Санаи 5-уми декабри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки кормандони мақомоти иҷроия, ташкилоту муассисаҳо, бахшҳои ҷавонону занон, омӯзгорону фаъолони ҷомеа, раисону кӯчаю маҳаллаҳо ва ходимони масҷидҳои ҷомеъ ва паҷвақта семинари илмӣ дар мавзуи ” Ифтихор мекунам, ки аввал ман тоҷикам баъд мусулмон” барузор гардид.
Дар семинари илмӣ Абдураҳмон Ваҳобзода – муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шокиров Ҳусейн – мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ ва Абдулазиззода Бурҳониддин-мутахассиси раёсати танзими ҷашну маросими Кумитаи дин ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуҳои мубрами рӯз аз ҷумла, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, давлати дунявӣ, “Таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати эътиқодӣ аз нигоҳи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ”, суистифодаи воситаҳои технологӣ ва рақамии иттилоотӣ дар олами муосир ва таъсири манфии он дар рушди мафкураи динӣ, “Ман ифтихор мекунам, ки аввал ман тоҷикам баъд мусулмон”, Ҳаҷ набудани умра ва ҳоҷӣ нагардидани адокунандаи умра баромад карданд.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни семинар табодули афкор сурат гирифт.