Омӯхтану донистани таърихи худ вазифаи ҳар як фарди бедордилу солимфикри ҷомеа аст, зеро бе донистани таърих миллати худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст.
Таҳаввулоту бархурдҳои сиёсию фарҳангии љаҳони имрўза нишон медиҳад, ки ҳаргуна таблиғотҳои қавмию мазҳабӣ боиси ноором гаштани халқияту миллатҳо гаштаистодааст. Дар чунин шароит ва вазъият миллати тољик то ба имрўз тавонистааст фарҳангу тамаддуни худро пос дорад ва арзишњои миллию диниро муқаддас шуморад.
Новобаста аз вазъияти шадиди ҷаҳони имрӯз ва пиёда гаштани ҳаргуна ҳадафҳои муғризонаи абадқудратон, миллати тоҷик бо сарварии Пешвои сулҳофари худ зери парчами иттиҳоду сарҷамъӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро то ба арсаи ҷаҳонӣ расонидаанд, ки мояи ифтихори ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаи тоҷик аст.
Агар саҳифаҳои таърихи миллатро варақ гардонем, албатта возеҳу равшан мегардад, ки тоҷикон аз аввалин давраҳои пайдоиши худ ҳамчун халқ ё қавм ё миллат зери парчами ваҳдату якдилӣ дар эъмори ҷомеаи мутамаддини башар нақши бориз гузоштаанд. Имрӯз, бо хушнудӣ метавон гуфт, ки тоҷикон аз саҳмдорони ҷомеаи башарианд, зеро Куруши Кабир дар таърих аз меъморони барҷастаи оламу одам ёд мешавад. Империяи абадқудрати Сосониён низ шоҳкориҳое дар бунёду созандагии ҷомеаи башарӣ аз худ ба ёдгор мондааст.
Дар дарозои таърих, халқи тоҷик новобаста аз вазъу имконоти дошта ҳамеша Худои ягонаро парастиш мекарданд. Дар ҳамагуна шароит танҳо ба яктопарастӣ рӯй овардаанд. Ин аст, ки баъд аз интишори дини ислом дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр даъват ба парастиши Худои ягона барои халқи тоҷик мушкилие надошт, зеро тоҷикон худ яктопараст буданд ва ҳатто бисёре аз анъаноти неки ниёгони худро бо арзишҳои исломӣ омезиш доданд.
Новобаста аз қабул ва пайравӣ кардан ба дини ислом тоҷикон ҳамчун қавм ё миллат боқӣ монданду то абад боқӣ хоҳанд монд. Ана ҳамин хусусияту вижагӣ, яъне «тоҷик будан» имрӯз мояи ифтихору сарфарозии ҳар яки мо гаштааст.
Маҳз, ана ҳамин далели радношуданӣ ҳаст, ки Пешвои хираддӯсту сулҳофари мо аз тоҷик будани худ ифтихор дорад, зеро на ҳамчун миллати араб пайрави дини ислом мекунанд, балки тоҷиканду пайравӣ ба дини яктопарастии ислом доранд. Агар ба густариши дини ислом ва нақши ин дин дар пешрафти тамаддуни башарӣ назар кунем, бе шак, равшан мегардад, ки аз пешсафону созандагони ин дин тоҷиктаборанд.
Аз хизматҳои мондагори Салмони Форс, Имоми Аъзам ва Имом Бухорӣ ёдрас кардан кофист. Зеро, парчамбардорони дини ислом дар ҷаҳон маҳз ана ҳамин тоҷикон будаанд. Ин шахсиятҳои бузурги таърихӣ ҳеҷ гоҳ аз миллияти худ канор нарафтаанд, танҳо ба дини ислом рӯй овардаанду онро то ба қуллаҳои баланди шукуфоӣ расонидаанд. Ҷои ифтихор аст, ки то дунё боқист ин бузургони мо ҳамчун густаришдиҳандаи дини ислом бо номи миллати тоҷик ёд мешаванд.
Ва агар, дар шароити сиёсии ҷаҳони имрӯза, ки бисёр муташаниҷ аст, ба шоҳкориҳо, созандагиҳо, хирадсолориҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар афканем, албатта, бе ҳеҷ гуна муҳобот метавон гуфт, ки дар таърихи давлатдории ҷаҳон шояд чунин шахс вуҷуд надошта бошад, зеро бо эҳёи арзишҳои миллат, бо гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ, бо зиндакуниҳои чеҳраҳои мондагор тавонист исбот кунад, ки мағз андар мағзи устухонаш эҳтирому қадршиносист, ки ин вижагӣ ҳам аз умқи таълимоти динисту ҳам аз устухонбандии як инсони комил.
Яке аз чунин шоҳкориҳое, ки дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин боқӣ хоҳад монд, ин соли 2009 эълон гаштани соли бузургдошти Имоми Аъзам аст. Маҳз, дар ҳошияи ҷашнвораи ин шахсияти бузурги таърихӣ чопи китобњои мазњабию аќидагии ниёгонамон рӯи кор баромад ва ҳам мардуми мусулмони кишвар ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мазњаби тањаммулпазири њанафї шиносоӣ пайдо намуданд.
Аллакай, дар даҳаи дуюми истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат эҳё ва шинохти чеҳраҳои мондагор ва нашри осори пур аз ѓояњои инсондўстона ва ахлоқонаи онҳоро рӯи кор гирифтанд ва дар ин иқдоми наҷибонаи худ муваффақ ҳам шуданд. Аз чунин иқдомот чопи Ќуръони карим бо забони тољикї бо беш аз 300 њазор нусха ва тақсими ройгони он ба ҳар хонадон, чопи асарњои зиёди Имоми Аъзам, Имом Бухорї, Абўњакими Самарќандї, Бурњониддини Марѓилонї, Муњаммади Ѓаззолї, Носири Хусрав, Мавлоно Љалолиддини Балхї, Мир Сайид Алии Њамадонї ва дигар мутафаккирони тољик мебошад.
Чоп ва ба ҳар хонадони тоҷик тақсим кардани китоби «Тоҷикон» -и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат маҳсуб мегардад. Ин тадбирҳо ба хотири ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва сатҳи маърифати илмии мардум аст, то ки насли ҷавон ба моҳияту маънои таъриху дину мазҳаб дуруст сарфаҳм раванд.
Албатта, ин амалҳои неку созгори Пешвои миллат аз тоҷики мусулмон будан дарак медиҳад.
Вализода Одинашоҳ,
сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва
диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии
«Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»