Санаи 27-уми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров дар асоси нақшаи муштараки Прокуратураи генералӣ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун, сархатибони масҷиди ҷомеъи шаҳри Хуҷанд, семинари илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Таҷрибаи муқовимат бо экстремизм:заминаҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодӣ” бо раисони маҳалла, масъули кор бо занон, ҷавонон, нозирони минтақавӣ, сархатибон, омӯзгорону донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Семинарро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Набизода Ҷамшед ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки барои ҳар як сокини шаҳри Хуҷанд барои мубориза бурдан бо амалҳои номатлуб аз ҷумла бо ифротгароӣ ва терроризм, ки таҳдиди воқеӣ ба осоиштагӣ ва бехатарии миллӣ аст ҳарруза саҳми худро мегузоранд ва дар якҷоягӣ барои решакан намудани ин амалҳои номатлуб чораҳои зарурӣ меандешанд.
Дар идомаи семинар директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим зимни суханронии худ моҳияти шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ, андешаронӣ намуданд.
Мавсуф иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад. Ин падидаҳо боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли онҳо ба арзишҳои бегона гаштааст. Аз сабаби он, ки ифротгароӣ ва терроризм барои амнияти миллии ҳар як кишвар таҳдиди воқеӣ ба ҳисоб меравад, зарурати назорат ва пешгирии паҳншавии рӯҳияи ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ, балки вазифаи тамоми ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоию фарҳангӣ (маориф, муассисаҳои хусусӣ, санъат, варзиш, сиёсати ҷавонон ва ғ.), тамоми аҳли ҷамъият ва ҳар як шаҳрванд аст.
Дар идома ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Назарзода Парвиз иброз намуд, ки ҷомеаи муосир равандҳои геополитикӣ ва бо шиддат тағйир ёфтани авзои ҷаҳон, ба амал омадани даргириҳо ва таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои террористиву радикалӣ ҳар яки моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро ҳифз намоем ва баҳри дифои марзу буми Ватани азизамон омодаи хизмат бошем!
Ҳамзамон, муовини Раиси Шулои уламои Тоҷикистон Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода баромад намуда, ба ҳозирин дар мавриди тарзи либоспӯшӣ аз нигоҳи шариат, намуди зоҳирии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз паҳншавии фарҳанги бегона ҳарф зада, иштирокдорони мулоқотро барои таҳкими ваҳдати мазҳабӣ ва таҳаммулпазирии динӣ даъват намуданд.
Дар охир Ҷалолзода Хайёмиддин мудири шуъбаи тарбияи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғаффуров ба иштирокдорон ва барои ташкили чунин чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ