Парчам вобаста ба давру замон хусусиятои хоси он давронро инъикос мекунад ва аз сохти давлатдорӣ, фарҳанг ва хусуиятҳои хоси иҷтимоии он давлат шаҳодат медиҳад.
Дар фарҳанг ва таърихи Пешдодиён ва Каёниён дирафш ё парчам ҷойгоҳи бисёр муқаддас дошт. Он на танҳо аломати шоҳӣ, балки рамзи қудрат, ягонӣ ва ҳимоягари мардум ҳисоб мешуд.
Дар замони Пешдодиён Дирафш рамзи фарри шоҳӣ (хварна) буд ва нишонаи баракати илоҳӣ ба шумор мерафт. Дар давраҳои пешдодӣ ҳанӯз артиш созмони пурра надошт, бинобар ин, дирафш бештар рамзи ҳокимият ва ҷашнҳои динӣ буд. Ҷамшед ҳамчун бунёдгузори бисёр суннатҳои фарҳангӣ шинохта мешавад ва баъзе манобеъ истифодаи парчамро низ ба ӯ нисбат медиҳанд.
Каёниён (бо шоҳигариҳои Кайқубод, Кайковус, Кайхусрав ва дигарон) дар ривоятҳои эронӣ бештар бо ҷанг ва давлатдории муназзам алоқаманданд. Аз ин сабаб, дар бораи парчам дар давраи онҳо маълумот равшантар аст.
Шоҳони каёнӣ дар ҷангҳо парчамҳои хос доштанд, ки ҳамчун рамзи фарри шоҳӣ ва нерӯи пирӯзӣ истифода мешуданд.
Дирафши Ковиён аз ривояти Коваи оҳангар бармеояд. Ӯ пешбанди чармии кории худро ҳамчун нишони исёни миллӣ бар зидди Заҳҳок боло карда буд. Кайхусрав ё Фаридун онро бо зару ҷавоҳир зинат доданд. Ин дирафш то дер рамзи давлатдории эрониҳо буд.
Дар сарчашмаҳои бостонӣ ва ривоятҳои таърихӣ зикр мегардад, ки Дирафши ковиёнӣ дорои сохти хос ва рамзияти амиқи фарҳангии ориёист. Он асосан аз матои чармӣ ё бофтаи устувор омода мегардид ва сипас бо зари холис, сим ва нақшу нигори ҳунармандони бомаҳорат оро дода мешуд.
Дар рӯйи дирафш рамзҳои офтоб, ситора, моҳ ва дигар нақшҳои муқаддаси ориёӣ ҷой дода мешуданд, ки ҳар яке дорои маънии рамзӣ, аз ҷумла нур, нерӯ, барори кор ва ҳимояти хонадон ё шоҳаншоҳ маҳсуб меёфт.
Гузашта аз ин, ҳар як подшоҳи ориёӣ ё сулола нишони хоси худро дар шакл ва ороиши дирафш дошт, то ки муҳофизони вазоратӣ ва сипоҳиёни мулк онро аз дигар дирафшҳо фарқ кунанд. Ба ин тарз, дирафш на танҳо як аломати ҷангӣ, балки рамзи соҳибихтиёрӣ, шукӯҳ ва ҳувияти давлатдорӣ ба шумор мерафт.
Дирафш рамзи давлатдории ориёӣ буд. Он нишони ваҳдат, илоҳият, фарри шоҳӣ ва ҳимояи мардум буд. Дар ҷангҳо, корвонҳои расмӣ, ҷашнҳои давлатӣ, маросимҳои шоҳӣ мавриди истифода ќарор мегирифт.
Дирафш дар давраи Пешдодиён бештар ҷанбаи динӣ ва шоҳӣ дошт ва ҳанӯз ба парчами низомӣ табдил наёфта буд. Аммо дар давраи Каёниён, махсусан бо пайдоиши Дирафши Ковиён, он ба рамзи асосии давлатдории ориёӣ, истиқлол ва қудрати ҳарбӣ табдил ёфт.
Мавқеи дирафш дар давлати Ҳахоманишиён ва Сосониён хеле баланд буда, на танҳо ҳамчун рамзи низомӣ, балки ҳамчун аломати ҳувият, қудрат ва ваҳдати давлат хизмат мекард. Ҳахоманишиён яке аз аввалин давлатҳое буданд, ки ба дирафш аҳаммияти сиёсиву идеологӣ медоданд. Дирафш бештар ҳамчун нишони шоҳӣ истифода мешуд, ки ҳокимияти барҳақ ва илоҳии подшоҳро нишон медод.
Дар лашкарҳои Ҳахоманишӣ дирафш яке аз муҳимтарин унсурҳо буд. Ҳар қавм ва гурӯҳи низомӣ парчами худро дошт. Парчами ягонаи шоҳӣ ҳангоми ҷанг рамзи муттаҳидкунандаи сарбозон буд ва дар даст доштани он маънои зинда будани қувваи шоҳиро дошт.
Дар давраи Сосониён дирафш ба сатҳи рамзи миллию давлатӣ баланд шуд. Дирафши Ковиён машҳуртарин парчами миллӣ буд ва ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ истифода мешуд ва дар ҳамгирои миллӣ ҷойгоҳи идеологӣ дошт.
Агар, ба ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар давлатдории имрӯзаи Тоҷикистон назар кунем, албатта, он ба яке аз муҳимтарин нишонаҳои муқаддаси миллат ва давлатдорӣ табдил шудааст. Он асоси ҳувияти миллӣ, рамзи соҳибдавлатӣ ва ифодаи ягонагии халқро таҷассум мекунад.
Дар давлатдории муосири Тоҷикистон Парчам мақоми конститутсионӣ дошта, ҳамчун рамзи истиқлолият ва давомияти таърихии давлатдорӣ хизмат мекунад.
Наботов М.А.
– сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ