Пешрафти улуми дақиқ ва дастрасӣ ба технологияи муосир муносибат, пайванди итиилоотии ҷомеаи гуногунвазъро имконпазир гардонида, барои рушди иқтисодӣ – иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ шаклҳои нави муносибатҳоро тарҳрезӣ намуда истодааст, ки шояд на ҳамаи он ба манфиати ҷомеа ё давлат бошад. Хусусан дастрасӣ ба воситаҳои иттилоотӣ дар замони ҳозирро метавон яке аз дастовардҳои беҳтарини инсоният дар тўли таърих шумурд. Воқеан ҳам чунин аст. Вале истифодаи васоити иттилоотӣ хусусан воситаи шабакаи иҷтимоии «Интернет» вобаста ба манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ, динию- идеологӣ шаклу усулҳои хосро касб карда, дар баъзе мавридҳо чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ин шабакаҳои иҷтимоӣ маҳз барои ҳамин тарғиботи ғояҳои муноқишаву ҷангҳо сохта шудаанд. Вале дар асл вазифаи ҳама гуна дастоварди илмӣ, пеш аз ҳама, беҳдошти ҳаёти инсоният, роҳнамоӣ барои зиндагии шоиста, тавони истеҳсоли сунъӣ ва истифодаи дурусти он, ҳифзи саломатии инсон ва бунёди ҷомеаи инсонпарварона мебошад. Айни замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи тамоми улуму ахбороти дунё маълумот пайдо кардан мумкин аст. Мақсад аз баёни андеша дар нишон додани шаклу усули тарғиби андешаҳои тундагароёна ва салафигароӣ мебошад.
Аз таҳлилу таҳқиқи маводи шабакаҳо бармеояд, ки 70% маводи дорои мазмуну моҳияти динидошта, ки дар шабакаҳо ва сомоноҳо давр мезананд, бевосита ба таълимоти ҷараёнҳои сиёсӣ-идеологӣ ва ҷунбишҳои бунёдгароёни динӣ – салафигароӣ мансубанд. Хусусан маводи дорои мазмуни салафигароӣ хеле зиёд аст. Чаро?
Идеологияи салафӣ бар пояи изҳороте асос ёфтааст, ки ҳадафи наҷот додани исломро дорад. Чаро? Аз диди инҳо ҷаҳони ислом бо кулли мусулмонон аз роҳи рости дин дур шуданаанд ва ба бўҳрон афтодаанд. Роҳи ягонаи наҷоти ҷомеаи мусулмонӣ ин “ба шакли эътиқод, тафаккур ва бунёди низоми давраи ибтидоии ислом баргаштан, то барқарор кардани шукӯҳ ва шаҳомати уммат имконпазир гардад”. Аз ин дидгоҳ лоиҳаи салафӣ бо таъкид ба барқарор кардани гузаштаи уммат ҷолиб аст. Қобили зикр аст, ки рӯҳияи инқилобӣ ва самти бунёдгароии он яке аз муҳимтарин фарқиятҳо байни низоми динӣ ва дигар намудҳои низоми сиёсӣ, монархия, режимҳои консервативии авторитарӣ мебошад. Ба гуфтаи муҳаққиқи рус А. Малашенко, “Салафияи имрӯза вазифаи ҷубронкунандаи возеҳ муайяншуда дорад: даъвати он барои бозгашт ба “асри тиллоӣ” эътирофи нокомиҳои рушди ҷаҳони мусулмонон ва ҷустуҷӯи роҳнамоиҳои нав (аммо “кӯҳна”) мебошад. Аммо дар паси андешаҳои наҷоти уммат ва ислом ҳадафҳои сиёсии қудратҳо нуҳуфтаанд, ки мо таҷрибаи амалии ин идеологияро дар Қафқоз дидем”.
Аксарияти мубаллиғони салафигароӣ даъво бар он доранд, ки онҳо “исломи ноб” доранд ва мехоҳанд онро паҳн кунанд. Агар аз назари мафҳумҳои қуръонӣ ҳам нигоҳ кунем, мафҳум бо номи “исломи ноб” ҳамчун мафҳуми муаррификунандаи покӣ ва ҳақиқати ислом вуҷуд надорад. Савол, ба миён меояд, пас чаро чунин мафҳум ба таври сунъӣ сохташудааст? Ин мафҳум барои он сохта шудааст, ки ҷойгузини мафҳумҳои дигари аслии дин гардад. Барои ҳамагон маълум аст, ки мафҳумҳои қуръонӣ, ба мисли парҳезгорӣ, тақво, ҳақиқат, имон, рост гуфтан, ки дар Қуръон 9- 109; 5-2 -8; 4-1; 49-13; 9-119 сареҳан такрор ба такрор таъкид шудаанд, дурустанд, вале то чӣ андоза дуруст шарҳу тафсир мешаванд ва истифодаи онҳо дар миёни уммат дар кадом сатҳ қарор дорад, инро танҳо мубаллиғони салафигаро муайян карда метавонанд. Баҳс дар бораи он аст, ки мардум намоз мехонанд, вале дуруст будани намоз ва ё гирифтани аҷру савоби онро инҳо муайян мекунанд. Чун дар таълимоти ақидаи ҳамаи ҷараёнҳои сиёсӣ-динӣ ба мафҳумҳои қуръонӣ, ки принсипи муносибатҳоро дар миёни инсоният, миёни пайравони ин дин ва миёни имондорон ва Худо танзим мекунанд, аслан диққат дода намешавад ва таълимоти салафия низ аз ҳамин гурўҳҳо мебошад. Чаро? Агар меъёрҳои диниро асос қарор диҳанд, “ҳақиқати исломи ноб” ботил мешавад ва рафъи мушкилоти уммати исломӣ на ба ғояи “бозгашт ба давраи гузашта ва тақлид”, балки такя бар таъкиди Қуръон ба ду мафҳуми меҳварии он “ақл” ва “илм” асос қарор мегиранд. Зеро дар Қуръони Карим танҳо калимаҳое, ки ба ақл алоқаманданд, 49 маротиба таъкид шуда бошанд, инчунин бо калимаҳои “андеша” 18 маротиба, “тадбир” 4 маротиба ва калимаи “улул-ал-боб” 16 маротиба такрор шудааст. Худованди Мутаол борҳо ба соҳибони ҳикмат хитоб кардааст, ки ин ишораҳо нишон медиҳанд, ки ақл дар Қуръон мақоми баланд дорад. «Ақл қудратест, ки бо он некӣ ва адолати моддӣ ва маънавӣ шинохта мешавад ва ақл пурқувваттарин воситаи ба даст овардани хушбахтӣ ва расидан ба камол аст, ба тавре ки бидуни он ҳеҷ зоҳидӣ нахоҳад дошт». Паёмбари гиромӣ (с) фармуданд: «Худои Мутаол чизеро беҳтар аз ҳикмат дар байни бандагонаш тақсим накардааст”. Намунаи таъкиди Қуръон барои мақом ва мартабаи ақл дар сураҳои 2-242 «Худо оятҳои Худро барои шумо чунин баён мекунад, то шумо тафаккур кунед»; 3-190 «Дар офариниши осмонҳо ва замин ва иваз шудани шабу рӯз, барои соҳибони хирад нишонаҳо вуҷуд дорад ва ҷуз онҳое, ки хирад доранд, касе панд намегирад». Вожаи «ақл» ва калимаҳои ҳаммаънои он дар Қуръон борҳо ба кор рафтаанд ва Худованди мутаъол дар оятҳои сураи Бақара, Оли Имрон, Анъом, Аъроф, Юнус, Ҳуд, Юсуф, Анбиё, Мӯъмин, Нур, Шуъаро, Қасас, Анкабут, Моида, Анфол, Раъд, Наҳл, Ҳаҷ, Фурқон, Рум, Зумар, Ҷосия, Ҳуҷурот , Ҳашр ва ғайра аз онҳо ёд кардааст. Аз нигоҳи Қуръон, ростқавлии ваҳй бо ақли солим дарк карда мешавад. Нишонаҳои камолоти ақл инҳоянд: Паёмбар (с) фармуданд: «Оқилтарини мардум касоне ҳастанд, ки бо мардум сабрпазиртаранд»; (Ғурр-ул-Ҳакам, 199, саҳ. 277).
Дар Қуръони Карим инчунин мафҳуми “илм”, “дониш” ва калимаҳои дигари ҳамаъно ба онҳо тақрибан 775 маротиба истифода шудааст. Аз ин шумора, 161 маротиба сифатҳои “дониш” нисбат ба зоти муқаддаси Худо истифода шудаанд ва боқимондааш ба инсоният ва хусусан ба онҳое, ки имон овардаанд, дахл дорад. Пас аз Қуръон бармеояд, ки пояи бақои инсон ва имон ба ду омили асосӣ “ақл” ва “илм” вобаста будааст. Аммо барои таълимоти ҳаракатҳои бунёдгароӣ ин мафҳумҳои меҳварӣ дуввумдараҷа буда, таъсиси низоми теократӣ ва итоат аз он дар ҷои аввал меистанд. Дар чунин ҳолат, яъне тафовут миёни арзишҳо заминаи муноқишаҳои динӣ хоҳад буд. Зеро аксарияти пайравони дин агар худро мусулмон маҳсуб донанд, аз нигоҳи таълимоти гурўҳҳои сиёсӣ-динӣ мусулмонии онҳо зери суол қарор мегирад. Меъёрҳои мусулмониро инҳо дар тарозуи худсохтаашон муайян мекунанд. Ин таҷрибаи нав набуда, аз рўзи аввали ибтидои ислом вуҷуд дошт.
Дар айни замон пайравони аксарияти ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динии ифротӣ танҳо худро дар майдони дин мусулмон мебинанд ва амалҳои диниро мувофиқи таълимоти худашон анҷом медиҳанд. Сарчашмаи ғоявии онҳо андешаҳои Ибни Таймия мебошанд. Аз нигоҳи Ибни Таймия ва пайравонаш қариб касе аз мусулмон намонд, ки кофир ва мушрик эълон нашуда бошад. Ўдар даврони ҳаёташ ба марказҳои гуногуни динии сарзаминҳои исломӣ нома фиристод, ки дар онҳо Ибни Арабӣ ва дигар намояндагони макотиби илму калом, фалсафаву мантиқ ва дигар орифонро кофир номид. Дар ҳамаи ин амалҳо доираи уламои Димишқ аз Ибни Таймия пуштибонӣ мекарданд. Барои уламои Димишқ дар паси дастгирии ин гурўҳҳо масъалаи манфиати молӣ ва нигоҳ доштани мақому манзалати худ баъди ҳуҷуми муғул буд. Қозии Миср Шамсуддин ибни Адлон Канонӣ, олими мӯътабари шофеъӣ (ваф. 749 ҳиҷрӣ), иддао дошт, ки бо Ибни Таймия рӯбарӯ шавад ва гуфтори Ибни Таймияро дар нисбати олимони мазҳаби шофеъӣ ва уламои дигари динӣ аз нигоҳи дини ислом ботил созад ва ҷавобияеро ҳам навишта буд. Ибни Таймия пас аз шикасти мусулмонон аз дасти муғул дар ҳар як амал ва гуфтори мардуми мусулмон амали тафриқа ва сабаби шикаст медид. Дар Осиёи Марказӣ, Шимоли Африқо ва то Руссия баъди ҷанг теъдоди зиёди муғулхо монданд ва як қисмати онҳо агар аввал мусулмон шуда буданд, теъдоди боқимондаашон дар тўли садсолаҳои баъдӣ мусулмон шуданд ва ин як падидаи муқаррарӣ буд.
Аммо нафрати Ибни Таймия ба масеҳиён ва пайравони дигар динҳо, хусусан нафрати шахсии ӯ аз эрониён ва забони форсӣ хеле зиёд буд. Ӯ иддао дошт, ки “агар касе метавонист ба забонҳои арабӣ ва форсӣ гап занад, вале ба форсӣ гап мезанад, ӯ мунофиқ аст” ва бо иқтибос аз Умар, халифаи дуюми мусалмонон, иддао кард, ки форсӣ гуфтан шахсро беадаб, тарсончак ва паст мегардонад.
Сабаби дигари нафрати ӯ аз эрониён миллатгароии онҳо дар доираи мазҳаби шиа буд, зеро эрониён баъди истилоҳи муғул куллан аз низоми динӣ ҷудо шуда, низоми давлатдории таърихии шоҳаншоҳиро ҷорӣ карданд. Ва масъалаи додани боҷу хироҷ ба халифаҳои араб куллан аз байн бурда шуд. Дар ҳоле, ки Ибни Таймия дар орзуи таъсиси як хилофати исломӣ буд. Бинобар ин, эрониёнро дар баробари масеҳият ва яҳудият меҳисобид. Ӯ тамоми кӯшишро ба харҷ дод, ки азодорӣ дар рӯзи Ошӯро манъ кунад ва пайравонашро пайваста ба таъқиби шиаҳо ташвиқ мекард.
Шахсият ва ғояҳои бунёдгароёнаи ў, ки хусусияти ирқии арабӣ доштанд, дар саркӯб ва берун кардани гурўҳҳои айюбиён аз Сурия, Яман, Ҳиҷоз ва қисматҳои Месопотамия нақши бориз доштанд. Дар баъзе таърихномаҳо омадааст, ки худаш дар ҷанг иштирок мекард, баъзан ҷанговаронро ба ин кор ташвиқ мекард, назди Муҳанна ибни Исо, яке аз сардорони қабилаҳои Сурия, мерафт ва ўро ба ҷанг бо кишварҳои ҳамсоя ташвиқ мекард. Дар таърихи Ислом ҳеҷ гуна намунае барои эълони ҷиҳод бар зидди мусулмонон вуҷуд надошт ва Ибни Таймия чунин як навоварии хатарнокро ба ҷаҳони ислом ворид кард. Ӯ ҳеҷ донишеро, ки аз юнониён ё дигар миллатҳо омадааст, дуруст намедонист ва бо интиқом бар зидди файласуфон, мутафаккирони оқил ва орифони ислом фатво медод.
Дар асрҳои ҳаждаҳум ва нуздаҳум, вақте ки кишварҳои мусулмонӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ, Фаронса ва Бритониё мустамлика шуданд, идеяи тафриқаи миёни мусулмонон яке аз масъалаҳои стратегии сиёсати мустамликадорӣ гардид. Таъсиси ҳаракатҳои ваҳобия, салафия, ки аз ақидаҳои Ибни Таймия сарчашма мегирифтанд, барои татбиқи ҳамин стратегия бисёр муҳим буданд. Бинобар ин, ба эҳё кардани таълимоти низоъангез дар миёни мусулмонон ба манфиати мустамликадорон буд ва дубора қудрат пайдо кардани ин таълимот аз ҳамин омил вобаста буд.
Идеяи бозгашт ба ибтидои ислом, ки асоси меҳвари андешаи салафӣ дар ҷаҳони ислом буд, дар таълимоти се ҷунбиши сиёсӣ-динӣ равшан зоҳир шуд:
– ҷунбиши Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва баъдтар бо номи ваҳҳобият маъруф шуд;
– ҷунбиши салафии нимҷазираи Ҳиндустон, ки намояндаи барҷастаи он Абул-Ало Мавдудӣ буд;
– намояндагони кишвари Миср, Рашид Ризо ва Ҳасан ал-Банно ва Сайид Қутб, ки аввал дар Миср ва баъд заминаро барои паҳншавии салафия дар ҷаҳони ислом дар асрҳои XIX ва XX омода намуданд ва таҷрибаи таъсиси гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои исломиро ба монанди “Бародарони Мусулмон” ба роҳ монданд.
Дар айни замон қудратҳои ҷаҳонӣ ва гурўҳҳои исломгароёни тундрави ифротиро барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ дар самтҳои зерин истифода мебаранд:
– дар мубориза барои сарнагун кардани низоми давлатдории дунявӣ дар кишварҳое, ки аҳолии онҳо асосан мусалмонанд;
– гурўҳҳои ифротиро дар шикастани ягонагии ҳудуди давлат мустақил (Сурия ва Ироқ) истифода мебаранд;
– зери шиори таъмини ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва қавмӣ дар кишварҳое, ки мусулмонон ақалиятанд, бо идеяи таъсиси минбаъдаи давлатҳои мустақили исломӣ:
– барои саркӯб кардани ақаллиятҳои этникӣ-фарҳангӣ дар кишварҳои мусалмонӣ, ки истиқлолият ё мухториятро талаб мекунанд, равона карда шавад.
– мубориза барои безарар кардани таъсири тамаддунҳои дигар (асосан Ғарб) дар хатти тамос бо фарҳанги исломӣ равона карда шудааст.
Дар таълимоти аксарияти ҷараёнҳои динӣ-сиёсӣ, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ паҳн мешаванд, ҷойи марказиро риторикаи таҳдид ба қатл ишғол мекунад.
Бояд изҳор намуд, ки назорати шабакаҳои иҷтимоӣ хеле кори вазнин аст. Зеро қудратҳои ҷаҳонӣ дар баъзе мавридҳо барои интишори чунин мавод дар кишварҳои ҷаҳони сеюм манфиат доранд ва ҳадафҳои худро доранд. Давлатҳое, ки ҳамчун истифода барандагон вориди шабакаҳои иҷтимоӣ мегарданд, бо чандин мушкилот дигар рў ба рў мешаванд.
Аз ин нигоҳ, таҳлил ва зери назорат қарор додани аксарияти маводи интишоршуда дар сомонаҳо ғайриимкон аст. Хусусан контенти диние, ки паҳн карда мешавад, на ҳамаи он ба манфиати мардуми мусулмон паҳн карда мешавад ва теъдоди зиёди он ба таври ошкоро ё пинҳонӣ хусусияти экстремистию террористӣ ё даъват ба пайравӣ аз ин ҷараёнҳоро дорад.
Имрӯз ҷавонон шумораи бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар саросари ҷаҳон ташкил медиҳанд. Аксар вақт барои қонеъ кардани дархостҳои динии худ ба манбаъҳои гуногуни шабакаҳо муроҷиат мекунанд. Ба саволҳои худ аз порталҳои исломӣ аз шахсиятҳои номаълум дар шакли суханрониҳои аудиоӣ ва видеоӣ ба таври ройгон посух меёбанд.Чунин низоми таблиғот теъдоди зиёди мардумро дар барномаҳои гунгун дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъ овардааст. Вале то чӣ андоза ин мавод аз нигоҳи таълимоти дин дуруст аст ин масъалаи дигар ва онро ягон кас мавриди эътибор қарор ҳам намедиҳад.
Котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М.А.