МАЗМУНИ ОЗОДИИ АҚИДА, ВИҶДОН ВА ДИН

Калимаи «мазмун» истилоҳи фалсафӣ буда, дар илм дар кушода додани ягон мавзуъ истифода бурда мешавад. Дар илми ҳуқуқи инсон низ истилоҳи «мазмун» ба маврид истифода бурда мешавад. Он дар ду маврид истифода мешавад. Якум, дар кушода додани мавзуи «мафҳум ва мазмуни ҳуқуқи инсон». Дуюм, дар кушода додани ҳуқуқу озодиҳои мушахасси инсон ва шаҳрванд. Ба монанди, «мазмуни ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсият», «мазмуни ҳуқуқ ба истеҳсолоти судии адолатнок», «мазмуни ҳукуқ ба озодии мусофират ва интихоби маҳалли зист».
Озодии ақида, виҷдон ва дин низ яке аз ҳуқуқу озодиҳои мушахасси инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар кушода додани он низ дар баробари дигар истилоҳҳои илмӣ, ба монанди «мафҳум», истилоҳи «мазмун» истифода мешавад.
Мазмуни озодии ақида, виҷдон ва дин – ин аз кадом ҳуқуқу озодиҳо таркиб ёфтани озодии ақида, виҷдон ва дин мебошад.
Мазмуни озодии ақида, виҷдон ва дин ҷабҳаҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Ҳуқуқи эътиқод овардан ба ҳар дин;
2. Ҳуқуқи ба ҷо овардани расму оинҳои динӣ;
3. Ҳуқуқи иваз кардани дин;
4. Ҳуқуқи паҳн кардани иттилоот дар бораи таълимоти динӣ;
5. Ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти динӣ;
6. Ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти хайру эҳсонкорӣ;
7. Ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти динии фарҳанӣ-маърифатӣ;
8. Озодӣ аз табъиз аз рӯи аломати динӣ [1, с. 205].
Зимнан зарурият ба таъкид аст, ки озодии эътиқоди динӣ аз озодии виҷдон бар меояд ва дуввумин намоиш додани эътиқоди динии худро низ фаро мегирад. «Намоишдиҳӣ» бошад, моҳиятан хеле васеъ буда, инҳоро дар бар мегирад:
1. Ибодат намудан;
2. Иҷрои расму оин ва маросимҳои динӣ;
3. Бунёд намудани ибодатгоҳҳо;
4. Истифодаи таълимот ва ашёҳои маросимӣ;
5. Ба ҷо овардани шартҳои парҳезкунӣ аз хӯрок;
6. Пушидани либос ва кӯлоҳҳҳои фарқкунанда ва истифодаи забони махсус;
7. Интихоб намудани пешвоёни динӣ ва рӯҳониён ва ғ. [1, с. 205].
Адабиёт:
1. Диноршоев А.М., Сафаров Б.А., Сафаров Д.С. Ҳуқуқи инсон (васоити таълимӣ-методӣ). – Душанбе: «Виза-принт», 2010. – 344 с.
Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх