Вохӯрии муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобзода Абдураҳмон дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод.

Рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли 2025 бо мақсади амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, инчунин нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод бо иштироки мудирон ва сармутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолони ҷомеа ва ходимони дин мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор карда шуданд.
Дар мулоқотҳо масъалаҳои ифтихор аз тоҷик будан, таҳкими ваҳдати миллӣ, муқовимат бо ифротгароии хушунатомез, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар фарҷоми мулоқотҳо табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх