. Ҷои таассуф маҳз ба анъана табдилшавии хурофот аст. Дар воқеъ, қисмати зиёди хурофот, ба хусус ҳоҷибинону ҳоҷиталбон ҷанбаи фардӣ надоранд, балки аз тариқи иҷмоӣ ва ба унвони мероси иҷтимоӣ ба марудм мерасанд. Аз ин рӯ, мо бояд тамоми неруи зеҳнӣ ва имконияти мавҷударо баҳри бартараф кардани ингуна меросҳои иҷтимоӣ, ки ба зарари мардум аст, равона кунем.
Пешгирӣ аз хурофот ва манъи зиёдаравию исрофкорӣ новобаста аз шадидан манъ шудан дар таълимоти шаръӣ, дар баёнияҳои башарӣ низ маҳкум карда шудааст. Қавли Ибни Синост, ки: “Барзиёд, бемавриду мақом сарфу исроф кардани мол аломати нодонию ҷаҳолати шахс аст”. Мутафаккири фаронсавӣ Ж. Ж. Руссо таъкид медорад, ки: “Дар давлати демократӣ ва дунявӣ зарур аст, ки карру фарри зиёдатӣ ва исрофкорӣ хеле ва хеле кам, ё умуман вуҷуд надошта бошад, зеро карру фари зиёдатӣ ва хароҷоти беҳуда ё бо сабаби дороӣ ва ё аз рўи зарурат пайдошуда, дар як вақт ҳам доро ва ҳам камбағалро, якеро бо дороӣ дигареро бо нафсу ҳасудаш фосиқ, бадахлоқ ва вайрон мекунад: ин ҳолат ватанро гирифтори нозу неъмат, овораи шуҳратпарастӣ сохта, аз ватан ҳама шаҳрвандон-тобеонро кашида мегирад, то ин ки якеро ғуломи дигаре ва ҳамаро дар маҷмуъ ғуломи ақидаи нодуруст созад”.
Ҳарчанд, манъи падидаи зиште чун хурофот дар Қуръону ҳадис ва таълимоти башарӣ қатъан манъ гардидааст, вале бояд дар назар дошт, ки хурофот ба пуррагӣ ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад, аммо огоҳӣ кардан тавассути мафкураи солим ва пешгирӣ кардан тавассути қонунгузорӣ ҳассосият, ғуломи ақидаи нодуруст будан ва рафторҳои хурофотиро коҳиш дода, дар пешгирӣ аз ба анъана табдилёбии он нақши асосӣ мебозад.
Одинаева Ш. – корманди Маркази исломшиносӣ