Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар ҳамкорӣ бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва шуъбаи тарбия санаи 29-уми ноябри соли ҷорӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 2-юми факултети тиббӣ-профилактикии Донишгоҳ дарс -лексия баргузор гардид.
Дарс –лексия бо ҷалби коршинос- сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Қодирӣ доир шуд.
Мавзуи асосии дарс ба масъалаҳои ҳуввияти миллӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва динии тоҷикон бахшида шуда, сиёсатшинос А. Қодирӣ дар ҳошияи суханони Пешвои муаззами миллат “Ман аввал тоҷикам, баъдан мусулмон” баромад намуда, роҷеъ ба аҳаммияти худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар рушди ҷомеа ва таҳкими суботу ваҳдат сухан ронданд.
Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ, шинохти решаҳои таърихиву фарҳангӣ ва огоҳӣ аз принсипҳои динии тоҷикон барои ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон дорои аҳаммияти бузург аст.
Яке аз масъалаҳои муҳокимашуда ифтихор аз тоҷикият буд. Ба донишҷӯён фаҳмонида шуд, ки ифтихор аз миллат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ на танҳо як ҳиссиёт, балки омили муҳим дар таҳкими худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Дар анҷом донишҷӯён саволҳои худро пешниҳод намуда, суҳбати судманд ва равшангарона сурат гирифт.
Мулоқот бо хулосаи омӯзанда ва тавсияҳои устод Абдуллоҳ Қодирӣ оид ба нақши ҷавонон дар ҳифзи ҳуввияти миллӣ ва тақвияти ҷаҳонбинии солим ҷамъбаст шуд.
Бознашр:
сомонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино