4-уми декабри соли 2025 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар доираи нақшаи якҷояи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони маҳалла, масъулини кор бо ҷавонон, занон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон, сархатибон, омӯзгорону донишҷӯёни фаъол, аъзоёни Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, масъулини як қатор кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ва намояндагони васоити ахбори оммаи ноҳия мулоқот баргузор гардид.
Нахуст раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – Амирзода Маҳмуд Ҳамид, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми сокинон дар ободонии ноҳия изҳори сипос намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Дар идома, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Бурҳониддин дар доираи амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдураҳим Холиқзода суханронии худро зери шиори “Ман ифтихор мекунам, ки ман аввал тоҷикам баъдан мусулмон” оғоз намуда, ҳамзамон масъалаҳои пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, зиёдаравӣ нанамудан ва пешгирӣ аз таассуби динӣ миёни сокинон, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро ва пос доштани арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ дар замони истиқлолият баромад намуданд.
Қайд карданд, ки “Истиқлоли давлатӣ моро назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо орзую омол, мақсаду ҳадафҳо, манфиату талаботи насли дирўзу имрўз ва фардои кишвар ҳамчун миллати сиёсии комили реша ба таърих муаррифӣ кард. Ҳамаи ин нишона ва завлонаи ногузири худшиносии миллӣ ва ватандўстии миллати мост ва мо уҳдадор ҳастем, ки ба он хотираи пуртуғёни миллӣ, ба он ганҷинаи ғановатманди ниёгон арҷ гузорем ва накҳати нусратбахши онро вобаста ба замону макон ҳамчун ғизои маънавии мафкураи миллии худ ҳифз ва таҳким бахшида, ба оянда мероси пурарзиш гузорем”.
Дар идомаи мулоқот, Амирзода Маҳмуд Ҳамид – Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зери таассурот ва бардошт аз суханронии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдураҳим Холиқзода баромад намуда, ҷиҳати ба роҳбарӣ гирифтани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи минбаъдаи амалии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷиҳати назорати ҳаракати ободонӣ ва пешбурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, тақвияти фаъолияти гурӯҳи тарғиботии ноҳия аз ҳисоби фаъолони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷом чанде аз сокинони ноҳия, собиқадорон, ҷавонони фаъол иродаи сиёсии хешро муайян намуда, ба ҳозирин ҷиҳати ташкили чунин мулоқоти сатҳи баланд изҳори сипос намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ