Вохӯрии намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатчигӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ходимони дини ноҳияи Хуросон.

Санаи 6-уми декабри соли 2025 бо мақсади амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, инчунин нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марамбеков Марамбек ва сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Марказ, Наҷотзода Мутеъулло бо аҳли ҷамоатчигӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ходимони дин баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ифтихор аз тоҷик будан, таҳкими ваҳдати миллӣ, муқовимат бо ифротгароии хушунатомез, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни мулоқот табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх