ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

24 ноябри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан, фаъолони шаҳр, масъулини самти робита бо ҷомеа ва танзими ҷашну маросими ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва имомхатибон масҷидҳо вохурӣ баргузор гардид.
Вохӯриро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан оғоз намуда, меҳмононро хайра мақдам намуд.
Дар идома, Мирзозода Азизулло – мутахассиси пешбари шуъбаи пажуҳиши исломи муосир, Одинашоҳ Вализода – сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Худойдодзода Илҳом – мудири шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросим мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд суханронӣ намуда, дар мавзӯъҳои «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон»-и Пешвои миллат, тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ, пешгирии ҳаҷу умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро маълумот доданд.
Таъкид гардид, ки мулоқоти мазкур баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9-уми марти соли 2024 дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баён доштанд, баргузор гардида истодааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз иштирокчиёни чорабинӣ даъват ба амал оварда шуд, ки нисбат ба ҳама гуна амалҳои номатлуб бетараф набошанд ва кӯшиш намоянд, ки дар ҷодаи нигоҳдоштани ахлоқу одоб ва ҳушёру зирак будани сокинон саҳмгузор бошанд.
Бознашр аз сомонаи  МИҲД – и шаҳри Истаравшан

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх