Баъди аз байн рафтани Идттиҳоди Шуравӣ бо идеологияе, ки муносибати шаҳрвандонро бо дин маҳдуд мекард, чун дигар ҷамоҳири мусулмоннишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зарурат ба ташаккули низоми нави давлатдорие пеш омад, ки муносибати эътиқодиро дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ва бовариву эътиқоди холисона, на муғризонаи динӣ ҳал намояд ва дар як вақт барои тақвият додани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, озодии виҷдон ҳамчун асос баромад кунад.
Ин давра аз марҳилаи нави миллатсозӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт, ки асосан бо аз нав баҳодиҳии гузашта, эҳё ва барқарор намудани арзишҳои анъанавӣ ва суннатҳои динӣ ҳам алоқамандӣ дошт. Маълум аст ки дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихсозӣ, давлатҳои дорои тамаддуни куҳанбунёд ва соҳиби фарҳангу забон ва арзишҳои таърихӣ дар худшиносӣ бо ду унсури тақдирсоз – ҳувияти миллӣ ва ҳувияти динӣ рӯ ба рӯ гаштанд.
Вале таҷрибаи талхи ҳама гуна давлатдориҳо, ки хостанд бо истифода аз эътиқоди кӯркӯронаи динӣ ҳувиятсозӣ ва давлатсозӣ кунанд, ба нокомӣ дучор гаштанд. Тоҷикистони нав соҳибистиқлолгашта ҳам чунин нокомиро хеле талх аз сар гузаронид.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳеҷ давру замон дин барои миллатҳои тамаддуниву соҳиби таърихи қадима омили ҳувиятсозӣ, давлатсозӣ ва иттиҳоду иттифоқ буда наметавонад. Давлатҳои Аврупо ҳанӯз дар асрҳои миёна инро хуб дарк намуданд ва даврони Эҳё, Нав ва Реформатсияро дар давлатсозӣ ва миллатсозии худ поя гузоштанд. Ҳамин буд, ки муттафакирони ин даврон ғояи “дини шаҳрвандӣ”- ро пешниҳод ва мавриди таҳлили илмӣ қарор доданд.
Алъон, ки дар олами ҷаҳонишавӣ қарор дорем, хатари зери фишори модию маънавии давлатҳои абарқудрат ҳамчун миллат ва давлат аз байн рафтанамон хеле бузург аст. Пас, ҳар як тоҷики мусулмон бояд аз худ пурсад, ки оё ҳуввияти диниамон ё ҳуввияти миллиамон наҷотбахши мо шуда метавонад?
Маълум аст, ки миллати тоҷик бо давлати соҳибистиқлоли ҷавони худ агар ҳувияти миллии худро аз даст диҳад ё ҳувияти диниашро афзалият бахшад, он ба ҳеҷ ваҷҳ дигар ҳамчун миллати соҳибдавлат арзи вуҷуд карда наметавонад.
Барои давлати мо, ки зиёда аз 90 фоизи онро мусулмонон ташкил медиҳанд, дар ҷаҳони пурталотуми муосир мавқеъ ва ҷойгузинии ҳар ду арзиши бузрг -– ҳувияти миллӣ ва ҳувияти диниро баробар дар қиболи сиёсати хирадмандони Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳастиву амнияти миллӣ ва давлатӣ оқилона истифода бурданамон зарур аст.
Албатта, барои баъзе одамон дин асоси ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва маънои ҳаёташон аст. Барои дигарон, миллати онҳо (забон, фарҳанг, таърих, анъанаҳо ва ғайра) дар иҷтимоишавии шахсияташон нақши муҳимтар мебозад. Вале, агар сухан сари ҳастии миллат равад, бешак афзалият бояд ба ҳуввияти миллӣ дода шавад.
Шахс метавонад худро асосан мусалмон, масеҳӣ, буддоӣ ва ғайра ҳисоб кунад, лекин оё амнияту вуҷуд доштани ӯ ҳамчун шахс, аниқтараш шаҳрванди комилҳуқуқ дар ин ҳолат кофолат дода мешавад? Албатта не!
Яъне дар ҳолате, ки метавонад мутааллиқи миллати тоҷик, қазоқ, рус, тотор, ва ғайра, ки соҳиби давлати эътирофшуда ё ҳатто эътирофнашуда (масалан Фластин ё миллати курдҳо) бошанд, тавассути ҳувияти миллиашон арзи ҳастӣ намоянд ва фақат давлат инро кафолат дода метавонад.
Албатта, баъзан ин ҳувиятҳо бо ҳам ҳамоҳанг ва баъзан бо ҳам мухолифанд. Рисолати таърихии тоҷикон ҳамчун миллат маҳз дар ҳамин ифода меёбад, ки ҷойгоҳи ҳар дуи ин арзишҳоро фаҳмад ва ба он ҳамчун ду пояи устувор, баҳри ҳифзи миллат арҷ гузорад.
Чунки давлатҳои муосир аксар вақт ба ҳувияти миллӣ ё шаҳрвандӣ такя мекунанд. Дин масъалаи шахсии шаҳрванд аст, дар ҳоле ки миллат (ё шаҳрвандӣ) асоси ваҳдати иҷтимоӣ аст.
Дар чунин вазъияти ҳассос чунин хулосагирӣ намудан ғайриимкон аст, ки “миллат аз дин муҳимтар аст” ё баръакс. Пас ин аз арзишҳои шахс ва заминаи ҷомеа вобаста аст. Вале, мансубияти миллати куҳанбунёди тоҷик ба як халқ, фарҳанг, арзишҳои анъанавӣ, шахсиятҳои таърихӣ ва забон моро водор месозад, ки ба ҳувияти миллиамон афзалият дода бошем.
Дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон дини ислом решаҳои амиқи таърихӣ дорад, вале ҳувиятҳои миллӣ фаъолона рушд мекунанд, чунки решаи он хеле қадимтар буда, ин халқҳо асолати миллии худро аз даст доданӣ нестанд, то ки ҳамчун давлат аз байн нараванд.
Дини ислом як ҷузъи манбаи ҳувияти миллиашон буда, дар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии мардум нақши бузурге дорад. Он дар минтақа дар асрҳои 8 ва 9-и милодӣ қабул шудааст ва аз он вақт инҷониб ҷузъи муҳими ҳувияти мардуми ин сарзаминҳо ва боз даҳҳо давлатҳои дигар гардидааст. Ислом на танҳо дин, балки ҷузъи муҳими анъанаҳои фарҳангӣ ва таърихӣ низ мебошад.
Ба ғайр аз ин, бисёре аз ҷанбаҳои зиндагии мардуми Осиёи Марказӣ бо дин алоқаманданд: аз ҷумла- анъанаҳо ва расму оинҳо, идҳо, маросимҳои мусалмонӣ ё ахлоқ ва ҳукми шариат дар муносибат ба оила, кор ва муносибатҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин бисёре аз матнҳои қадимӣ бо забони арабӣ навишта шудаанд ва истилоҳоти динӣ дар суханронии ҳаррӯза мавриди истифодаанд ва ғайра.
Пас, кушишҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳимоят намудан аз дини ислому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллии тоҷикон ва такмил додани ин арзишҳо дар ҳувиятсозии миллӣ бояд як ҳидояти пешвоёна барои ҳар фарди миллат бошад.
Хулоса, дар Тоҷикистон дин ва миллат ду сутуни асосии ҳувияти миллӣ мебошанд. Миллат реша дар таърих ва забон дорад, дин бошад, ба он маънавият ва ҳамбастагӣ мебахшад. Ҳамзистии ин ду арзиш — заминаи сулҳу ваҳдат ва суботи иҷтимоии кишвар аст.
Садори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири
Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳромбеков Д.А.