Санаи 3-юми декабри соли 2025 бо ташаббуси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Оилаи солим ва пешгирии зўроварии хонаводагӣ” баргузор гардид.
Дар конференсия кормандони Маркази исломшиносӣ иштирок намуда, муовини директори Марказ Абдураҳмон Ваҳобзода дар мавзуи “Тағйир додани афкори манфии гендерӣ ва рафтори зӯроварона тавассути мафкураи динӣ, ки зӯроварӣ дар оиларо маҳкум мекунанд” баромад намуд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ