Ҳамкорони гиромӣ, мардуми шарифи Тоҷикистон!
Бо камоли эҳтирому сарафрозӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ – 2026 самимона табрику муборакбод мегӯям.
Фардо Соли нави мелодӣ 2026 –ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созандагиву ободкорӣ таҳти Сарварии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол мегирем.
Бигзор, Соли нави мелодӣ-2026 барои ҳар як хонаводаи мову шумо соли комёбиҳои дурахшон, соли амалӣ шудани орзуву ормонҳо гардад.
Дар ин лаҳзаҳои
фараҳбахш бо фарорасии Соли нав, яъне соли идомабахши корҳои созандагиву ободкорӣ табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоми шумо тансиҳативу рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу менамоем.
Бигзор, ҳар субҳи бомдод зиндагиатон бо табассум оғоз гардад, ҳар рӯз пирӯзиҳои нав ва ҳар шом бо пайвандону наздикон лаҳзаҳои гармро ба армуғон оварад.
Дар Соли нави мелодӣ ба шумо сиҳатмандӣ, умри дароз, бахту иқболи нек, файзу баракат, барори кору хушиҳои зиндагӣ ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии кишвари азизамон доред, комёбиҳои беназир орзумандем.
Соли нави мелодӣ муборак бошад, ҳамкорони гиромӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон!
Бо камоли эҳтиром,
Холиқзода Абдураҳим, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон