СЕМИНАРИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ

Санаи 17 – уми ноябри соли 2025 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор семинари илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар семинар роҳбарият ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд.
Тоҷиддин Ғуломов – доктори илмҳои таърих, мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Парчам ва моҳияти таърихии он” маърӯзаи илмӣ намуд.
Лозим ба зикр аст, ки вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақшгардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирўманди замона ба ҳисоб мерафт.
Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таърих фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор рафта, ҳамчун ливои озодӣ дар байни аҷдодони тоҷикон маълуму машҳур буд ва то ҳол ин аҳамиятро доро мебошад.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни семинар табодули афкор сурат гирифт.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх