27-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, АДАБИЁТШИНОСӢ, РАВОБИТИ АДАБӢ ВА ТАРҶУМА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР» баргузор гардид.
Дар кори конференсия муҳаққиқону донишмандон ва мутахассисони соҳа аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмию таҳқиқотии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни баргузории конференсия Шарифамо Одинаева – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Забони тоҷикӣ – забони сулҳу арзишҳои волои инсонӣ” суханронӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ