Таҳти ин унвон санаи 20.11.2025 муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа Абдухалилзода К.А. дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо донишҷӯёни курси якуми факултаи тиббӣ вохӯрӣ гузаронида, суҳбат орост.
Зимни суҳбат Абдухалилзода К. дар бораи моҳияти ифротгароии динӣ, шаклҳои зуҳури он дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик, сабабҳои ҷалбшавии иддае аз ҷавонон ба ҳаракату равияҳои гуногуни ифротӣ ва оқибатҳои манфури он ҳам барои ҷомеа ва ҳам барои шахси ифротгарою аҳли оилаи он маълумоти васеъ ва дақиқ пешниҳод намуд.
Донишҷӯён суханронии Абдухалилзода К.А. – ро бо мароқи том шунида, бо андешаҳои созанда қаноатмандии худро аз муҳтавои суханронӣ изҳор доштанд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ